Ба Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният»
Ҳифзи пиряхҳо таҷрибаи Тоҷикистон намунаи ибрат аст
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кишвари пешсаф ва калидӣ дар масъалаи ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо эътироф шудааст, ки ин эътирофи баланди ҷаҳонӣ натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва дурандешии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ собит сохт, ки метавонад дар ҳалли масъалаҳои сарнавиштсози башарият нақши бориз ва таърихӣ дошта бошад.
Воқеан пиряхҳо танҳо кӯҳҳои азими яхин ё манзараи зебои табиат нестанд. Онҳо барои сайёраи мо нақши «яхдонҳои табиӣ»-ро мебозанд, ки ҳарорати заминро муътадил нигоҳ дошта, мувозинати экологиро таъмин мекунанд. Агар ин «яхдонҳо» аз байн раванд, низоми зиндагӣ дар рӯи замин халалдор мешавад. Пешвои миллат бо дарки амиқи ин масъала аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳо ҷаҳониёнро огоҳ карданд, ки обшавии пиряхҳо фоҷиаи маҳаллӣ ё минтақавӣ не, балки хатари бузурги умумибашарист. Маҳз ҳамин садоқат ба ояндаи инсоният боис шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои Тоҷикистонро якдилона қабул намояд. Ҳамин аст, ки силсилаи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим имрӯз пояҳои асосии дипломатияи экологии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Қабули қатъномаҳо дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва, бахусус, эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нишон доданд, ки Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳониро ба амалҳои мушаххас ҳидоят мекунанд. Ин ташаббусҳо замина гузоштанд, ки давлатҳои сарватманду тавоно ва созмонҳои байналмилалӣ сармоя ва таваҷҷуҳи худро ба омӯзиш ва ҳифзи ин захираҳои табиат равона созанд.
Барои ҳар як сокини кишвари мо мояи ифтихори бузург аст, ки маҳз бо иқдоми Пешвои миллати мо 21-уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд. Эълон намудани «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» идомаи мантиқии ин раванд мебошад. Қобили зикр аст, ки криосфера тамоми қабати яхбастаи сайёраи мост, ки на танҳо пиряхҳои кӯҳӣ, балки барфҳои доимӣ, яхҳои қутбӣ ва ҳатто яхҳои зеризаминиро дар бар мегирад. Пешвои миллат бо пешниҳод намудани ин даҳсола нишон доданд, ки мо набояд танҳо бо ҳифзи пиряхҳо маҳдуд шавем.
Мавриди зикр аст, ки пиряхҳои Тоҷикистон, асосан, дар кӯҳистони Помир ва водии Зарафшон ҷойгир шуда, 6 фоизи масоҳати кишварро дар бар мегиранд, вале, мутаассифона, натиҷаҳои тадқиқот ва мушоҳидаҳои моҳвораии даҳсолаҳои охир нишон медиҳанд, ки раванди обшавии пиряхҳо дар кишвари мо низ босуръат идома дорад. Тӯли чил соли охир бисёр пиряхҳои хурдро комилан аз даст додем ва ҳаҷми умумии яхҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ҳавзаҳои дарёҳои муҳиме, ки ҳаёти иқтисодӣ ва кишоварзии моро таъмин мекунанд, камшавии масоҳати пиряхҳо баръало мушоҳида мешавад. Ин ҳушдорест, ки мо бояд ба илми глятсиология такя кунем ва роҳҳои илмии пешгирии ин хатарҳоро пайдо созем.
Пиряхҳо мисли сарбанди табиии об ҳастанд, ки дар зимистон обро захира карда, дар тобистон, вақте ки ҳаво гарм ва эҳтиёҷ ба об зиёд мешавад, онро тадриҷан равон мекунанд. Агар пиряхҳо аз байн раванд, ин тавозуни табиӣ вайрон мешавад.
Бинобар ин, ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи башардӯстона доранд. Онҳо барои ҳимояи зиндагии осоишта ва таъмини амнияти озуқавории наслҳои оянда равона шудаанд. Пешвои миллат бо сиёсати созанда собит карданд, ки рушди иқтисодӣ ва ҳифзи табиат метавонанд бо ҳам созгор бошанд. Ин таҷрибаи Тоҷикистон дастовардест, ки метавонад барои кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат бошад.
Исмоил АЛИЕВ,
докторанти PhD-ии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
