Тақриз
«Паланги қуллаҳои барфпӯш»
Бо ҳамин ном асари шоири номошно Ворис тасодуфан ба дастам афтод, ки онро соли 2020 нашриёти «Шарқи озод» интишор намудааст. Рӯзноманигорони варзида Алиҷон Ҷӯра ва Б. Набиева барои нашри китоб фотиҳаи нек додаанд.
Бо муаллифи китоб, шоири ширинкалом Ворис ду сол пеш, дар Рӯзи ҷавонон вохӯрдам ва ин шиносоӣ баъдан ба дӯстӣ мубаддал гашт. Ҳолиё ҳар боре ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» равам, ҳатман аз ҳолу аҳволаш огоҳ мешавам.
Китоб аз пешгуфтор ва 16 боб иборат буда, аз ҳаёт ва фаъолияти табиби ҳозиқ, марди суханвару маҳфилоро ва куҳнаварди шуҳратманди тоҷик Маҳмурод Ашуров қисса мекунад. Мавриди зикр аст, ки «Паланги қуллаҳои барфпӯш» нахустин асарест дар бораи пизишкон, хоса куҳнавардон ва заҳмати муаллиф барои таълифи чунин асари ҷолибу хонданбоб сазовори таҳсин аст.
Воқеан, муаллиф ҳаёту фаъолияти марди наҷиб Маҳмурод Ашуровро бисёр мӯшикофона, возеҳ ва дар айни замон, хонданбоб ба қалам додааст. Дар кушодани чеҳраи қаҳрамонаш муваффақ гардидааст. Роҳи ҳаёти қаҳрамонашро аз рӯзи аввали ба касби табибӣ шуғл варзидан, сипас ба куҳнавардӣ пайвастани ӯро бо маҳорати хос ба тасвир кашида. Ба ин нигоштаи муаллиф таваҷҷуҳ намоед:
- Ин ҳодиса ба таври ногаҳонӣ рух дод. Маҳмурод шоду фараҳманд ба долони донишкада баромад. Ӯ, ки охирин имтиҳонро бо баҳои аъло супорида буд, худро озоду сабукбол ҳис мекард. Дар сар фақат як хаёл дошт. Ба деҳа, ба назди модари меҳрубонаш меравад ва таътилро он ҷо мегузаронад. Аммо…
- Ҷавони зебо! – садои каме ҷарангосии занона ӯро ба худ овард. Баргашт, дар рӯ ба рӯяш зани зебоандоми кушодачеҳраеро бо мӯйи хурморанги ҷингиланамо дид, ки бодиққат ба вай менигарист.
- Майли дар лагери куҳнавардон дам гирифтан дорӣ?! – бе салому пурсупос якбора матлабашро баён кард бону.
Аз ин пурсиши ногаҳонӣ Маҳмурод ҳайрон шуда бошад ҳам, кунҷковиаш боло гирифта, суоломез ба зан муроҷиат кард:
- Лагери куҳнавардон?!
- Бале, нархаш қимат не, ҳамагӣ бисту ҳашт рубл.
Маҳмурод лаҳзае ба фикр фурӯ рафт. Зан дид, ки ҷавонмард дудила шуд, зуд ба гап даромад.
- Дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаккашида, канори рӯди сармаст, чаманзорҳои пур аз гулу гиёҳ, ҷангалҳои анбӯҳи сарсабз дам гирифтан аҷаб лаззате дорад. Агар ба он ҷо равӣ, ҷаҳони дигареро барои худ кашф мекунӣ.
Ана ҳамин даъвати зан боис гардид, ки Маҳмурод Ашуров бо дастгирии устодаш Владимир Машков ва Игор Гедман қуллаи кӯҳи Исмоили Сомониро фатҳ ва пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино китоби арзишмандеро бо номи «Тибби Ҳисор» таълиф кунад.
Муаллиф дар асар аз ҳаёти нависандаи машҳур, собиқ раиси Суди Олии Тоҷикистон Ҳабибулло Назаров низ лаҳзаи ҷолиберо ба хонанда хотиррасон намудааст:
- Он рӯз маро Темур ба Душанбе бурд. Рост ба беморхонаи ҳукуматӣ рафтем, - нақл кард Ҳабибулло Назаров, - маро зуд бистарӣ карданд. Лаҳзае нагузашта духтурони зиёде болои сарам ҷамъ шуданд. Онҳо рӯзи дигар боз наздам омаданду якеашон гуфт:
- Устод, ҳамаи мо бодиққат бемории шуморо ташхис кардем, ниҳоят, маълумамон гашт, ки шуморо офтоб задааст.
Ман аз шунидани ин гап хандидам. Онҳо пурсиданд, ки чаро механдед? Гуфтам:
- Табибе, ки дар беморхонаи деҳаи мо кор мекунад, маро муоина кардан замон гуфта буд, ки шуморо офтоб задааст.
- Он табиб пир буд ё ҷавон? – пурсиданд.
- Ҷавон.
- Табиби ҳозиқ будааст, шумо метавонед ба ӯ бовар кунед, - гуфтанд.
Шоёни таҳсин аст, ки муаллифи асар аз кирдор ва рӯзгори Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, чор карат вакили Шурои Олӣ, зани матинирода, модари меҳрубони қаҳрамони асосии асар Қимматой Ашурова маълумоти басо шавқовару бо ҳикмат ба хонандагон пешниҳод намудааст. Аз ин нигошта хонанда саҳми модарро дар тарбияи дуруст ва роҳи мунаввари минбаъдаи фарзанд дарк мекунад.
«Паланги қуллаҳои барфпӯш»- и Ворис бо сабки равон, оммафаҳм, сода ва бо як эҳсоси баланди хушгуфторӣ пешкаши хонандагони хушзавқ гардидааст.
Бурди дигари муаллиф он аст, ки дар асар аз ҳодисаю фоҷиа, садамаву воқеаҳои куҳнавардӣ, муколамаю зарбулмасал, ривояту андарзҳои халқӣ ва шеъру ғазалҳои шоирони классику муосир дар мавқеи худ, фаровон ва бо меҳри саршор истифода шудааст.
Зариф ҒУЛОМ,
адиб
Ҳамчунин дигар маводҳо:
