Ду фарзанди Деваштич
Рӯзи Ғалаба аз муҳимтарин саҳифаҳои таърихи башарият аст, ки дар он пирӯзии адолат бар зулм, нур бар торикӣ ва иродаи инсон бар ваҳшонияти ҷанг таҷассум ёфтааст. 81 сол сипарӣ мешавад, аммо хотираву корнамоиҳои фарзандони шуҷои миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон, ҳамоно ҷовидон аст. Ин ҷанг на танҳо набард барои ҳифзи Ватан, балки имтиҳони бузурги руҳию ахлоқии инсон буд.
Тоҷикон дар баробари дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанги хонумонсӯз саҳми арзанда гузошта, бори дигар халқи ватандӯст, матин ва содиқ эътироф шуданд. Фидокориҳои онҳо дар майдони набард ва пушти ҷабҳа, заҳмати шабонарӯзии занону пиронсолон ва ҳатто кӯдакон ҷиҳати таъмини ғалаба барои насли ҷавони имрӯза мактаби бузурги тарбия аст.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳамагӣ ду нафар аз он насли қаҳрамон дар қайди ҳаётанд. Саргузашти онҳо достони ҷасорат, матонат ва муҳаббат ба Ватан аст. Бибола Рӯзиматов яке аз онҳост, ки ҳоло 102 сол дорад. Соли 1924 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Деваштич ба дунё омада, соли 1943 ба фронт меравад. Дар озод намудани Украина ва як қатор кишварҳои Аврупо саҳм гузошт. Рӯзи Ғалабаро дар Олмон истиқбол гирифт ва баъдан дар ҷанги зидди Япония низ ширкат варзид.
Аз 16 ҷавони деҳаи онҳо, ки ба ҷанг рафта буданд, танҳо 4 нафар баргаштанд.
Баъд аз бозгашт ба Ватан ба сохтмон машғул шуд, то расидан ба синни нафақа содиқона хизмат кард. Аз зиндагӣ розист ва шукрона мекунад, ки дар Ватан сулҳ побарҷост. Бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1 ва медалҳо қадр шудааст. Аммо барои ӯ аз ҳама мукофоти бузург эҳтирому ғамхории давлат ва ҷомеа, инчунин, муҳаббати наздикон мебошад.
Қаҳрамони дигар - Нозим Носиров, сокини деҳаи Навободи ҳамин ноҳия, ба синни 101 расидааст. Ӯ аз рӯзҳои аввали ҷанг ихтиёран ба фронт рафт. Ҳамчун пулемётчӣ дар муҳорибаҳои шадид ширкат намуда, борҳо маҷруҳ шуд. Пас аз табобат боз ба майдони ҷанг баргашта, то Рӯзи Ғалаба дар сафи ҷанговарон монд. Аз шаш ҷавони деҳаашон, ки ба ҷанг рафта буданд, танҳо ӯ ба Ватан баргашт. Баъд аз ҷанг ӯ тамоми умр дар хоҷагии қишлоқ кор кард. Имрӯз Нозим-бобо бо ҳамсари меҳрубонаш Онахон Гадойбоева, ки синнаш ба 96 расидааст, зиндагии орому пурфайз доранд ва ҳаёти онҳо намунаи ибрат барои ҷавононест, ки орзуи зиндагии хушбахтона доранд.
Рӯзи Ғалаба танҳо як санаи одӣ не, рамзи ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳост. Он моро водор месозад, ки гузаштаро фаромӯш накунем, ба сулҳу оромӣ арҷ гузорем ва барои фардои боз ҳам ободу осоишта талош варзем.
Саргузашти ин ду ҷанговари шуҷоъ достони тамоми як насл аст. Насле, ки бо ҷоннисорӣ сулҳро ба мо мерос гузошт. Арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо ва идома додани роҳашон вазифаи муқаддаси ҳар кадоми мост.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
