https://sadoimardum.tj

МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛА-ЛИИ НАВРӮЗ - ПАЁМИ ТОЗАЮ УМЕДБАХШ ВА ЗАРУРАТИ БОЗШИНОСИИ ОИНИ НАВРӮЗӢ

№:39 (5091), 08 апр 2026, 14:51
7

Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон бо ҳолу ҳавои умедофарине таҷлил гардид. Гӯйӣ Наврӯз дар ин гӯшае аз сарзаминҳои хостгоҳи хеш иқболи баландтаре ёфтааст ва бо паёме тоза хотири наврӯздӯстон ва ситоишгарони табиатро шод намуд.
Ин паёми тоза ва умедбахш тарҳи бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе аст, ки дар Паёми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар дастури кори мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон қарор гирифт. Ин гоми ҷиддӣ барои бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар қалби Тоҷикистонро метавон дувумин рӯйдоди бузург дар таърихи муосири арҷгузории Наврӯз, пас аз паёми ба расмият шинохтани Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид аз 21 марти соли 2010 ба ҳайси Рӯзи ҷаҳонӣ ва муносибати байналмилалӣ, баршумурд.
Пайванди Наврӯз бо тамаддуни башарӣ. Суолҳои матраҳ ин аст, ки Наврӯзро бо мероси тамаддуни башарӣ чӣ пайвандест? Ба ибораи дигар, чӣ арзиш ва ҳикмате дар мероси Наврӯз нуҳуфта, ки сазовори чунин ҷойгоҳи арҷманде дар таърихи башарӣ гардидааст? Барои дарк ва дарёфти ин пайванд, ногузир бояд ба гузаш­таи бисёр дур назар андохт, ба роҳпаймоии тӯлонии башар ва ин ки инсонҳои аввалӣ то дастёбӣ ба ҷойгоҳи инсони мутамаддин чӣ гомҳоеро бардоштаанд?
Донишмандон дар таърихи башарӣ, ба таври кулл, се марҳилаи асосиро ҷудо мекунанд: якум, марҳилаи ҳаёти бадавӣ (бодянишинӣ, саҳрогардӣ), дувум, марҳилаи ҷомеаи кишоварзӣ ва сеюм, марҳилаи ҷомеаи саноатӣ. Марҳилаи аввалро ба номи марҳилаи пешо­тамаддунӣ ҳам мешиносанд.
Бале, инсоният дар тӯли садҳо ҳазор сол, пеш аз кашфи ҳунари кишоварзӣ, мавҷудоти пешипоуфтодае дар кураи замин буданд ва қодир набуданд аз ҳаёти ҷонварӣ фосила гиранд. Шикор ва ҷамъоварии ғизо пешаи аслӣ ва муштараки онон бо дигар ҳайвонот буд, то он ки кашфи ҳунари кишоварзӣ даричаи наверо ба рӯйи инсон дар роҳи мутамаддин шудан кушод. Ин гоми зафарманд аҷдоди моро ба ҷодаи тамаддун раҳнамун сохт, баъдҳо бо кашфи ҳунари хатнависӣ ва сипас гомҳои устувортаре дар роҳи инқилоби илмӣ гузошт, ки саранҷом бо роҳандозии инқилоби саноатӣ кори эъмори кохи тамаддунро ба гунаи бесобиқа тасреъ бахшид. Сарзамини Эрони куҳан, дар канори Байнаннаҳрайн ва Миср, аз марказҳои пешқадами ривоҷи кишт дар Осиё буд, ки шоҳиди чунин гузори таърихӣ низ будааст.
Кашфи кишоварзӣ ба унвони падидаи тамаддунсоз дар таърихи башар аст, ки паёмадҳои сарнавиштсозро ба ҳамроҳ доштааст. Дар ин ҷо бархе аз паёмадҳои тамаддунсозро мешуморем:
1. Кашфи кишоварзӣ муҷиби он гардид, то ниёгони мо аз мавҷудоти сирфан мас­рафкунанда ба тавлидкунанда гузор кунанд ва тавонанд аз мавҷудоти сирфан зистӣ ба фарҳангӣ мубаддал гарданд. Бо ин гузори таърихӣ инсон роҳи худро барои ҳамеша аз ҳайвонот ҷудо сохт.
2. Ривоҷи кишт имкон фароҳам овард инсонҳо дар як макони собит дар рӯйи замин якҷонишин шаванд, ки дар натиҷа, соҳиби нишон ва ҳувият шуданд.
3. Такрори кишт ва таҷрибаи ҷамъоварии ҳосилот дар фасл ва замони муайян ба ниёкони мо омӯхт, то замонро бишносанд, таърих биофаранд ва молики тақвим гарданд.
4. Инсонҳо бо ҳунари кишоварзӣ дар коллективҳои бузургтаре бо ҳам дасти ҳамкорӣ доданд ва ин ҳамкорӣ тавоноии ононро дар муқоиса бо дигар ҳайвонот ба гунаи чашмгир афзуд. Миёни онон тақсими кор сурат гирифт, бархеҳо ба умури амниятӣ гумошта шуданд ва бархе ба идора ва раҳбарии созмонҳои ибтидоии давлатӣ пардохтанд. Қария­ҳо тавсеа ёфт ва бо зуҳури шаҳрҳо тиҷорат равнақ гирифт. Табақоти ҷадид ба вуҷуд омад, нухбагон ва дигар қишри ҷомеа тавонис­танд ба тафаккур ва умури маънавӣ бипардозанд.
Чунин дастовардҳо масири зиндагии башарро саранҷом ба сӯи ҷомеаи санъатии имрӯз ҳамвор сохт ва дар ниҳоят, инсонро аз мавҷудоти пешипоуфтода дар ҷойгоҳи идоракунанда ва қудратмандтарин мавҷуд дар кураи замин қарор дод. Ниёгони мо ба поси аҳамияти тамаддунофарини кишт онро гиромӣ доштанд ва Наврӯзи хушоинро офариданд.
Ин оини тамаддунсоз ҳамчу мероси маънавӣ кавкаби ҳидояте шуд, то чашму дили ворисони ин фарҳанг дигар на ба сӯйи осмон, балки ба ҳамин замини неъмат­офарин дӯхта шавад ва то пайвандашонро бо замин ва табиат пойдортар созанд.
Кинаварзиҳо бо Наврӯз. Бо ин ки Наврӯз чунин мероси бузурги тамаддуниро армуғон дорад, аммо на дар ҳама ҷо ва на ҳамеша аз ин оини тамаддунофар ба гунаи шоиста пазироӣ гардидааст. Таърих дар қаламрави сарзаминҳои куҳани мо шоҳиди душманиҳо бо Наврӯз будааст. Ин ки имрӯз, хушбахтона, Наврӯз бо шукӯҳи ҳар чӣ бештар дар Тоҷикис­тон таҷлил мегардад, гувоҳи рӯшани суханони таърихии зиндаёд Риёҳӣ аст, ки Наврӯз акнун ба ҳаёти хеш идома медиҳад. Бигзор, ин суруд барои ҳамеша дар сарзамини Наврӯзпарвари Тоҷикистон танинандоз бошад:

То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!

Бори фалсафӣ ва илмии оини наврӯзӣ. Дар фалсафаи ахлоқ як асли асосӣ аст, ки замоне инсонҳо бо ҳам дар робита қарор мегиранд ва метавонанд ба ҳам асар бигзоранд, он гоҳ дар баробари ҳамдигар масъул низ ҳастанд. Аз ин диди фалсафаи ахлоқ, «мо на танҳо дар баробари аъмоли худ масъул ҳастем, балки дар баробари он чиро ки метавонем ҷилавгирӣ кунем, низ масъул ҳастем».
Бар мабнои ин принсипи ахлоқӣ, инсонҳо ҳақ надоранд бо замин, ки метавонанд ба он асар бигузоранд, чунон рафтор кунанд, ки зиндагиро барои мардумони дигари бахшҳои кураи замин ва ё наслҳои оянда душвор ва номумкин созанд. Яъне, адолати байни насл­ҳо бояд риоя шавад.
Яке аз файласуфони бузурги асри равшангарӣ Иммануэл Кант яке аз усули асосии ахлоқиро чунин баён мекунад: «Чунон амал кун, ки қоидаи рафтори ту битавонад ба сурати қонуни ҳамагонӣ дарояд». Ҳар гоҳ ин асли ахлоқии Кантро дар заминаи муҳити зист ва чигунагии истифода аз замин татбиқ намоем ва фарз кунем, ки ҳар инсон дар ҳар куҷои кураи замин барои рифоҳи шахсии худ ҷангалҳоро нобуд созад, хокро фарсоиш диҳад ва ё танаввуи ҳайвонотро барҳам занад, акнун ин гуна рафторро агар ҳамчу қонуни ҳамагонӣ бисозем, натиҷа чӣ хоҳад шуд?! Он гоҳ ҳамаи ҷангалҳо ва манобеи табиӣ аз миён хоҳанд рафт. Пас, наметавон аз он амал қоидаи ҳамагонӣ сохт, чунки шарти бақои зиндагии инсонҳоро аз миён мебарад. Пас, инсон аз лиҳози бархӯрди ахлоқӣ бо муҳити зист набояд тавре рафтор кунад, ки асли рафтораш натавонад қонуни ҳамагонӣ шавад. Бар­ъакс, бояд чунон рафтор кунад, то таъсири рафтораш ба идомаи беҳтари ҳаёт барои имрӯз ва наслҳои оянда судманд бошад.
Озмоишҳои илмӣ ба мо меомӯзанд, ки бисёр дигаргуниҳо дар муҳити зист, монанди аз миён рафтани анвои ҳайвонот, нобудии ҷангалҳои куҳан, обшавии яхҳои қутбӣ ва пиряхҳо, ғайриқобили баргаштанд ва идомаи чунин вазъият бақои насли ояндаро дар хатар меандозад. Биноан, ҳифозати муҳити зист аз диди илмӣ, сарфи назар аз чигунагии бархӯрди ахлоқию сиёсии мо, ҳамчу шарти пойдории ҳаёт дар кураи замин аст. Албатта, дастовардҳои илмӣ метавонанд пояи мутмаине барои қазовати ахлоқӣ бошанд. Оини наврӯзӣ ҳам бори ахлоқӣ ва ҳам такягоҳи илмӣ дорад.
Наврӯз пуле миёни дирӯз ва имрӯз. Ҳадафи мо аз бозшиносии мероси фарҳангӣ барои диди имрӯз ва оянда аст, на ба хотири гузашта. Мо таҷлили Наврӯзро барои ваҳдат ва пайвастагии таърихӣ ҳамчун абзори неруманди шинохти падидаҳои фикрии муосир ва пайванди гузашта бо имрӯз ва оянда ниёз дорем, то насли навро дар рӯзҳои парешонии арзишҳо ва азхудбегонагӣ раҳнамун бошад. Рисолати фарҳангӣ танҳо посдории дастовардҳои гузашта нест, балки нигариши тоза ба он низ ҳаст, то падидаи фарҳангро ба савол мубаддал кунем, камбудҳояшро ошкор созем, зеро ҳамаи ҷиҳоти мероси фарҳангӣ наметавонад барои ҳамеша улгӯ ва дастури наҷотбахши насли имрӯз ва оянда бошад. Дар бисёре аз падидаҳои фарҳанги гузаштаи мо аносире аз одоти қабила ва хурофа низ ғалаба кардааст, ки бояд онро аз вуҷуди фарҳанг пок созем. Дар ҳамин мабно, ҷустуҷӯи рисолат дар оини наврӯзӣ барои насли имрӯз ҳамоно шинохти ҷадиди он аст, то худ ба гунаи мустақил ба боз-шиносии мероси гузашта ҳиммат гуморад, аммо ин мероси фарҳангӣ барои насли имрӯзӣ чӣ арзише метаво-над дошта бошад?
Насли имрӯз беш аз ҳар замоне паёмадҳои буҳрони муҳити зистро мустақиман таҷриба мекунад, паёмадҳои ногуворе, монанди муҳоҷирати ногузирии иқлимӣ, таҳдиди амнияти ғизоӣ, олудагии кураи замин, камбуди оби ошомиданӣ, аз масоили меҳварии гуфтумони иҷтимоӣ ва сиёсии асри мо ба шумор мераванд, ки бо мас­ъалаи адолати иҷтимоӣ ва сулҳи ҷаҳонӣ пайванди мустақим доранд. Ривоҷи кишт ва оини наврӯзӣ ба мо омӯхт инсон замоне мутамаддин шуд, ки аз мавҷуди сирф масрафкунанда ба мавҷуди тавлидкунанда ва парваришдиҳандаи масъул мубаддал гардид. Фарҳанги Наврӯз дар маҳор кардани масраф, эҳтиром ба замин, табиат, ҳифз ва нигаҳдории дарозмуддат аз кураи замин бозтоб меёбад. Оини Наврӯз ба мо омӯхт, ки замин ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва манбаи неъматҳои моддӣ кафили пойдории ҳаёти ҳамагон аст. Биноан, покиза нигоҳ доштани онро вазифаи муқаддас шуморем, то ҳангоми истифода аз манобеи замин ончунон бархӯрд намоем, ки наслҳои оянда низ битавонанд аз он баҳраманд шаванд.
Сухани поёнӣ. Наврӯз аз он оинномаҳоест, ки ифтихори зоиши тамаддунро дар оғӯш нуҳуфта дорад. Арзишҳои тамаддунофарини Наврӯз на танҳо ёдгори мардумони ҳавзаи фарҳангии хос аст, балки мероси тамаддуни башарӣ ба шумор меравад, ки акнун шиносномаи байналмилалӣ низ дорад. Наврӯз дорои таърихи пур аз фарозу фурӯд аст, ки аз он на дар ҳама ҷо ва ҳамеша ба гунаи яксон истиқбол гардидааст. Паёми бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон гоми умедофарине дар роҳи арҷгузории шоиста ва бозшиносии Наврӯз дар замони мо ба шумор меравад, ки метавонад заминаи бозшиносии ин мероси тамаддуниро дар миқёси густурдатаре фароҳам намояд. Оини наврӯзӣ ба мо меомӯзад инсони мутамаддин касест, ки танҳо масрафкунанда дар рӯйи замин набошад, балки ҳамчун тавлидкунандаи масъул, заминро дӯст дорад, парвариш диҳад ва аз он пайваста мувозибат намояд, то хонаи амне барои наслҳои оянда низ бошад.
Бояд дар хотир дошт, ки мо молики мутлақи замин не, балки амонатдори масъули он ҳастем. Кураи замин пеш аз мо вуҷуд дошта ва пас аз мо ҳам вуҷуд хоҳад дошт. Мо ҳанӯз охирин насли сокинони замин нестем ва аз лиҳози ахлоқӣ ҳақ надорем ба гунае аз манобеи замин баҳра гирем, то насли оянда қурбони ниёзмандиҳои рӯзмарраи мо гардад.
Тахриб ва бархӯрди ғайримасъулона дар баробари замин ва муҳити зист бар хилофи оини наврӯзӣ, бархӯрди ғайриахлоқӣ, хилофи ёфтаҳои илмӣ ва беадолатии ошкор дар баробари насли имрӯз ва оянда аст. Омӯзаҳои оини наврӯзӣ бо усули ахлоқӣ ва дастовардҳои илмӣ дар ҳамсӯии комил аст ва ин мероси куҳан метавонад пули тамаддуне бошад миёни мероси арҷманди дирӯзи башарӣ ва инсони масъулиятмеҳвар ва мутамаддини имрӯз.
Башир АЗИЗӢ,
пажуҳишгар

Ҳамчунин дигар маводҳо: