Шаҳри орзуҳо
Бори аввал соли 2015 (вақте донишҷӯ шудам) Душанбеи зебоманзар омадам. Омадаму гӯё ба ҷаҳони дигар ворид шудам. Кӯчаҳои озодаю васеъ, чароғҳои рангоранг, биноҳои баландошёна, гулгаштҳои зебо маро ба ваҷд оварданд. Фаввораҳо гӯё бо ҳам мерақсиданд. Умуман, ҳама чиз бароям наву ҷолиб менамуд. Ман, ки қаблан ин ҳама зебоиҳоро тавассути оинаи нилгун дида будам, он замон ба худ мегуфтам: Душанбе аз наздик зеботару ҷаззобтар будааст.
Шоми он рӯз то дер дар кӯчаҳои шаҳр сайр кардаму аз зебоиҳо руҳи тозаву фараҳ ёфтам. Муҳимтар аз ҳама, Душанберо шаҳри амну ором дарёфтам. Акнун 12 сол аст, ки сокини ин шаҳри дилрабо ва шоҳиди бевоситаи рушду зеботар шудани Душанбе ҳастам. Ин муддат ман ҳам рушд кардам. Соҳибмаълумоту соҳибдиплом гардидам. Бале, ман аз деҳа ба дунболи орзуҳои ширин Душанбе омадам ва дар ин шаҳр ҳама орзуҳои ширинам амалӣ гаштанд.
Ҳар соате дилам хост, фарзандонамро ба сайри боғҳои шаҳр мебарам. Имрӯз Душанбе шаҳри сулҳу ҳамзистии миллатҳо, маркази рушди илму фарҳангу иқтисод, сайёҳӣ ва макони ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими башарият гардидааст. Биноҳои баландошёна, бунёди боғҳои муосир, аз ҷумла Маҷмааи Истиқлол, Ҷавонон, Алишери Навоӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Умари Хайём, ки зебову гулрезанд, ба Душанбе ҳусни тоза бахшидаву онро ба шаҳри дилрабои минтақа табдил додаанд. Ҷолиб ин аст: масалан, дар боғи Истиқлол, ки дар он, ҳамзамон, манораи ҳамном қомат афрохтааст, кас на танҳо фароғат мекунад, балки аз таъриху фарҳанги тоҷикон иттилои муҳиму муфид гирифта метавонад. Ин гуна шаҳрдорию шаҳророӣ чунин маъно дорад, ки масъулон на танҳо дар андешаи фароғати сокинонанд, балки аз ин роҳ дар бедории миллӣ, худшиносию худогоҳии онон мекушанд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
