https://sadoimardum.tj

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Достони қаҳрамониҳо

№:39 (5091), 08 апр 2026, 14:44
8

Адабиёт оина асту нависандагон оинагар. Мо дар ин оина партави рӯзгоронро мебинем, ки аз чеҳраи одамон бармехезад ва зиндагию корномаи ононро ба мо менамоёнад. Хусусан, ононе, ки ба навиштани очерку қиссаҳои таърихию мустанад машғул ҳастанд ва кору пайкори ҳамзамонони худро ба риштаи тасвир мекашанд, аз худ осоре боқӣ мегузоранд, ки барои зинда нигоҳ доштани ҳофизаи таърихии миллат хидмат мекунад. Нависандаҳои халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мусо аз зумраи ҳамин гуна адибоне ҳастанд, ки бо осори мустанаду гаронарзиши хеш корномаи халқи тоҷикро, хусусан дар замони ба Истиқлол расидани давлати мо, хеле барҷаста ба қалам додаанд. Китоби «Чароғафрӯзон», ки очерку қиссаҳои мустанади онҳоро фаро мегирад, далели гуфтаҳои болост.
Симо, шахсият, корнома, ҷоннисорӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар очерку қиссаҳои китоби «Чароғафрӯзон» чун хати сурх намудор мегардад. Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мусо кӯшидаанд ­симои барҷастаи давронсоз будани Пешвои миллатро ба таври мустанад, бо далелҳои возеҳу равшан баён намоянд. Онҳо нур ва сурури Пешвои муаззами миллатро дар рӯзи якдилона Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон ба мушоҳида мегиранд. Дар очерки «Вопасин умеди растагорӣ» ин нур ва тавони фитрии Сарвари давлат дар суханони он кас дар Сессияи XVI Шурои Олӣ ифода мегардад: «Оташи ҷанги хонумонсӯзи бародаркушро хомӯш мекунам! Муҳоҷирони иҷбории сарсону саргардони Ватанро ба ҷойҳои муқимиашон бармегардонам! То як нафар мондани муҳоҷирин ором намегирам».
Дар очерки «Рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонро дар ҳайрат гузошт» паси фармони булдозери зарди пуриқтидор нишастани Сарвари давлат ва бастани маҷрои рӯди пурталотуми Вахш ба риштаи тас­вир кашида шудааст. Ин корномаи Пешвои миллат, воқеан ҳам, ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард ва шахсияти он касро ба чашми оламиён боз ҳам барҷастатар нишон дод. Ин воқеа 29уми октябри соли 2016 ба амал омад. Он корномаро муаллиф чунин ба қалам овардааст: «Ва «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим», гӯён бо тамкини хоси худ муҳаррики булдозерро ба кор дароварданд. Дар ин лаҳзаи ҳаяҷонбахш эҳсос кардам, ки тамоми ҷаҳон ба Пешвои муаззами мо офарин мехонад. Ва агар гӯям, ки ҳама банди ҳайрат шуданд, муболиға нахоҳад шуд, зеро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон булдозерро чунон моҳирона идора мекарданд, ки гӯё ронандаи ҳирфаӣ бошанд».
Бо василаи ба тасвир кашидани ин корнома ва ҷоннисориҳои дигари Сарвари давлат барои эъмори ҷомеаи навини мо Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мусо тавонистаанд шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз паҳлуҳои гуногун нишон диҳанд ва симои дурахшони он касро ба хонанда мисли як мусаввир ба намоиш гузоранд.
Муаллифони китоби «Чароғафрӯзон» ба муҳити хеш, ба давронсозии халқи тоҷик бо чашми мушоҳидон менигаранд. Онҳо бо нигоҳи борикбинона кор ва рӯзгори одамонеро ба қалам меоранд, ки бо вуҷуди инсонҳои одӣ будан корҳои азимеро ба анҷом мерасонанд. Дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», нақби «Анзоб» ва дигар иншоот бо матонат кор мекунанд. Одамони соҳиби иродаи мустаҳкам ва шарофати баланди инсонӣ ҳастанд.
Дар очерки «Рисолати беназири таърихӣ», ки ба сохтани нақби «Анзоб» бахшида шудааст, сухан дар бораи ду даврон бо ду қиёси таърихӣ меравад, ки муаллиф онҳоро моҳирона бозгӯ мекунад. Нақбе, ки бояд дар замони шуравӣ сохта мешуд, вале нисбати он бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд. Ниҳоят, дар даврони Истиқлол бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нақб сохта ва ба истифода дода мешавад.
Муаллифи очерк соли 1969 дар Афғонистон дар сохтмони шоҳроҳҳои Пули Хумрӣ – Мазори Шариф – Шибирғон ва Мазори Шариф – Ҳайратон, ки бо ёрии мутахассисони шуравӣ сохта мешуд, тарҷумон будааст. Ӯ ҳамон ҷо бо тоҷикони овораю коркобе вомехӯрад, ки солҳои аввали омадани шуравӣ ба Афғонистон гуреза шуда рафтаанд ва то он рӯз бечораю бепушту паноҳ буда, ҳатто шаҳрванди он кишвар нестанд. Муаллиф зиндагии сахти онҳоро мушоҳида намуда, бо гурезаҳои солҳои навадуми асри гузашта ба қиёс мегирад, ки онҳо дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб пайдо карданд ва ба Ватан баргашта, ба зиндагии осоишта ва бунёдкорона пардохтанд. Ин ду қиёс, воқеан ҳам, мӯшикофона ва ибратомӯз аст, ки аз мушоҳидаҳои воқеъбинонаи муаллифи очерк гувоҳӣ медиҳад.
Қиссаи мустанади «Садди сойи Оби Шӯр» низ басо ҷолиб ва хонданбоб аст. Қаҳрамони асосии ин қисса Са-фарзода Хайрулло Амиралӣ, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун», мебошад. Дар қисса сухан дар бораи сои Оби Шӯри пуртуғён меравад, ки ҳангоми омадани сел ҳатто барои муддате маҷрои рӯди Вахшро банд месозад. Он сарбанди чиҳилу семетра ва пулҳои болояшро канда, харобкорӣ мекунад. Сад сохтан ва пеши туғёни оби сойро гирифтан кори саҳлу сода нест. Хайрулло Сафарзода барои бунёди садди нав бо коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ вориди баҳс мешавад, то онҳоро муътақид созад, ки бо санги сурхи маҳаллӣ метавон садди мустаҳкаме сохт.
Нависандаи қисса чунон ин масъаларо амиқ омӯхтааст, ки мисли мутахассис вориди он мегардад ва бо обуранги бадеӣ мавзуъро ба рӯи коғаз меорад. Пеш аз омадани сел, мувофиқи таҷрибаи мардуми маҳаллӣ, ҳолати аҷибе рух медиҳад. Амаки Аваз онро ба Хайрулло Сафарзода ин тавр баён мекунад: «Тақрибан бист дақиқа ё ним соат пештар аз фурӯ рехтани селоб аз сойи Оби Шӯр бӯи гиёҳи ров паҳн мешавад, баъд селоб сангҳоро ғелонда меояду қиёмате барпо мегардад. Ҳамин ҳолат доимо, бидуни тағйир, айнан, такрор меёбад...».
Дар бораи бениҳоят сахт будани санги сурх нависанда аз ривояти мардумӣ низ истифода мебарад ва бо ҳамин ҳалли масъалаи пешомадаро ба хубӣ нишон медиҳад. Тибқи ривоят, сайёҳи хориҷие аз осиёббони куҳансоле мепурсад, ки чанд сол боз ба ин пеша шуғл меварзад. Осиёббон чунин посух медиҳад: « Ҳамин баҳор се бисту панҷ сол пур шуд... Бобокалонам усто Пирмуҳаммад аз санги сурх, ки чӣ сифат доштанашро фақат худашон медонистанд, чор дона санги осиёб тарошида буданд, ин санги сеюмашон, шукр, ки се бисту панҷ сол боз чарх мезанад...».
Ҳамин тавр, нависанда корнамоии садсозонро бо тамоми ҷуз­ъиёт баён карда, дар пеши назари хонанда иншоотеро таҷассум менамояд, ки бо душворӣ, вале бо иродаи шикастнопазири инсонҳои шарафманд бунёд мегардад.
Қиссаҳои «Шуъла дар санг», «Ошиқи «Роғун» ва «Нақбкан» низ аз ҳаёти коргарони одии Неругоҳи барқи обии «Роғун» нақл мекунанд. Қиссаи «Шуъла дар санг»ро муаллиф бо эҳсос ва қуввати хаёл таронамонанд оғоз мекунад. Нависанда бо роҳбаладии муовини аввали раиси шаҳри Роғун вориди неругоҳ мешавад. Вай он ҷо бо инсонҳое вомехӯрад, ки сарнавишти гуногун доранд, вале ҳамаашонро эҳсоси баланди мардонагӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ба «Роғун» овардааст. Иброҳим, Сангалӣ, Ҳофиз, Николай Малт­сев одамоне ҳастанд, ки руҳи шикастнопазир доранд. Онҳо манбаи илҳоми нависанда мегарданд. Масалан, вақте ба гӯши муаллифи қисса садоҳои гуногун мерасад, мепурсад, ки ин овози чист? Сангалӣ посух медиҳад, ки шумо суруди ишқро мешунавед. Ин сухани рамзист, ки муҳаббати коргарони неругоҳро ба пешаи худ собит месозад.
Ҳофиз дар ишқ ноком мешавад. Духтаре бо исми Сокина ӯро фиреб медиҳад. Ҳамин шикаст дар ишқ Ҳофизро ба «Роғун» меорад ва бо меҳнати софдилона ба «Роғун» ишқ меварзад. Нависанда бо ин гуфтан мехоҳад, ки ҳар касе бо «Роғун» ишқ меварзад, ҳеҷ гоҳ хиёнат намебинад, балки ба мақсад мерасад.
Қиссаи «Нақбкан» ҳам хеле муҷаззост. Қаҳрамони марказии он Давлат Кенҷа аст. Муаллиф кӯшидааст дар он инсонҳоро бо характерҳои гуногун нишон диҳад. Ҳатто аз ихтилофу таззод низ қаҳрамониро бирӯёнад ва чароғи ноумедиро ҳамеша бо қотеият хомӯш бисозад. Давлат Кенҷа низ касест, ки аз таҷрибаи зиндагӣ баҳра мегирад ва хастагинопазир ба сӯи мақсади хеш меравад.
Ҳамин тавр, қаҳрамонони очерку қиссаҳои китоби «Чароғафрӯзон» шахсиятҳои хаёлӣ набуда, касоне ҳастанд, ки дар миёни мо зиндагӣ мекунанд. Онҳо мисли Раҳмон Сайдалиев, Сияҳмардев, Давлатбек (аз қиссаи «Ошиқи «Роғун»), Амрулло («Роҳи нурафшон»), Камол Ҳамсариев («Оғози сохтмонро дӯст дорам») сахтиҳоро писанд намекунанд, ҳамеша даст ба кор ҳастанду баҳри ободии кишвари хеш саҳм мегузоранд.
Бахтиёр Муртазо ва Шералӣ Мусо бо нашри китоби «Чароғафрӯзон» собит карданд, ки ҳамроҳи халқи худ нафас мекашанд, корнамоиҳои онҳоро меситоянд ва бо очерку қиссаҳои мустанади хеш давронсозии миллати моро дар ҳофизаи таърих ҷовидон мегардонанд. Ин китоб, воқеан ҳам, ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ арзанда аст.
ВОРИС,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: