https://sadoimardum.tj

Бинокорон арзандаи эҳтироманд

№:35-36 (5087-5088), 01 апр 2026, 18:04
10

Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёт ба шумор меравад. Бинокор бошад, пешбарандаи ин соҳа аст, ки бе заҳмати ӯ ягон бино, роҳ, мактаб, беморхона ё корхона худ аз худ бунёд намегардад. Ҳаёти бинокор пур аз машаққат, масъулият ва фидокорист. Субҳи барвақт ба ҷойи кор ҳозир мешавад. Новобаста аз гармо, сармо, борон ё шамол, онҳо вазифаи худро софдилона иҷро мекунанд.

Кор дар сохтмон қувваи зиёд, сабр ва малакаи баланд талаб мекунад. Бардоштани масолеҳи вазнин, кор бо таҷҳизоти гуногун ва риояи қоидаҳои бехатарӣ қисми ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаррӯзаи ӯст.

Ҳаёти сохтмончиён на танҳо аз меҳнати ҷисмонӣ, балки аз иҷрои масъулияти бузург иборат аст. Онҳо биноҳое месозанд, ки солҳои зиёд ба мардум хизмат мекунанд. Ҳар як девор, сутун ва ҳатто ҳар як хишт бо арақи ҷабини онҳо қомат меафрозад. Маҳз бо шарофати заҳмати онҳо шаҳрҳо обод, деҳот зебо ва зиндагии мардум осонтар мегардад.

Бо вуҷуди душвориҳо, аксари бинокорон ифтихор аз касби худ мекунанд. Онҳо медонанд, ки саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа назаррас аст. Барои беҳтар шудани шароити зиндагии ин қишри меҳнаткаш зарур аст, ки ба меҳнати онҳо эҳтиром гузошта, шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шавад. Ҳаёти мардуми заҳматкаш дар сохтмон намунаи матонат, сабр ва садоқат ба меҳнат мебошад. Қадршиносӣ ва дастгирии онҳо вазифаи ҳар як узви ҷомеа аст, зеро маҳз бо заҳмати онҳо пояҳои ободии кишвар устувор мегарданд.

Сохтмончиён на танҳо дар ҷомеа, балки дар оила низ сазовори эҳтиром ва қадршиносӣ мебошанд. Онҳо тамоми рӯз дар ҷойи кор бо машаққат фаъолият намуда, барои таъмини рӯзгори хонадон кӯшиш мекунанд. Аз ин рӯ, дастгирӣ ва ғамхории оила барои онҳо аҳамияти бузург дорад. Пас аз як рӯзи душвори меҳнат бинокор ба муҳити гарму ороми хона ниёз дорад. Сухани нек, муносибати хуб ва эҳтироми ҳамсар ва фарзандон метавонад хастагии ӯро рафъ созад. Вақте фарзандон меҳнати падар ё модари худро қадр мекунанд, дар дили онҳо ҳисси ифтихор ва масъулият боз ҳам бештар мегардад.

Қадршиносӣ дар оила маънои онро дорад, ки аъзои хонадон меҳнати ҳалолро меписанданд. Агар фарзандон бинанд, ки падар ё модарашон бо меҳнати софдилона зиндагиро пеш мебаранд, онҳо низ дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия меёбанд. Ин гуна тарбия ба ташаккули насли солиму меҳнатқарин мусоидат мекунад. Инчунин, муҳим аст, ки оила шароити истироҳат ва нигоҳубини саломатии сохтмончиро ба назар гирад, зеро кори вазнини ҷисмонӣ талаб мекунад, ки инсон ғизои дуруст, истироҳати кофӣ ва дастгирии маънавӣ дошта бошад.

Ғамхории оилавӣ ба бинокор неруи тоза мебахшад ва ӯро барои идомаи фаъолияти пурсамар омода созад. Сохтмончиён дар оила бояд эҳтиром, муҳаббат ва дастгирии доимӣ дошта бошанд, зеро маҳз бо меҳнати ҳалоли онҳо зиндагии осудаи оила таъмин мегардад. Қадршиносии онҳо нишонаи фарҳанги баланди оилавӣ ва инсонгароӣ мебошад.

Собирҷон АБДУАЛИМЗОДА,

сармуҳандиси КВД «Таъмиру сохтмонӣ»и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: