https://sadoimardum.tj

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Дон аз барои ҷон аст

№:46-47 (5098-5099), 22 апр 2026, 17:12
11

Дон аз барои ҷон аст

Китоби тозанашри шоир Абдусаттори Раҳмон - «Хонаи мо - гулхона»-ро ба даст мегирам. Ба якборагӣ, осон ва бошавқ мехонам. Мехонаму худамро лаҳзае чанд дар олами зебои кӯдакӣ тасаввур мекунам. Аз содабаёнию равонӣ, образофарӣ, вожаҳои зебою фаҳмои он завқ мебарам. Китобро як тараф мегузорам ва мекӯшам он чӣ дар зеҳнам нишастааст, ба ёд орам. Чаро? Мегӯянд шеъре, ки ба як хондан дар зеҳни хонанда мемонад, асил аст. Ба зеҳнам шеърҳои зиёд мерасанд. «Гӯшам мехорад» аз зумраи онҳост. Воқеан, онро бо як хондан метавон азбар намуд:

- Оча, гӯшам мехорад,

Барфу борон меборад?

- Чӣ мегӯӣ, бачаҷон,

Ҳоло фасли тобистон!

- Агар борон наборад,

Пас баҳри чӣ мехорад?

- Ҳар кӣ шустушӯи гӯш

Агар кунад фаромӯш,

Сад гӯшаш ҳам бихорад,

Барфу борон наборад!

Ин шеър, ки дар бахши ашъори ҳаҷвии китоб - «Гӯшмол» ҷой дода шудааст, лутфи латиф дорад. Хонандаи хурдсолро ба завқ меорад ва дар айни ҳол тарбия мекунад. Мисли асли ҳадафи ҳаҷв, аввал хандидан, сипас сари камбудҳо мулоҳиза кардан. Хонанда аз саволи ноҷои қаҳрамони шеър ба завқ меояд, дар ҷавоби модари ӯ механдад ва дар зимни хандидан тарбия мегирад. Ин тарзи муносибат ё тарбия, яъне на бо муроҷиат ва панду насиҳат, балки бо роҳи сужасозӣ, барои кӯдакон муфидтар аст. Яке аз принсипҳои шеъри кӯдак ҳам доштани сужаи муайян мебошад. Чизи дигаре, ки дар шеър диққати хонандаро сарфи назар аз синну сол ҷалб мекунад, истифодаи нозуки бовару эътиқодоти мардумӣ мебошад. Дар боварҳои мардум хоридани гӯш маънои ба зудӣ боридани боронро дорад.

Шеъри «Дилозор»-ро ҳам аз ҳамин қабил номбар кардан мумкин аст:

Зарина заринмӯй аст,

Зарина кулчарӯй аст.

Чашмони шаҳло дорад,

Кокули тилло дорад.

Қоматакаш чун ниҳол,

Абрӯяконаш ҳилол.

Духтараки зебо ӯ,

Аммо тани танҳо ӯ.

Кас агар дилозор аст,

Ҳуснаш ба кӣ даркор аст?

Вақти қироати шеър хонанда дар зеҳнаш духтараки зеборо бо мӯйҳои зарди тиллоию рӯйи сафед тасаввур мекунад ва дар зеҳн завқ мебарад. Шеърро бисёр бо шӯру шааф қироат мекунад, аммо дар охир садояш пасту ҳазин мегардад ва дармеёбад, ки ҳусни кас, аслан, дар одоб будааст. Ва ҳамон лаҳза хонанда ба гуфтаҳои модар ва муаллимаш сарфаҳм меравад: «Фарзанд азиз - одобаш азизтар». Яъне, боз ҳам хонанда нохудогоҳ тарбия меёбад.

Тасвир ва оҳанги зебои шеър аз як тараф, ба хонанда таъсир кунад, аз ҷиҳати дигар, ӯро ба ҷустуҷӯ водор мекунад. Яъне, мехоҳад бидонад, ки «ҳилол» чӣ маъно дорад. Бо ин роҳ донишаш такмил меёбад. Шеъри кӯдак агар чунин нозукиҳо дошта бошад ва хонандаи худро ба ҷустуҷӯ водор кунад, батадриҷ хонанда донишманд тарбия меёбад.

Донистани ҳолати равонии кӯдак ва синну сол яке аз вазифаҳои шоири бачаҳост ва, албатта, Абдусаттори Раҳмон, ки қариб панҷоҳ сол ба атфол дарс гуфтааст, аз ин ҳама огоҳии зиёд дорад. Чунин огоҳӣ дар ҳар шеъри ӯ баръало мебошад. Масалан, тақлиди кӯдакон ба бузургтарони оила, бо бозичаҳо мошин рондан, хӯрок пухтан, гоҳе духтуру гоҳе омӯзгор шудан, худро ба ҷойи модару падар донистан, айнаки боборо ба чашм ниҳодану «бобо» шудан, гоҳи дигар худро бузург нишон додан. Яке аз ҳамин гуна ҳолатҳоро Абдусаттори Раҳмон дар як шеъри кӯтоҳи худ хеле муассир тасвир кардааст:

Шаҳло калон аз Дилбар,

Дилбар калон аз Сарвар.

Сарвар калон аз Даврон,

Даврон калон аз Амон.

Амон калон аз Гулшан,

Гулшан калонтар аз ман.

Хобакам имшаб набурд…

Чаро ман аз ҳама хурд?

Шеъри «Афсӯс» ҳам ба хонанда таъсири амиқ мерасонад:

Чӣ зебо дастархон аст,

Пур аз кулчаву нон аст.

Бодому мағзу мавиз,

Самбӯсаҳои лазиз,

Себу анору хурмо,

Бодому қанду ҳалво.

Дар хонамон мебудам,

Ман дигар сон мебудам.

Афсӯс, ин ҷо меҳмонам,

Ҳаддамро бояд донам!

Тавре мебинем, дар шеър ишораи нозуке ҳаст, ки кӯдаконро тарбия мекунад. Яке аз унсурҳое, ки дар ин шеър маълум аст, ин зерматн мебошад, ки дар адабиёти кӯдак хеле муҳим аст. Яъне, хонанда онро вақти хурдсолӣ азёд мекунад, аммо дар ҳама синну сол ба кор меояд.

Дар шеъри «Мӯрча дона овард» мӯрчаяк донаи калоне пайдо карда ба хона меорад. Модар ин ҳолатро дида, фарзандашро насиҳат мекунад:

Гуфтам туро батакрор

Бори гарон набардор.

Ёбӣ агар ҷароҳат,

Ман мешавам нороҳат.

Эй баччаҷони нодон,

Эй беҳтар аз дилу ҷон,

Дон аз барои ҷон аст,

На ҷон барои дон аст!

Мақтаи ин шеър кӯдакро дар руҳияи қаноатмандию қаноатпешагӣ тарбия мекунад ва ин байт дами калонсолӣ ҳам бо ӯ хоҳад буд. Такрори зиёди ҳарфи «р» дар ин шеър (21 маротиба дар ҳафт байт) барои рушди нутқи атфол низ ёрӣ медиҳад. Ин ҳам яке аз аҳдофи шеъри бачагона аст ва чунин шеърҳо дар китоб хеле зиёданд.

Мавзуъҳои эҳтиром ба Ватан, сулҳи пойдор, падару модар, бародару хоҳар, бо одоб будан, риояи тозагӣ, илму дониш андӯхтан, дӯст доштани табиат, ки аз мавзуъҳои инсонсозанд, дар ҳар шеъри китоби «Хонаи мо - гулхона» ба назар мерасанд.

Бахши чистонҳо ва тарҷумаҳои китоби мазкурро метавон аз бахшҳои ҷолибтарини китоб ном бурд. Бо чистонҳои Абдусаттори Раҳмон агар зеҳни хонанда рушд кунаду ӯро зираку ҳозирҷавоб гардонад, дар бахши тарҷумаҳо хонанда бо адабиёти ҷаҳон ошно мешавад. Ин тарҷумаҳо содаю самимию равон ҳастанд ва кӯдакон барои дарки дурусти инҳо душворӣ намекашанд. Чунончӣ, тарҷумаи шеъри «Пойи гурба шикаст»-и шоири гурҷӣ Васил Гулеурӣ:

Пойи гурба шикаста,

Бо гаҷу дока баста.

Ҳоло наметавонад

Ба сӯйи мушак ҷаста.

Мушак, ки инро дидаст,

Барояш ҳар рӯз ид аст.

Месарояд: ба гурба

Пойи баста зебидаст.

Ин бахш тарҷумаи 25 шеъри 19 шоири кишварҳои гуногунро фаро мегирад.

Абдусаттори Раҳмон табиатан ва модарзод шоир аст, шоири кӯдакон. Панҷоҳ соли омӯзгорӣ ӯро бо кӯдакон қарин карда ва имкон дода, ки аз дунёву забону ҳолати равонии онҳо огоҳии хуб пайдо кунад, барояшон шеърҳои мувофиқ эҷод намояд. Хонандаи хурдсол аз ҳар шеъри ӯ барои худ чизи наве пайдо мекунад, хоса аз шеърҳои китоби «Хонаи мо - гулхона»-и шоир. Аз ин рӯ, китоби мазкур барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ сазовор аст.

Шоира АБДУРАҲИМЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: