https://sadoimardum.tj

Равзанаи худшиносии миллӣ

№:35-36 (5087-5088), 01 апр 2026, 18:06
7

Мусиқӣ ва инсон бо ҳам пайванди азалӣ доранд. Чӣ дар лаҳазоти шодӣ ва чӣ ҳангоми дарду ғам мусиқӣ аст, ки ба инсон унс пайдо мекунад, шодии ӯро афзун мегардонад ва дардашро таскин мебахшад. Мусиқӣ ба руҳ асар мегузорад, онро ба рақс меорад ва масташ мекунад. Ҳамон гуна ки Мавлоно навои пурқудратеро аз даруни худ мешунид, ки руҳашро ба фарёд меовард ва арғушт мерафту даври хеш мечархид. Яъне, мусиқӣ зиндагиро ба ҷунбиш меорад ва ҳаётро рангин месозад. Ироқӣ ин ҳақиқатро хеле ҷолиб ба қалам медиҳад:

Он рӯз, ки ҷони поки одам ба бадан

Гуфтанд даро, намешуд аз тарс ба тан.

Хонданд малоика ба лаҳни Довуд,

Дар тан, дар тан даро, даро дар тантан.

Фурқат Саидзода, овозхони маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, санъаткорест, ки бори рисолати азалии мусиқиро бар дӯш дорад. Мусиқӣ дар тору пуди вуҷуди ӯ ҷо дорад, ӯро аз дарун таҳрик медиҳад, ба вай бедорӣ ва шинохт мебахшад. Ҳамин шинохт ва огаҳӣ ӯро ба домани офариниш меандозад, лаҳзае оромаш намегузорад ва ҳамдами навоҳои дилошӯб мегардонад. Аз ин ҷост, ки ӯ дар миёни овозхонон мумтоз аст.

Фурқат Саидзода оҳанг эҷод мекунад, тарона месозад, месарояд, рисолаҳои мусиқӣ менависад, ба шогирдон дарс медиҳад ва бо роҳу равиши хоси хеш дар ҷодаи санъат пеш меравад.

Шунидани садо ва оҳангҳои дилпазири Фурқат Саидзода ҳамеша хуш аст. Ӯ овозхонест, ки ишқро тараннум мекунад, Ватанро меситояд:

Меҳри Ватанам баробари ҷони ман аст,

Зебо Ватанам ҳамдами ҳар они ман аст.

Ҳаргиз наравам бурун ман аз марзи Ватан,

Зеро ки Ватан гӯшаи имони ман аст.

Барои сайқал ёфтани ҳунари оҳангсозию овозхонии Фурқат Саидзода ва ба ҳадди устодӣ расидани ӯ на танҳо санъаткорони бузург саҳм гузоштаанд, балки ворид гаштани ӯ ба дунёи пурғановат ва ҷовидонии «Шашмақом» низ таъсиргузор аст. Дар пардаҳои «Шашмақом» овозхонӣ кардан кори саҳлу содае нест. Фурқат Саидзода на танҳо Ансамбли давлатии «Шашмақом»и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарварӣ мекунад, балки бо дониши амиқ ба шинохти ин санъати бузурги ниёгонамон расидааст. Ин чиз мақоми ӯро чун овозхон, оҳангсоз ва шашмақомпажуҳ боз ҳам баландтар мебардорад.

Фурқат Саидзода назария ва таърихи мусиқӣ, хоса, «Шашмақом»ро хеле хуб медонад. Китобҳо ва мақолаҳои илмии ӯ гувоҳи гуфтаҳои боло ҳастанд. Ӯ дар мақолаи «Омӯзиш, вазъ ва дурнамои Шашмақом» аз намояндагони барҷастаи аҳли илму адаб, аз қабили Ҳаким Абулҳафси Суғдӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мавлоно Алишоҳи Мирмумтоз, Хоҷа Шаҳобиддини Марворид, Мавлоно Биноӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, Исо Махдум, Абдулқодирхоҷаи Савдо, ёдрас шуда, ононро чун донандагони хуби илми мусиқӣ зикр мекунад ва назарияи онҳоро дар шинохти мусиқии мақом ин гуна хулоса месозад: «Мақомҳо ибтидо дар Мовароуннаҳр, Хуросону Эрон, дар оғоз бо номҳои «Ҳаштмақом», «Даҳмақом», «Дувоздаҳмақом» вуҷуд доштанд ва дар ин замина, баъд аз дигаргуниҳои мазҳабиву ­сиёсӣ, дар Бухоро маркази тамаддуну фарҳанги тоҷикон асари силсилавии бузургҳаҷме бо номи «Шашмақом» арзи ҳастӣ кард».

Ӯ, ки аз ҳавои «Шашмақом» нафас мекашад ва дар он дунёи зебои илҳомбахш зиндагӣ мекунад, дар ҳамин мақола фикри ҷолиберо баён месозад: «Санъати шашмақомсароӣ ҳунари олӣ буда, маъниҳои орифонаро дар худ таҷассум менамояд. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ ба шакли омиёна даромада наметавонад ва ё худ ин шоҳасар ҳамон «Маснавии маънавӣ» ва ҳамон «Шоҳнома» аст, ки барои лаззат бурдан, дарки он ва баҳрабардорӣ аз он олами ботинии хешро аз ҳирсу нафспарастӣ бояд орӣ сохт».

Фурқат Саидзода то имрӯз китобҳоеро бо исмҳои «Мутриби ишқ», «Дастури таълимӣ», «Ворисони «Шашмақом» ва «Сози ватандорӣ» ба нашр расонидааст. Ин китобҳо на танҳо барои донишомӯзони муассисаҳои таълимии соҳаи санъат чун дастури омӯзишӣ хеле муҳим мебошанд, балки барои хонандагон низ ­манфиатбахшанд.

Китоби «Сози ватандорӣ»и муаллиф чун дастури таълимӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои сарояндагии муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбии мусиқӣ тавсия шудааст. Ин китоб оҳангҳои эҷодкардаи Фурқат Саидзодаро ба шеърҳои шоирони классику муосири тоҷик дар бар мегирад. Ҳар як суруд бо нут (адвор) нишон дода шуда, кори онҳоеро, ки ба мусиқӣ рабт дорад, осон мегардонад.

Маҷмуа аз назари муҳтаво хеле ҷолиб аст. Таронаҳо ифодагари ишқи пок, ситоиши зан, тараннуми меҳри Ватан, тавсифи дӯстию рафоқат ва амсоли инҳо мебошад. Ин китоб, албатта, тамоми осори халқкардаи Фурқат Саидзодаро фаро намегирад, аммо эҷодкори асил, оҳангсози барҷаста ва сарояндаи мумтоз будани ӯро нишон медиҳад. Ҳар суруди маҷмуа ба таври хос ба ҷилва меояд: гоҳе нарм, гоҳе бо шӯру шавқ, гоҳи дигар мутантан ва ҷозибанок. Масалан, вақте суруд дар мавзуи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу бум навишта шудааст, оҳанг муҷаззо, мисли парвози уқобон баланд садо медиҳад ва матн ҳам пурҷозибаю мафтункунанда сароида мешавад. Ба ин андеша суруди «Сангари мо», матни Давлати Раҳмониён, мисол шуда метавонад:

Пушти ҳар санги Ватан сангари мост,

Теғаи кӯҳ дами ханҷари мост…

Он чӣ бо мост, ҳамин ному фар аст,

Хоки ин мулк беҳ аз симу зар аст,

Ҷисми мо хоки Ватанро сипар аст,

Ҳадафи мо зафар аст.

Фурқат Саидзода аз равзанаи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ барои халқ кардани оҳангу таронаҳои ҷолиб назар меандозад ва ин шинохтро бо ишқ ва гоҳе таъриху тамаддуни Ватан меомезад ва осори мондагор месозад. Ба ин андеша таронаҳои «Меҳри Ватан» (шеъри Ҳаким Гӯё), «Душанбе» (шеъри Рустам Ваҳҳобзода), «Хоки Саразм» (шеъри Камол Насрулло), «Бақои миллат» (шеъри Рустам Ваҳҳобзода), «Ватан» (шеъри Лоиқ Шералӣ), «Мулки меҳр» (шеъри Муҳтарам Ҳотам), «Халқи наҷиб» (шеъри Низом Қосим) ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд. Ин шаҳодати он аст, ки Фурқат Саидзода дили огоҳу бедор дорад ва дар интихоби матну сохтани оҳанг бо ҷиддият рафтор мекунад. Барои ӯ муҳаббати миллату Ватан муҳим аст. Суруди «Бақои миллат» бар матни Рустам Ваҳҳобзода гувоҳи гуфтаҳои болост:

Чист миллат? Ваҳдати дунёи мост,

Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.

Аз саводаш дидаи мо равшан аст,

Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.

Фурқат Саидзода имрӯз яке аз устодони барҷастаи санъати тоҷик аст. Ӯ бо маҳорати хос оҳанг эҷод мекунад, суруд меофарад. Таронаҳои ишқии вай равону сода ва дилнишин аст. Дар таронаҳои ошиқонааш эҳсоси поки дили ошиқ, дард ва садоқаташ нисбат ба маъшуқ хеле барҷаста, бо оҳангҳое мисли парвози кабӯтарон софу бо чархишҳое дилписанд нишон дода мешаванд. Ба ин сурудҳои «Шӯхчашми нозанин», «Эй, ёраки ҷон», «Ҳаҷри ту», «Номаҳо» ва монанди инҳо мисол шуда метавонанд.

Бо китоби «Сози ватандорӣ» Фурқат Саидзода паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти эҷодкории худро чун сарояндаву оҳангсози барҷаста ба намоиш гузоштааст. Муаллифи ин китоб овозхони мумтоз Фурқат Саидзода бо ҳунар ва истеъдоди фавқулодааш ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ арзанда аст.

ВОРИС,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: