https://sadoimardum.tj

Ба Озмуни «Ҳифзи пиряхҳо - омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният»

Манбаи бузурги об осебпазир гардид, зеро...

№:54 (5106), 04 май 2026, 15:17
2

Айни замон, тақрибан, дар 80 кишвари ҷаҳон, ки макони зисти 40 дарсади аҳолии сайёра мебошанд, норасоии об ҷой дорад. Тибқи ҳисоби коршиносони байналмилалӣ, аз соли 1900 то 1995 истеъмоли об то 6-7 маротиба афзоиш ёфтааст, ки ду баробар аз суръати афзоиши аҳолӣ зиёд мебошад.

Агар дар соли 1995 ҳаҷми умумии гирифтани об дар ҷаҳон 3750 км3/сол ва истеъмоли он 2280 км3/солро ташкил дода бошад, бо назардошти дурнамои рушди иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим истеъмоли солонаи об дар солҳои наздик метавонад то 10 000 км3/сол баробар шавад. Инчунин, пешгӯӣ шудааст, ки истифодаи об дар кишварҳои пешрафта 15-35 дарсад ва дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ то ба 200-300 дарсад афзоиш меёбад. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ давлатҳо бояд маблағи зиёд харҷ намоянд. Вазъи дастрасӣ ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронкунанда аст, зеро қисми зиёди масоҳати кишварҳои ин гӯшаи олам дар мавзеъҳои хушк (аридӣ) ҷойгир мебошанд.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пайваста диққати ҷомеаи ҷаҳониро барои андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷалб менамоянд. Бинобар муҳимият силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат аз ҷониби СММ бо иттифоқи оро ҷонибдорӣ ёфта, дар асоси онҳо қатъномаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул гардиданд. Бо қатъномаҳои махсуси ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҷузъе аз ин раванд маҳсуб мешаванд.

Моҳи декабри соли 2022 бо қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шуд. Дар ҳамин асос 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Дар пойтахти кишвари мо аз 29 то 31 майи соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд. Баъд аз анҷоми конференсия Эъломияи Душанбе қабул гардид, ки дарбаргирандаи мушкилоти марбут ба пиряхҳо ва обу иқлим ба шумор меравад. Дар эъломия даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти обу иқлим роҳандозӣ шуда, корбарӣ бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид тақвият дода шаванд. Инчунин, ҷалби бештари маблағгузориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои паст намудани коҳишёбии босуръати пиряхҳо ва ҳамкории дастҷамъона ҷиҳати пешгирӣ аз гарм­шавии иқлим ба роҳ монда шавад.

Қатъномаи дигари Созмони Милали Муттаҳид бо номи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034», ки 13 августи соли 2024 қабул шуд, такони ҷиддӣ барои ҷоннок намудани фаъолияти коршиносон ва муҳаққиқони илми пиряхшиносӣ гашт. Ин ҳуҷҷати байналмилалӣ тақвият бахшидани пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши пиряхҳо ва равандҳои паҳнгаштаи табиӣ дар тамоми криосфераро пешбинӣ менамояд.

Мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар нимаи дуюми қарни гузашта тамоми минтақаҳои яхпӯши сайёра дар ҳолати таназзул қарор доштанд. Нимаи аввали асри гузашта (1930-1940) ҳарорати ҳаво хело баланд буд ва ин боиси камшавии ҳаҷми пиряхҳо гашт. То соли 1980, бинобар нисбатан сард гаштани ҳавои атмосфера, ғизогирии пиряхҳо хубтар гашта, тамоюли устуворӣ ва афзоиши ҳаҷми онҳо ба назар расид, вале ҳарорати ҳаво аз солҳои 80-уми асри гузашта боз баланд шуд ва ин тамоюл ба ҳаҷм ва андозаи пиряхҳо таъсири манфӣ расонд. Дар натиҷа, пиряхҳои баландкӯҳи Осиёи Миёна ба обшавии босуръати навбатӣ оғоз намуд.

Аз ин лиҳоз, гузаронидани таҳқиқот ва пажуҳиши тағйироте, ки дар криосфера ҷараён мегиранд, аҳамияти калидӣ дорад, зеро дар натиҷаи омӯзиш маълумоти мукаммал оид ба азхудкунии чунин минтақаҳо ба даст оварда мешавад. Минбаъд имкон фароҳам меояд, ки тадбирҳои муассир ҷиҳати кам кардани обшавии босуръати пиряхҳо, пешгирии сар задани офатҳои табиӣ андешида шаванд.

Абдусалом МАҲМАДАЛИЕВ,

корманди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои геология ва минералогия

Ҳамчунин дигар маводҳо: