https://sadoimardum.tj

Ба Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният»

Нисбати обу иқлим ғамхор бояд буд

№:48-49 (5100-5101), 24 апр 2026, 16:20
4

Обро ҳаёт мегӯянд. Бешак, ба ин неъмати пурбаҳо инсон, ҳатто ҳанӯз ба дунё наомада ниёз дорад. Одамӣ аз обу гил сиришта шудааст. Нуҳ моҳу нуҳ рӯзи мавҷудияти инсон дар батни модар бо об мегузарад ва ҳамин ки ба олами ҳастӣ омад, дарҳол ӯро бо об пок мекунанд ва дар охири кор низ бо об пок намуда, ба хок месупоранд. Бе об рӯзгори ҳаррӯзаро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз субҳ то хуфтан зиндагию корамон бо об аст.

Дар баробари ғизои пайвас­таамон, ки, асосан, аз об таркиб ёфтааст, мо либос мешӯем, оби зиёдеро барои мошиншӯӣ, ­фаъол кардани корхонаҳо истифода мебарем, вале, мутаассифона, ба об заҳру ифлосиҳои зиёдро ҳам мепартоем. Оби роҳатбахшро дар мошинҳои бароҳат нӯшида, зарфи холишударо аз тиреза ба берун ҳаво медиҳем. Либос мешӯем ва пасмондаи онро ба об мепартоем. Имрӯз аз дохили ҷӯю рӯдҳо ба ғайр аз моҳӣ тамоми чизҳои зарароварро пайдо кардан мумкин аст - аз пасмондаи пиёзу картошка, хӯроки чорво, бақлашкаю пойафзолҳои фарсуда сар карда, то ҳуребча… Носипосӣ ва бадрафторию беаҳамиятии мо - одамон ба об ва дигар неъматҳои табиат боиси бад шудани рӯзгорамон мегардад. Пас, чаро мо дар ин бора фикр намекунем?

Набояд фаромӯш кард, ки дар бисёр гӯшаю канори олам одамон аз нарасидани об танқисӣ мекашанд. Бино ба маълумоти коршиносон, имрӯз дар ҷаҳон тахминан 1,5 миллиард одам имконияти истифода бурдан аз оби ошомиданиро надорад. Беш аз 7 миллион нафар ҳар сол аз сабаби бемориҳое, ки вобаста ба об аст, ба ҳалокат мерасанд. Аз ин шумора 2,2 миллиони онҳоро кӯдакони то панҷсола ташкил медиҳанд. Ин пайомадҳоро ба назар гирифта Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол бо ташаббусҳои арзишманди хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ дар бобати истифодаи оқилонаи захираҳои об барномаҳои мукаммалу мушаххасро пешниҳод месозанд.

Тоҷикистон саргаҳи обҳои зулоли ошомиданӣ буда, пир­яхҳои бешумори кӯҳсорони мо манбаи бузурги обҳои поканд. Шаш фоизи ҳудуди кишвари моро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки дар онҳо тақрибан 845 км3 захираи обӣ маҳфуз аст. Дар кишвари мо 947 дарё ва 1300 кӯл бо масоҳати 705 км2 вуҷуд дорад. Ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон аз он ҷумлаанд. Кӯли машҳури Сарез, даҳҳо кӯлҳои табиии оби мусаффо, рӯдҳои хурӯшон, чашмаҳои нуқрагуни кӯҳҳои Тоҷикистон саршори обҳои зулоли бебаҳо дар ҷаҳонанд.

Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ на фақат барои мардуми мо, балки ба тамоми сайёра муҳим ва заруранд. Дар ҳамаи соҳаҳо ва зиндагии ҳаррӯза бояд истифодаи оқилонаю сарфакоронаи обро роҳандозӣ кард. Махсусан, олимону мутахассисони соҳаи аграрӣ ва кишоварзон бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд. Тибқи гуфтаи коршиносони соҳа, зимни обёрии муқаррарӣ аз 30 то 60 фоизи об бебозгашт талаф меёбад, яъне ҳар қатраи об арзиш дорад. Бинобар ин, айни ҳол истифодаи усули обдиҳии қатрагӣ дар баъзе ҷойҳо роҳандозӣ шудааст. Кишварҳое, ки бо ин усул боғу киштзорро обёрӣ мекунанд, натиҷаҳои хуби илмию амалӣ ба даст овардаанд. Чин ва Ҳиндустон ду кишваре мебошанд, ки бузургтарин майдони обёришаванда доранд. Истифодаи оқилонаи об ва усули обёрии қатрагӣ дар ин кишварҳо ба баланд бардош­тани ҳосилнокии зироатҳо ва паст кардани сатҳи камбизоатии деҳот мусоидат кардааст.

Дар баробари тағйирёбии иқлими сайёра муносибати ноодилонаю беандешонаи мо - одамон нисбати муҳити атроф ва неъмати пурбаҳои об имрӯзҳо боиси нигарониҳои бузург гардидааст. Тӯфону обхезиҳо, фаромадани ярчу тармаҳо, обшавии босуръати пиряхҳо тамоми кураи заминро фаро гирифтааст.

Дар Тоҷикистон имкон ва омилҳои маънавию иқтисодӣ мавҷуд аст ва бо истифодаи оқилонаю андешмандонаи фарҳанги бою маънавиамон, захираҳои бузурги об, иқлими хуби офтобӣ ва ғайра метавон мушкилоти мавҷударо коҳиш дод.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

рӯзноманигор

Ҳамчунин дигар маводҳо: