Ба Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният»
Пиряхҳо ба захираи геостратегӣ табдил меёбанд
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дигар мансуби як кишвар набуда, омили рушди устувор, амнияти байналмилалӣ ва ояндаи инсоният аст: «Пиряхҳо дар сайёраи мо ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии оби нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо заминаро барои расидан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор муҳайё месозад».
Дар ҷаҳон беш аз 2 млрд. нафар ба оби нӯшокӣ дастрасии кофӣ надошта, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, то миёнаи аср тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон ба ин мушкилӣ мувоҷеҳ хоҳанд гашт. Ҳоло зиёда аз 70 дарсади захираҳои оби ширини замин дар пиряхҳо маҳфузанд. Моҳиятан, пиряхҳо «анбор»-и табиии сайёра мебошанд. Обшавии босуръати онҳо коҳиши захираҳои об, вайроншавии низоми гидрологӣ, афзоиши селу ярч, хушксолӣ ва ноустувории иҷтимоиро ба миён меорад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳсори ҷаҳон буда, дар он ҳоло қариб 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки қисми муҳими захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Агар пиряхҳо коҳиш ёбанд, ба иқтисоди миллӣ ва амнияти обии кишварҳои ҳамсоя низ таъсир мерасад.
Бо ташаббусҳои пай дар пайи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои обу иқлим ба рӯзномаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид ва дар сатҳи баланд баррасӣ гардиданд. Эътирофи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва оғоз гардидани «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025 - 2034)» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид далели равшани он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ин масъала ва нақши Тоҷикистонро дар ин раванд эътироф намудааст. Ин мавқеъ дипломатияи кишварро мазмуни нав бахшида, онро ба як кишвари таъсиргузор дар муносибатҳои байналмилалӣ табдил дод.
Амнияти обӣ маънои дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, имкони устувори истифодаи об барои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва эҳтиёҷоти аҳолиро дорад. Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги энергетикаи обӣ аст. Неругоҳҳои барқи обӣ ба ҳаҷми оби дарёҳо вобастагии мустақим доранд. Обшавии босуръати пиряхҳо, дар аввал, метавонад ҳаҷм ва ҷараёни обро зиёд кунад, аммо, баъдан, коҳиши захираҳои ях ва манбаи об ба амнияти энергетикӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо кафолати истиқлоли энергетикӣ буда, амнияти энергетикӣ унсури калидии Истиқлоли давлатӣ аст.
Кишоварзӣ дар минтақаҳои поёноб аз низоми устувори обёрӣ вобаста аст. Агар сатҳи об коҳиш ёбад, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ кам мешавад. Ин ба болоравии нархи маҳсулот, афзоиши вобастагӣ аз воридот ва заифшавии иқтисоди деҳот меоварад. Бинобар ин, пиряхҳо чун сарчашмаи асосии об бевосита ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсир мерасонанд.
Вақте ки об, неру ва озуқа зери таҳдид қарор мегиранд, сатҳи зиндагии аҳолӣ коҳиш меёбад. Ин метавонад ба афзоиши бекорӣ, муҳоҷират ва норозигии иҷтимоӣ оварда расонад. Аз ин нуқтаи назар, пиряхҳо як унсури муҳими пешгирии буҳронҳои иҷтимоӣ низ мебошанд.
Ҷанбаҳои илмӣ ва технологӣ. Аз нигоҳи илмӣ-оммавӣ, обшавии пиряхҳо ба маҷмуи омилҳои табиӣ ва антропогенӣ алоқаманд аст. Баландшавии ҳарорати миёнаи солона, зиёдшавии консентратсияи газҳои гулхонаӣ, тағйирёбии таркиби атмосфера ва фишори фаъолияти хоҷагидории инсон равандҳои обшавии пиряхҳоро суръат бахшидаанд. Ин раванд хусусияти занҷирӣ дорад, яъне, коҳиши майдони ях ба паст гардидани қобилияти инъикоси нурҳои офтоб оварда мерасонад, ки дар навбати худ гармшавии минбаъдаро тақвият медиҳад. Гуфтан мумкин аст, ки пиряхҳо нишондиҳандаи зиндаи тағйирёбии иқлим мебошанд. Ҳар як метри коҳишёфтаи ях боиси изтироб, дар асл, сигнали огоҳкунанда барои низоми глобалии иқлим аст.
Заминаи ҳуқуқии миллӣ. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамгироии илм, қонунгузорӣ ва амал нигаронида шуда, заминаи устувори ҳуқуқиест, ки пояҳои онро Конститутсия ва қонунгузории соҳавӣ ташкил медиҳанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳити зистро чун арзиши муҳими ҷамъиятӣ эътироф ва уҳдадориҳоро оид ба ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ муқаррар мекунад. Дар заминаи ҳамин меъёри асосӣ қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Кодекси об ва дигар санадҳои марбут ба истифодаи захираҳои табиӣ қабул гардидаанд. Ин қонунҳо принсипҳои истифодаи устувори табиат, масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, механизми назорати давлатӣ ва арзёбии таъсир ба муҳити зистро муқаррар менамоянд. Дар заминаи онҳо ҳар як лоиҳаи бузурги иқтисодӣ бояд аз ташхиси экологӣ гузарад. Ин талабот имкон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ бо ҳифзи пиряхҳо ва низоми обӣ дар мувозинат қарор гиранд.
Қабули «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» марҳилаи сифатан навро дар сиёсати экологии кишвари мо оғоз бахшид. Агар қонунгузории умумӣ принсипҳоро муайян намоянд, ин стратегия самтҳои мушаххаси амалро муайян месозад. Дар он таҳлили хавфҳои иқлимӣ барои соҳаҳои гуногун - аз энергетика то кишоварзӣ баррасӣ шуда, чораҳои мутобиқшавӣ пешбинӣ гардидаанд.
Дурнамои стратегии ҳифзи пиряхҳо. Бо назардошти таҳлили сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва илмии масъала ҳифзи пиряхҳо бояд ба сатҳи нави идоракунӣ бароварда шуда, хусусияти миллӣ ва байналмилалӣ дошта бошад. Дар ин замина, зарур аст, ки мафҳуми ҳифзи пиряхҳо ҳамчун нишондиҳандаи арзёбии амнияти экологии ҳудудҳо дар низоми банақшагирии минтақавӣ ворид шавад. Яъне, ҳангоми таҳияи нақшаву барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ мақомоти дахлдор вазифадор карда шаванд, ки таъсири фаъолиятро ба пиряхҳо арзёбӣ намоянд. Ин равиш имкон медиҳад, ки пайдо шудани хавфро пешгирӣ намоем. Ҳамчунин, пешниҳод менамоем, ки дар сатҳи байналмилалӣ лоиҳаи созишномаи байнидавлатӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳия гардад. Ин созишнома метавонад дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар сохторҳои минтақавӣ амалӣ шавад. Он бояд принсипҳои мубодилаи маълумот, ҳамоҳангсозии мониторинг, огоҳии саривақтии ҳамсояҳо дар бораи обшавии фавқулодаи пиряхҳо ва механизмҳои ҳамкории ҷуброни зарар ҳангоми осеб ба обҳои сарҳадиро танзим намояд. Чунин созишнома мавқеи Тоҷикистонро чун ташаббускори глобалӣ таҳким мебахшад ва заминаи ҳуқуқию воқеии ҳамкориҳои минтақавиро қавӣ мегардонад.
Дар сатҳи дохилӣ зарур аст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Кодекси об боби алоҳида ё моддаҳои иловагӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо ворид карда шаванд. Дар ин моддаҳо мафҳумҳои асосӣ талабот ба гузаронидани арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳангоми фаъолият дар наздикии пиряхҳо, инчунин, ваколати мақомоти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба мониторинги пиряхҳо муайян карда шаванд. Инчунин, ҷорисозии барномаи таълимии «Ҳуқуқи обии байналмилалӣ ва ҳифзи пиряхҳо» дар барномаи таълимии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дар донишгоҳҳо муҳим аст.
Хулоса, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим, ки ба низоми глобалии об, энергетика ва озуқаворӣ таъсир мерасонад, пиряхҳо ба захираи геостратегӣ мубаддал шуда, пояи суботи давлатанд. Давлате, ки сарчашмаҳои обии худро ҳифз мекунад, қодир аст истиқлоли иқтисодӣ, энергетикӣ ва иҷтимоии худро муҳофизат намояд.
Бежаншоҳ МАЪРУФИЁН,
донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
