https://sadoimardum.tj

Нигини тоҷи миллат

№:45 (5097), 20 апр 2026, 17:37
1

Баъди таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Модар ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз сокинони кишварро табъи идона тарк нагуфтаву бо ҳамин хотири шод Рӯзи пойтахти Тоҷикистони азизамон - шаҳри Душанбеи дилорою гулпӯшро ботантана ва шукӯҳи тоза истиқбол мегиранд.

Миллати хушбахту саодатмандем, ки Ватани худро дорем ва онро беҳтарин неъмат медонему барои ҳифзу шукуфоии он бо роҳбарии фарзонафарзанди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳастиашонро барои зиндагии шоистаи миллат ва таҳкими пояҳои давлати навини бун­ёдгузоштаашон бахшидаанд, софдилонаю содиқона саъю талош дорем.

Шаҳри Душанбе, пойтахти ҷумҳурии азизамон, ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ, маркази илму фарҳанг ва дорои инф­расохтори пешрафтаи муосир рисолати муаррифии давлату миллатро бар дӯш дорад. Мусаллам аст, ки ҳар меҳмоне вориди пойтахти кишвари азизамон мегардад, бо тамошои он ва мушоҳидаи рафтору гуфтору кирдори сокинонаш ба фарҳанги миллӣ, сатҳи иқтисоду иҷтимоъ ва илму адаби миллати мо баҳо медиҳад.

Ҳарчанд таърихи Душанбе реша дар умқи ҳазорсолаҳои пешин дорад, аммо маҳз ба баракати соҳибистиқлолӣ, рафъи нооромиҳои дохилӣ, ҳукмфармо гардидани фазои сулҳу суботу оромиву осудагӣ рӯ ба рушду густариш ниҳод ва тадриҷан ба як шаҳри муосири дорои инфрасохтори пешрафта табдил ёфт. Онҳое, ки шоҳиди нооромиҳои дохилии даҳаи охири садсолаи гузашта буданд, хуб медонанд, ки хонаи умеди тоҷикони дунё дар чӣ ҳолат қарор дошт. Ҳама гуна баҳогузорӣ бо қиёс сурат мегирад ва ин холисонаву воқеъбинона аст. Агар мо ҳолати имрӯзаи шаҳри азизи Душанберо ба солҳои навадуми асри гузашта қиёс намоем, тафовут аз замин то самост. Он рӯзҳои ҳар лаҳзааш фалокатзо ҳатто тасаввур карда намешуд, ки сулҳу оромӣ ҳукмфармо мегардаду шаҳри азизи мо дар як муддати кӯтоҳ бо чунин пешравию шукуфоӣ табдил меёбад. Ин ҳама аз баракати саъю талоши беназир, сиёсати дурусти пешгирифта ва ояндабинии Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид ва ин хидмати бузургу бесобиқаи ин абармард дар китоби таърихи миллати шарафманди тоҷик ва давлатдории навинамон бо хатҳои зарин сабт гардидааст.

Маҳз ҳифз гардидани соҳиб­истиқлолии давлат, ки барои ҳар як миллат беҳтарин неъмат аст, имкон фароҳам овард, ки симои шаҳри азизи мо ба сурати бесобиқа тағйир ёбад, ободтару зеботару диданитару дӯстдоштатар гардад. Ободкориҳою созандагиҳо, хусусан дар даҳсолаи охир суръати тоза касб намуд. Бунёду нав­созии роҳҳо, садҳо биноҳои маъмурию фарҳангию таълимӣ, китобхонаҳо, кохҳои варзиш, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хидматрасонӣ, боғҳову гулгаштҳои зебо, майдончаҳои варзиш ва воридсозии ҳазорҳо василаҳои гуногуни нақлиётӣ пойтахти кишвари азизамонро дар минтақа ба зеботарин шаҳр табдил доданд.

Бо саъю талоши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дар даҳ соли охир садҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд ёфт, роҳҳо таъмиру тармим гардид, роҳҳои иловагии ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сохта шуданд, хидматрасонии нақлиётӣ ба низом даромада, бо ташкили хатсайрҳои нав беҳтару хубтар шуд, истгоҳи роҳи оҳан ва фурудгоҳ таъмиру навсозӣ гардида, ба талаботи муосир мувофиқ гардиданд, тозагиву озодагии пойтахт таъмин ва тартибу низом қавитар гашт. Душанбе ба шаҳри амн табдил ёфту аз сӯйи созмонҳои ҷаҳонӣ эътироф шуд, ки барои мо ҳам мояи шукргузорӣ ва ҳам ифтихор аст.

Имрӯз шаҳри зебои Душанбе на танҳо маркази маъмурию идоракунии давлатӣ, балки маконест, ки дар он барномарезӣ ва рушди бештари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тиб, маориф, фарҳанг, варзиш ва ғайра ба нақша гирифта мешаванд. Яъне, тарҳу барномарезии ояндаи пурсаодати кишвари мо аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.

Пойтахти тоҷикон ба маркази баргузории нишасту конф­ронсу ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ, сабқатҳои варзишӣ ва намоишҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, ҳазорҳо нафар меҳмононро бо оғӯши гарм истиқбол ва бо як ҷаҳон таассуроти рангин гусел менамояд. Бахусус, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни сирф миллии тоҷикон - Наврӯзи байналмилалӣ ҳазорҳо сайёҳ аз кишварҳои ҳамзабон ва фаротар аз он ташриф оварда, бо фарҳангу таъриху суннатҳои мо аз наздик ошно мешаванд, аз тамошои манзараҳои зебои пойтахти азизамон баҳра бурда, бо як ҷаҳон таассуроти неку рангин бармегарданд.

Имрӯз ҷаҳониён Душанберо ҳамчун шаҳри амн, шаҳри сабз, шаҳри дӯстӣ, маркази кишвари офтобӣ, дарвозаи Тоҷикистон ба ҷаҳон ва намунаи олии ҳамзистии ­осоиштаи халқҳои гуногун мешиносанд, ки бар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихору сарфарозист. Ифтихору сарфарозие, ки аз баракати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талош­ҳои пайгиронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бароямон муяссар гаштааст.

Барно САИДВАЛИЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: