Дарси 9-уми май
Шабҳо тӯлонӣ буданд барои модарони чашм ба роҳ. Он солҳо қариб пушти ҳар тирезаи хона модаре нишаста буд, дуо бар лаб. Вақте номае мерасид, дили модарон аз ҳаяҷон меларзид.
Модарон бо умед ба роҳ менигаристанд, ба ҳамон роҳе, ки писаронашонро ҷанг фиристода буданд. Гоҳе ба осмон нигариста, зери лаб мегуфтанд: «Фақат зинда баргардад…». Баъзеҳо баргаштанд, аммо яке бе по, дигаре бе даст. Қисми дигар бе ному нишон шуданд.
Модарон ба ёди фарзандону ҳамсарони аздастдодаи хеш хун мегиристанд. Баъд аз гирифтани «хати сиёҳ» дигар табассум барои ҳамеша аз лабонашон дур шуд. Ҷавонзаноне, ки шавҳаронашон бенишон гаштанд, дар интизорӣ пир шуданд. Бисёр тифлакон умре аз дидори падар бенасиб монданд. Падаронашонро танҳо дар аксҳо медиданд. Онҳо на танҳо падарони худро, балки пораи муҳими зиндагиашонро аз даст дода буданд.
Барои ғалаба занон, кӯдакон ва пиронсолон дар ақибгоҳ кор карданд. Шабу рӯз дар саҳро ва коргоҳҳо меҳнат намуданд, то фронт бе ғизо намонад. Дар ин давраи хеле душвор ҳар як инсон масъулият ва ҳамбастагиро эҳсос мекард. Маҳз ҳамин ҳамбастагии инсонҳо буд, ки мардум ба душвориҳо тоб овард, ба ғалаба расид. 9-уми майи соли 1945 ҷаҳон нафаси озод кашид. Ҷанге, ки солҳо дар он хуни миллионҳо инсон рехт, ба поён расид. Ин мужда барои одамон лаҳзаи шодӣ буд.
Аз ин рӯ, Рӯзи Ғалаба танҳо як хотира нест. Ин ҷашн моро водор месозад ба гузашта назар кунем ва аз он сабақ гирем. Муҳимтарин паёми 9-уми май сулҳ аст.
Имсол аз ин сана 81 сол пур шуд. Зиёрати оромгоҳи шаҳидон ва гиромидошти наҷотёфтагони ҷанг як қисми муҳими чорабиниҳои ин рӯз аст. Ин ҳама ба он хотир аст, ки насли нав фаромӯш накунад: сулҳ бо заҳмату қурбонии зиёд ба даст омадааст.
Рӯзи Ғалаба моро меомӯзонад, ки таърихро фаромӯш накунем, қаҳрамонии гузаштагонро пос дорем ва ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта бирасем.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
