Ба Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният»
Марги пирях танҳо аз даст додани ях нест
Ин зарбаи марговар ба экосистемаҳо, иқтисодиёт ва сохтори иҷтимоии мо мебошад
21-уми марти соли равон дар баробари Ҷашни Наврӯз Рӯзи умумиҷаҳонии пиряхҳо низ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил шуд. Ин рӯз мардуми сайёраро ба амалҳои глобалӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва нигоҳдории нақши муҳими онҳо дар посдории зиндагӣ ба хотири наслҳои оянда водор месозад.
Айни ҳол дар ҷаҳон беш аз 275 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки майдони 700 ҳазор километри мураббаъро ишғол намудаанд ва, тақрибан, 70 дарсади захираҳои оби нӯшокии сайёраи заминро дар худ ҷо кардаанд.
Пиряхҳо манбаи аслии оби нӯшокӣ, бахусус барои мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ, маҳсуб мешаванд. Қариб 80 дарсади оби дарёҳои бузурги минтақа – Ому, Сир, Зарафшон ва монанди инҳо аз ҳисоби обшавии барфу пиряхҳо мебошад. Ин дарёҳо одамон, соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва экосистемаҳои табииро бо об таъмин менамоянд. Вале, мутаассифона, бар асари гармшавии сартосарии ҳаво ҳаҷму теъдоди пиряхҳо босуръат коҳиш меёбанд.
Мутобиқи арзёбиҳои илмӣ, дар давоми 50-70 соли охир ҳаҷми пиряхҳои Осиёи Марказӣ, тақрибан, 20-25 дарсад кам шудааст. Пӯшиши барф низ дар болои пиряхҳои кӯҳҳои минтақа дар қиёс ба солҳои аввали аср 30-40 рӯз камтар дошт медиҳад. Агар суръатҳои кунунӣ боқӣ монанд, минтақа то соли 2050, тақрибан, 50 дарсади пиряхҳои худро аз даст хоҳад дод. Ин бошад, ба коҳиши захираҳои об, афзоиши рақобат барои об, зери хатар қарор гирифтани амнияти озуқаворӣ, коҳиш ёфтани ҳосили ғалла, мева, пахта ва шиддати осебпазирии иқлимӣ оварда мерасонад.
Ба навиштаи коршиносон, пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об мешаванд. То имрӯз аз 14 ҳазор пирях беш аз 1300 адад пурра аз байн рафтааст. Дар давоми чанд даҳсола ҳаҷми умумии пиряхҳои кишварамон, ки беш аз 60 дарсади захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, қариб 30 дарсад коҳиш ёфтаанд. Имрӯз ҳаҷми пиряхҳои мо ба 845 километри мукааб ва майдони онҳо ба 6-8 дарсади ҳудуди кишварамон баробар мебошад.
Кӯҳистони Помири Тоҷикистон яке аз минтақаҳои бузургтарини пиряхҳо дар сайёра маҳсуб мешавад. Ин минтақа зиёда аз 7 ҳазор қулла дорад, ки баландии беш аз 100 қуллааш аз 7 ҳазор метр афзунтар аст. Дар байни пиряхҳои Помир бузургтаринаш Ванҷях мебошад, ки бо майдони 700 километри мураббаъ ва дарозии 77 километр дар ҷаҳон назир надорад.
Мутобиқи иттилои мавҷуда, вазъи пиряхҳои Помир ҳам ташвишовар аст. Чунончӣ, дар давоми 70-80 соли охир дарозии Ванҷях беш аз 1 километр, майдони он 44 километри мураббаъ ва яхи он ба андозаи 2 километри мукааб кам шудааст. Суръати коҳишёбӣ солона 15-20 метрро ташкил медиҳад.
Пиряхи Зарафшон дар давоми 25 соли охир се километр коҳиш ёфтааст ва ҳар сол ҳафтметрӣ кам шуда истодааст. Пиряхи Ҳисор бошад, дар 70 соли охир сеяки майдон ва нисфи ҳаҷми худро аз даст додааст.
Дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон низ бар асари гармшавии сартосарӣ обшавии пиряхҳо ба мушоҳида мерасад. Чунончӣ, Венесуэла баъди Словения дувумин кишваре шуд, ки ҳамаи пиряхҳои худро аз даст дод. Дар Озарбойҷон пиряхҳо танҳо дар қуллаҳои баландтарини кӯҳҳои Кавказ боқӣ мондаанд. Майдони онҳо дар бист соли охир аз 3,4 километри мураббаъ то 0,8 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Непал ҳам чанде пеш аз талаф ёфтани пиряхи машҳури худ - Яла ҷаҳонро огоҳ кард. Ба навиштаи пажуҳишгарони Академияи илмҳои Австрия, дар қисмати шарқии қаторкӯҳҳои Алп, ки бо осоишгоҳҳои зимистонаи худ машҳуранд, мумкин аст то соли 2050 пиряхҳо бар асари гармшавии сартосарӣ пурра аз байн раванд.
Амина Муҳаммад, муовини якуми Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, зимни суханронии худ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе зикр намуд, ки оқибатҳои ногувори обшавии пиряхҳо дар сартосари ҷаҳон эҳсос мешавад. Ба пиндори ӯ, «марги пирях танҳо аз даст додани ях нест. Ин зарбаи марговар ба экосистемаҳо, иқтисодиёт ва сохтори иҷтимоии мо мебошад».
Гармшавии босуръат давраҳои мавсимиро ҳам тағйир додааст. Баҳор барвақт меояд, тирамоҳ ба дарозо мекашад. Замони авҷи обшавии пиряхҳо акнун аз аввали август ба аввали июл кӯчидааст ва муҷиби дарозтару хушктар гаштани охири тобистон шудааст. Қоидахилофии иқлимӣ ба меъёри нав табдил ёфтааст ва он боронҳои сели мавсимӣ, обхезӣ ва хокрезиҳои ташвишоваре дар пай дорад.
Иллати аслии болоравии ҳарорат ифлосшавии ҳаво мебошад. Аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рейтинги ҷаҳонии дараҷаи ифлосии ҳаво дар зинаҳои баланд ҷойгиранд. Танҳо дар соли 2022 моҳвораҳо 184 ҳодисаи ба ҳаво сар додани миқдори бузурги метанро аз конҳои нафту гази ин минтақа сабт кардаанд. Метан гармиро дар атмосфера хеле муассиртар аз гази карбон нигоҳ медорад.
Танҳо андешидани чораҳои қатъии мушаххас ва ҳамоҳангшуда ҷиҳати коҳиш додани партовҳо ба атмосфера, бахусус метан, ки гармшавиро кунд карда метавонанд, дигар тадбирҳо муассир ба назар намерасанд. Агар пиряхҳоро ҳифз карда натавонем, ояндаи минтақа зери суол меравад.
Аз ин ҷост, ки тағйирёбии иқлим ва бартарафсозии оқибатҳои онро яке аз мушкилоти ҷиддитарини имрӯз унвон кардаанд. Таъсири манфии ин раванди глобалии муосир на танҳо ба миқдору сифати захираҳои оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон дида мешавад.
Бо мақсади дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳал намудани ин проблема 14-уми декабри соли 2022 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷараёни иҷлосияи 77-ум бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қабули қатъномаи худ соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуд. Ин қатъномаи камназир ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро дар бар гирифтааст. Қобили зикр аст, ки ин пешниҳоди Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 153 давлати узви СММ пазируфта шудааст.
Дар асоси ин қатънома 21-уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шуданд. Ҳамчунин, дар мавриди таъсиси Фонди байналмилалии боварии назди СММ ҷиҳати мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 дар шаҳри Душанбе барпо кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо қарорҳо қабул шуданд.
Рӯзҳои 29 май - 1 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ ва ЮНЕСКО нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир шуд, ки дар кори он беш аз 2500 намоянда аз 90 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Конфронс нақши калидии пиряхҳоро дар нигаҳдошти мувозинаи глобалии экологӣ ва ҳалли мушкилоти об таъкид намуд ва ба муттаҳидсозии кӯшишҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо бо истифода аз пажуҳишҳои илмӣ, инноватсия ва таҳияи сиёсати мувофиқкардашуда даъват кард.
Конфронс бо қабули Эъломияи Душанбе, ки уҳдадориҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва тавсияҳо барои тадбирҳои ояндаро дар бар гирифт, ҳусни анҷом ёфт. Метавон гуфт, Эъломияи Душанбе ҳуҷҷати стратегии асри XXI мебошад, ки зарурати фаврии муттаҳидсозии кӯшишҳоро ҷиҳати бартарафсозии пасомадҳои тағйирёбии иқлим инъикос менамояд. Дар он аҳамияти пажуҳишҳои илмӣ ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи ҳаётан муҳими оби нӯшокӣ таъкид шудааст.
Таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бошад, яке аз воситаҳои асосии иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, маблағгузории лоиҳаҳои нигоҳдории пиряхҳо мебошад. Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз афзалиятҳои гузариш ба рушди устувор муайян карда шудааст. Таваҷҷуҳи махсуси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба лоиҳаҳои ҳифз ва мониторинги вазъи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон равона карда мешавад.
Нақши Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ҳам барои рушди устувори кишвар ва ҳам барои пешрафти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ фавқулода муҳим мебошад. Ба шарофати сиёсати муваффақи байналмилаливу дохилӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳон намуна нишон доданд, ки чӣ гуна як кишвар метавонад дар ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми қобили таваҷҷуҳ бигирад.
Ҳамчунин, умедворем, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ба ҳифзи саривақтӣ ва нигоҳдории минбаъдаи пиряхҳо ҳам дар сатҳи кишварамон ва ҳам дар сатҳи ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд.
Камоли ҚУРБОНИЙОН,
сардори раёсати тарҷума ва таҳрири Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
