https://sadoimardum.tj

Наврӯз оине, ки динҳоро мафтуну дилҳоро тасхир кард

№:39 (5091), 08 апр 2026, 14:41
4

Ҷашни Наврӯз, ки аз таърихи куҳани мардуми ориёӣ то имрӯз расидааст, таърихи мо тоҷиконро бо имрӯзу оянда пайванд менамояд. Ин ҷашн дар гузашта ва имрӯз ҳам талқини зебопарастӣ, ба оянда некбин будан ва намоди сулҳу ваҳдату ҳамзистии осоишта дар байни миллатҳо аст.
Баррасиҳо ва бозёфти таърихӣ нишон медиҳанд, ки Наврӯз дар тӯли таърих, ба вижа дар замони таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ, ба сифати ҷашни сулҳу ваҳдат ва омили ҳамгироиву ҳампазирӣ байни ақвоми гуногун нақши муҳим бозидааст. Имрӯз низ ин ҷашни бузург бо назардошти ҳамин рисолати инсонсозияш таҷлил ме-шавад. Маҳз ҳамин омил боиси густардатар гардидани доираи таҷлили он гаштааст.
Ба ибораи дигар, хусусиятҳое, ки Наврӯз дорад, ба мисли накукорӣ, хайрхоҳӣ, ба ҳам овардани миллатҳои гуногун, нишоту сурур бахшидан, ба оянда некбин будан, кинаву адоватро аз дилҳо зудудан, ба якдигар дасти дӯстиву рафоқат дароз кардан, дасти барҷомондаву ниёз­мандеро гирифтан, рӯ ба тозакориву ободгарӣ овардан ва амсоли инҳо, дигар ақвомро водор кардааст аз он бо хушнудӣ истиқбол намоянд.
Мусаллам аст, ки дар гузаштаи на чандон дур Ҷашни Наврӯзро оини динӣ хонда, барои таҷлилаш монеа эҷод менамуданд, аммо рӯшанфикрони мо садо баланд карданд, бо далоили раднашаванда собит сохтанд, ки он ба дину мазҳабҳо ҳеҷ рабте надорад. Ҳарчанд нигоҳи ҳукуматдорон то ҷое ба ин ҷашни миллии мо дигар шуд, вале он на ба сурате ҷашн гирифта мешуд, ки имрӯз мебинем. Аз ин лиҳоз, бо итминон метавон гуфт, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои фарҳангпарвари миллатамон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷашни сирф миллии мо – Нав­рӯз дар даврони соҳиб­истиқлолӣ аз нав эҳё гардид, ба сифати ҷашни расмии миллӣ пазируфта шуд ва ҳар сол он ба шукӯҳу ҷалоли хос дар саросари кишвар таҷлил мешавад. Ба хотири тибқи суннати аҷдодӣ таҷлил намудани он дар пойтахти кишвар ва марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтанд.
Роҳбари хирадманду дурбини мо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин иктифо накарданд, балки ба хотири муаррифии бештари тоҷикон ба ҷаҳониён ба ҳайси миллати куҳанбунёду фарҳангӣ роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро даъват намуданд, ки барои мақоми байналмилалӣ гирифтани ин ҷашни бузург саъй намоянд ва чунин ҳам шуд. Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба сифати ҷашни байналмилалӣ қабул гардид ва бо паёмҳои наврӯзии роҳбарони кишварҳои муқтадири ҷаҳон ҳар сол бошукӯҳ ва шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. Хоса, дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Озарбойҷон, Турманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Лубнон, Покистон… Ҳамчун Иди байналмилалӣ эътироф шудани Наврӯз далели он аст, ки Наврӯз ҷашнест марз, ҳудуд, нажод­ро намешиносад.
Таърихнигорон роҷеъ ба омил ва заминаҳои пайдоиши он осори зиёде эҷод намудаанд. Тибқи нигоштаи онҳо, Наврӯз бузургтарин ва мондагортарин ҷашни миллии мардуми ориёи­нажод, ба вижа тоҷикон, мебошад. Яъне, Наврӯз оғози соли нави хуршедӣ аст. Дар бархе кишварҳо тақвими наврӯзӣ вуҷуд дорад ва оғози Наврӯз оғози соли нав мебошад. Муҳимтарин ривоят дар боби пайдоиши Наврӯз он аст, ки Наврӯзро иди эҳёи табиат дониста, яке аз омилҳои пайдоиши онро баробаршавии рӯзу шаб ва оғози баҳор маънидод кардаанд. Абулқосим Фирдавсӣ ва Табарӣ Наврӯзро ба Каюмарс ва Ҷамшед рабт медиҳанд ва ҳардуро поягузорони Наврӯз медонанд. Абурайҳони Берунӣ, ки дар боби пайдоиши Наврӯз пажуҳиш анҷом додааст, Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳад. Ба назари ӯ, замоне, ки Ҷамшед адлу додро истеҳком бахшид, он рӯзро «рӯзи нав» номид ва Наврӯз дар сарзамини ӯ чун ҷашн эътироф шуд.
Дар ривояти дигар ба тахт нишастани Ҷамшедро оғози Наврӯз медонанд ва ҳама ривоят далел бар онанд, ки Наврӯз куҳантарин иди ниёгони мо мебошад.
Сайри таҳаввули таърихии Наврӯз нишон медиҳад, ки он дар тӯли таърих худро бо вуҷуди таҳаввулоти зиёди сиёсиву иҷтимоии замон нигоҳ доштааст. Чи дар замони ҳуҷуми Искандар ва чӣ дар замони забткориҳои араб бо номҳо ва маросимҳои мухталиф ва шаклу шеваи мутобиқшуда ба руҳияи замон таҷлил мешуд.
Дар замони ҳамлаи турку муғул ва манғит низ Наврӯз бо шаклу шеваи хос таҷлил мегардид. Ҳатто дар замони шуравӣ низ, ки Наврӯз расман ҷашн гирифта намешуд, аз ҷониби мардуми деҳоти Тоҷикистон бо номҳои дигар, ба мисли «Дарвешона», «Ҷашни баҳор», «Ҷуфтбуророн», «Сари солу моҳи нав» ва ғайра таҷлил мегардид.
Мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз дар кутуб ва ашъори шоирону нависандагони форсу тоҷик ба шакли возеҳ баён шудааст. Ин ашъор далели собит бар он аст, ки дар тӯли таърих ва замони зимомдории ҳукуматҳои гуногун Наврӯз чун ҷашни баҳору зиндашавии табиат, ҷашни мардумӣ таҷлил мегардидааст. Масалан, Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» доир ба мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз ва сабаби пайдоиши он чунин гуфта:
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯ.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд.

Манучеҳрии Домғонӣ низ дар васфи Наврӯз фармудааст:
Омада Наврӯз дар ин бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод.
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод.

Абулфараҷи Рунӣ таъкид кардааст:
Наврӯз ҷавон кард ба дил пиру ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро.

Ин чанд мисол аз ашъори шоирони гузаштаи мо гувоҳ бар ин аст, ки Наврӯз ҳатто замони ислом низ дар дарбори шоҳону амирон ва байни мардуми авом гиромӣ буд. Сухане аз ҳазрати Алӣ (р) аст, ки дар рӯзи Наврӯз гуфта: «Хушо, ки ҳамарӯза Наврӯз бошад». Ривояти дигаре аз Салмони форсӣ дар «Осорулбоқия» дарҷ аст: «Мо дар аҳди зардуштӣ будан мегуфтем, Худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва фазли ин ду бар айёми дигар монанди бартарии ёқут ва забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар». Яъне, Наврӯз шояд ягона оини қадимии гузаштагони мост, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо саддҳои идеологиву сиёсиро убур намуда, то ба имрӯз чун ҷашни сулҳофарину ваҳдатгустар ҳифз шудааст.
Дар кишварҳои Осиёи Миёна, Қафқоз ва кишварҳои араб Наврӯз ба шакли мутафовит таҷлил мешавад. Оин ва русуме, ки дар байни мардуми ин кишварҳо дар арафаи Наврӯз барпо мешаванд, далел бар як ҷашни пуршукӯҳ будани Наврӯз мебошад. Ҳатто дар Тоҷикистони азизи мо низ дар минтақаҳои гуногун Наврӯз ба шакли хоси ҳамон маҳал таҷлил мешавад.
Оине, ки дар Наврӯз роиҷ аст, мисли оштӣ шудан, либоси нав ба бар карданд, бахшидан, ҳадя додан, ба сайругашт рафтан, атрофи деги суманак ҷамъ шудану рақсу бозӣ кардан, бозгӯи моҳияти он аст.
Дар гузашта низ шоҳон дар арафаи Иди Нав­рӯз муҷримонро мебахшиданд ва як ҳафта ба хотири ин ҷашн суруру шодӣ барпо мекарданд. Ин расмҳои накуи наврӯзӣ имрӯз эҳё шудааст ва мо мебинем, ки мардуми тоҷик бо иттиҳоду якпорчагӣ дар арафаи ин ҷашни баҳорӣ ба суруру шодӣ мепардозанд. Бадин ҷиҳат аст, ки Наврӯз яке аз намоди боризи миллии мо тоҷикон гаштааст.
Мо зимни баёни ин нукот ба ду буъди асосӣ ва мондагори Наврӯз ишора кардем: яке буъди таърихии он, ки ба намоди пайванди гузашта ба имрӯз табдил шуд ва дигар буъди сулҳофарин, ваҳдатофарин ва пайвандгари миллатҳо будани он аст, ки имрӯз дар ҷаҳон бештар аз пештар густариш меёбад.
Охири калом он аст, ки Наврӯз ҷашни байналмилалӣ шуду қабои олумшумул ба худ гирифт. Мебинем, ки доираи таҷлили он дар ҷаҳон сол то сол густарда мегардад, ки ин барои мо тоҷикон мояи ифтихору сарфарозист.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: