https://sadoimardum.tj

Мушти маҳкаме ба даҳони нотавонбинони миллат

№:44 (5096), 17 апр 2026, 16:32
7

Агар мо нақши бузурги китобро дар ҳаёти сиёсӣ ва давлативу иҷтимоӣ равшантар донистан хоҳем, бояд бори дигар асари безаволи устод Садриддин Айнӣ - «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба хотир оварем. Дар он давраи ҳассос ва қисматсоз (соли 1926) устод Айнӣ дар кӯтоҳтарин муддат китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба миён овард, даъвоҳои ғаразноки нотавонбинонро фош сохт, ҳуқуқи маънавии халқи тоҷикро ба таърихи куҳан, ба забон ва адабиёти оламшумулаш исбот ва таъмин намуд. Корномаи таърихии устод Айнӣ - «Намунаи адабиёти тоҷик» дар замони худ, воқеан, нақши шиносномаи ҳақиқии халқи тоҷикро бозид, беасосии даъвоҳои бадхоҳони миллати тоҷикро фош намуда, ҳуқуқи таърихии ҳалқи моро ба адабиёти ғаниву оламшумул исбот кард.

Эмомалӣ РАҲМОН

Мушти маҳкаме ба даҳони нотавонбинони миллат

Имсол аз нашри китоби мондагори устод Садриддин Айнӣ - «Намунаи адабиёти тоҷик» 100 сол пур шуд. Бешак, китоби мазкур дар ҳаёти онвақтаи тоҷикон нақши таърихӣ ­гузошт. Дар он давраи пурэҳсос, ки мавҷудияти як миллат бо тамоми тамаддуни бостониаш зери таҳдид қарор гирифта буд, устод Айнӣ бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» мушти маҳкам ба даҳони бадхоҳони миллат зад.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикис­тон Низом Қосим бар ин андеша аст, ки устод Садриддин Айнӣ бисёр қаҳрамониҳо кардааст, вале яке аз нахустин ва бузургтарин қаҳрамониҳояш, бешубҳа, «Намунаи адабиёти тоҷик» аст, ки мисолҳои дурахшонеро қотеъона ба муддаиёни муғризу бебунёд расонд ва фарҳанги ҳазорсолаи халқи тоҷикро бебокона аз нотавонбинони замон раҳонд.

- Аз нигоҳи имрӯз низ ин шоҳасар на танҳо оинаи қаднамои паҳновари эҳсосу андеша ва таҷассумгари ифтихори бекарони инсонию тоҷикӣ ва масъулияти беандозаи фарзандиву шаҳрвандии он бузургвори беамсол, балки намунаи барҷастаи завқу салиқа, адабиётшиносии оқилонаю мунаққидии одилонаи устод Айнист. Тасаввур мекунед, ки чӣ машаққатеро паси сар карда он бузургвор, то ба ин навиштаи волояш нуқтаи анҷом бигзорад? Машаққати сангинеро, ки, хушбахтона, ҳамвазну ҳамбаҳои ҳадафи бузургаш гардиду миллату давлаташро барҷову барпо дошт, - таъкид кард ӯ.

Узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор Аламхон Кучарзода аз хизматҳои бузурги устод Садриддин Айнӣ барои мардуми тоҷик ёдовар шуда, бо овардани сухани Мирзо Турсунзода - «устод Айнӣ баробари як донишкада китоб навиштааст», изҳор дошт, ки устод Айнӣ аз 15 марти соли 1925 то 30 сентябри соли 1925 китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро менависад. Китобе, ки 40 ҷузъи чопӣ аст, дар муддати 6 моҳу 15 рӯз навиштааст.

- Устод Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» нишон дод, ки тоҷикон халқи таҳҷоии Осиёи Миёна мебошанд. Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар бораи 220 шоиру адиб - аз Рӯдакӣ сар карда, то Пайрав Сулаймонӣ маълумот дод, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна таваллуд шудаю зистаанд, на дар Эрону Хуросон. Бинобар ин, пантуркистон ба муқобили устод Айнӣ мубориза бурданд. Мақолаҳои бисёр ғаразнок навиштанд. Хулоса, устод Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик» дар даҳани пантуркистон як шаппотӣ зад. «Намунаи адабиёти тоҷик» то ҳозир аҳамияти илмӣ дорад, зеро худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ва ҳастии халқи тоҷик дар он дарҷ шудааст, - гуфт Аламхон Кучарзода.

Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муҳаммаддовуд Саломиён бо зикри кору пайкорҳои устод Садриддин Айнӣ дар сарнавишти халқи тоҷик изҳор дошт, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро устод Садриддин Айнӣ дар замони пуртазоди муборизаҳои миллӣ барои муаррифии осори ҳазорсолаи миллати тоҷик, ҳифзу мондагории забону адабиёт ва, дар маҷмуъ, барои исботи таърихӣ ва қадима будани миллати тоҷик таълиф намудааст. Ин аст, ки дар оғози ин китоб чунин меорад: «Аз бозе ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон, чунонки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст...».

- Барои он ки ҷомеасозони замони нав тоҷикро ҳамчун миллати таърихи куҳандоштаву дорои забони таърихан ташаккулёфта, суфтаву равонгардидаи дорои меъёрҳои муайяни савтию луғавӣ, сарфию наҳвидошта ва дорои адабиёти қадимию боғановате, ки тӯли қариб ҳазор сол бо адибони нозукхаёлаш оламгир гашта буд, бидонанду бипазиранд, таълифи чунин як асаре хеле муҳиму зарур ба шумор мерафт, - таъкид кард ӯ.

Доктори илми филология, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов дар китоби «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» доир ба зарурати таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҷумла, чунин нигоштааст: «Ниёз ба вокунишҳои муассир дар баробари кирдорҳои душманонаи пантуркистон, дифоъ аз забону фарҳанги миллӣ, истиқлоли миллию сиёсии Тоҷикистон ва дар чашми ҷаҳониён ҷилва додани ростӣ дар бораи «як халқи форсизабони баландмаданият» С. Айниро водор кард, ки китоби машҳури «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро нигорад. Бад-ин гуна, С. Айнӣ замонату рисолати бузурги таърихиро анҷом дод ва ба ҳама гуна даъвоҳои бебунёди пантуркистон дар ростои тоҷикону забону фарҳанги бостонии он хотима гузошт. «Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҷумлаи он таснифоти устод Айнист, ки дарунмояи онро пиндошти худшиносии миллӣ ташкил медиҳад. Аз ин нигоҳ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар адабиётшиносии миллӣ нақши дурахшон бозидааст. Ин нигориш, ки солҳои 20-уми асри гузашта дар таъини сарнавишти таърихии тоҷикон ва тақдири минбаъдаи он нақши бориз дурахшон бозид, барои бедории андешаю худогоҳии миллии мардум созгорӣ кард. Алорағми пиндошти зиддитаърихии пантуркистон С. Айнӣ бо ин асар исбот кард, ки тоҷикон дорандаи таърихи дурахшони куҳан, фарҳангу тамаддуни ҷаҳониянд».

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: