Ҳақиқати собитшуда
Сухане чанд аз қаҳрамонии бонувони тоҷик дар ҶБВ
Замони авҷи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳине ки даҳшати ин ҷанги хонумонсӯз ҷаҳонро ба ларза оварда буду ҳар рӯз аз ҷабҳа ба 15 ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ «хати сиёҳ»- и афсарон мерасид, чанде аз бонувони тоҷик чун Гурдофарид ба ҳимояи Ватан бархостанд.
Муҳорибаи назди шаҳри Смоленск идома дошт. Ба полки авиатсионии наздики шаҳр, ки дар хати пеши ҷанг меразмид, аз диёри кӯҳҳои сар ба афлок духтари сияҳчашму сияҳмӯе (ибораи командири полк Лапко) ҳозир шуд. На ба ҳайси ошпаз ва на чун ҳамшираи тиббӣ, балки чун лётчик-ҷанговар. Он духтари ҷасур Ойгул Муҳаммадҷонова буд, ки ба қасди душман, дар шумори ҳазорон мардони гурд ба ҳимояи Ватан бархост.
Ҳузури ӯ дар ҷабҳа, балки хати пеши разм, ки коршиносон даҳшатноктарин дар таърих шумурдаанд, ихтиёрӣ буд. Ӯ бо амри дил ба ҷанг рафт. Рафт, то қарзи инсониву фарзандиашро назди Меҳан ба ҷо орад.
Муҳаққиқ А. Набиев дар китоби «Ватандӯстии занони Тоҷикистон» дар бораи Ойгул Муҳаммадҷонова нигоштааст, ки исми ин бону на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар ҷумҳуриҳои бародар машҳур буд. Аввалин лочиндухтари тоҷик мебошад, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ худ ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Набиев, ҳамчунин, нигоштааст, ки Ойгул хоҳиши ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанашро дар аризаи худ ба комиссариати ҳарбӣ чунин иброз намуда буд: «Дар солҳои сахти ҷанг мехоҳам Ватани азизи худро аз истилои Гитлер то қатраи охирини хун муҳофизат намоям».
Маҳз ба ҳамин хотир, ба Техникуми авиатсионӣ шомил шуда, мутахассиси ҳарбӣ - лётчик шуд. Баъд аз хатм ба полки авиатсионии назди шаҳри Смоленск рафт. Дар эскадрон, ки лётчикҳои собиқадору куҳансол фаъолият доштанд, Ойгули ҷавонро хуш пазируфтанд ва ба ҷойи лейтенанти ҳалокшуда - Петров сарнишин таъин намуданд.
Дар нахустин парвози таҷрибавӣ ҳавопаймои Ойгулро командири полк Лапко назорат мекунад. Ӯ мебинад, ки Ойгул сафро вайрон намекунад. Мувозинатро дар фазо дуруст нигоҳ медорад. Назди хати фронт душман ба онҳо ҳуҷум овард. Ҳайат худро муҳофизат намуд. Маҳз дар ҳамин ҷо Ойгул аз имтиҳони ҷангӣ гузашт.
Дар номае, ки Лапко оид ба корномаи нахустини ҷангии лётчикдухтари тоҷик Ойгул нигоштаву онро 28 октябри соли 1943 рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» нашр намудааст, чунин омада: «Ӯ як самолёти душманро зада афтонда, дуюмашро зери оташ гирифт ва бо кумаки шариконаш онро аз кор баровард. Мо ҳуҷуми душманро гардонда, худ ба ҳуҷум гузаштем. Ба душман наздик шуда, бомбаборон намудем. Дар ин муҳориба шарики ҳампарвози Ойгул ҳалок гардид. Ойгул аз китфаш захм бардошт. Тири душман ба қисми пеши самолёт низ зарари калон расонд. Ба ҳавопаймо хатар ва ба Ойгул марг таҳдид мекард, аммо ӯ аз ин наҳаросид. Ҷасурона ва бо чолокӣ тайёраро аз корзор бароварда, ба замин фуруд овард. Ҳам ҷони худ ва ҳам тайёраро наҷот дод. Ҳоло адади парвозҳои ӯ ба 93 расидааст. Корнамоиҳои духтари шуҷои тоҷикро ба назар гирифта, ӯро бо ордени «Ленин» қадр намуданд».
Ойгул Муҳаммадҷонова дар қатори беш аз 92 ҳазор ҷавони шуҷои Тоҷикистон аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагашт, аммо номаш чун фарзанди содиқу шуҷои Ватан барои ҳамеша дар таърих сабт гардид.
Онҳое, ки аз ҳузури занони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштаанд, дар баробари Ойгул Муҳаммадҷонова исми бонувони дигареро низ ёдовар мешаванд. Масалан, Шоиста Исматзода, ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, дар мақолаи худ - «Саҳми занони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» нигоштааст, ки Одина Ҳакимова, Нина Лобковская, А. Исоева, Софя Муҳаммадовна Ниёзова, Ҳайдарова, Ҷ. Раҳимова, С. Алибоева, Е. Локшина, Н. Умарова, Р. Ёқубова, Р. Фозилова, Ф. Колесникова, И. Қурбонова, ҷанговарон Татяна Каратигина, Саида Сафарова, Аслия Маҳмудова, Ҳоҷал Юсуфҷонова, Маҳбуба Турсунова, Хосият Раҳматова, Мастура Авазова, Назира Умарова ва даҳҳо духтари дигари Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониҳои бузург нишон додаанд.
Профессори фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Абдураҳими Абдулло навиштааст, ки соли 1942 ёздаҳ нафар бонувони тоҷикро бо хоҳиши худашон, бо сардории санъаткор Саломат Сангинова, ба ҷабҳа гуселонданд. Саломат дар ротаи санитарии фронти 3-юми Украина ба сифати санинструктор хидмат мекард. Вай якҷо бо ҳамсилоҳонаш тавассути таҷҳизоти зиддитанкии худи душман якчанд танкро оташ зада, аз кор баровард ва то Ҷумҳурии Австрия ҷангид. Баъд аз панҷ моҳи ғалаба ба Тоҷикистон баргашт. Дар хона модари ғамгусору писари 9-солааш Рауфҷон ӯро интизор буданд.
Бале, баъзе баргаштанд, баъзе не. Ҳамчунин, дар бораи корномаи ҷангии на ҳар кадомашон метавон иттилои муфассал дарёфт, аммо ин ки дар майдони корзор баробари ҳазорон мард бонувони тоҷик низ баҳри ҳимояи Ватан сина сипар намуданд, ҳақиқатест собитшуда.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
