https://sadoimardum.tj

Донишмандони зеҳнпарвари башар

Алиқушчӣ

№:60 (5112), 18 май 2026, 18:12
7

Ҷойи таассуф аст, ки яке аз муҳимтарин кашфиёти ӯро дар илми ҳисоб - каср­ҳои даҳӣ (касре, ки ба ҳисоби даҳтоӣ бароварда мешавад: даҳяк, садяк)-ро ба олими Аврупо С. Стевин нисбат медиҳанд.

Алиқушчӣ тахаллуси донишманд буда, номи пурааш Мавлоно Алоуддин Алӣ ибни Муҳаммад мебошад. Муҳаққиқони таърихи илм аз ӯ чун ахтаршинос ва риёзидони машҳури тоҷику форс ёд мекунанд. Соли 1403 дар Самарқанд ба дунё омада, соли 1474 дар Истамбул фавтидааст. Парвардаи мактаби илмии Самарқанд (асри XV) аст, ки аксари донишмандони он кашшофи соҳаи ҳисоб маҳсуб меёбанд.

Собит шуда, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна то асрҳои XV олимону савдогарон, чун бобулиҳо, чиниҳо, юнониҳою ҳиндуҳо, касрҳои одиро медонистанд ва истифода мекарданд, аммо аз касри даҳӣ то он замон хабар надоштанд. Донишмандони таърихи илм зимни таҳқиқ дарёфтанд, ки бори аввал дар асарҳои Абул Вафо (940-998), Ал-Карачӣ (асрҳои IX-X), ал Хассорӣ (асри XII) хатча (-) ба сифати ишораи каср истифода шудааст. Дар Осиёи Миёна барои истифодаи касрҳои одӣ фақат нуҳ ном вуҷуд доштааст: «нисф» =1/2; «сулус» =1/3; «рубъ» =1/4; «хумус» = 1/5; «судус» =1/6; «субъ» =1/7; «суман» =1/8; «тусъ» =1/9; «ушур» =1/10.

Аз замони Хоразмӣ (IX) то асри XV олимони тоҷику форс ин нуҳ касрро одӣ ва касрҳои боқимондаро мураккаб меномиданд. Вале дар асрҳои баъдӣ дар таснифоти касрҳо тағйир ворид шуд ва Алиқушчӣ дар ососи ин дигаргуниҳо тавонист касрҳои даҳиро кашф намояд.

Ҳамчунин, собит шуда, ки Алиқушчӣ бори нахуст истилоҳоти «мусбат» ва «манфӣ»-ро барои ададҳо ворид сох­та, назарияи ададҳои мусбат ва манфиро асоснок намудааст. Аз ҷумла, дар асараш «Китоб ал-муҳаммадия» овардааст: «Бояд донист ҳар яке аз адади шай (номаълум) ва мол (мураббаи номаълум) мусбат ва манфӣ мешавад. Аммо агар онҳо ба шакли ҷамъ ё тарҳ оянд, ҷамъшавандаи мусбат­ро «зоид» ва ҷамъшавандаи манфиро «ноқис» меноманд». Дар асоси ин дастовард зарби бисёраъзогиро бо бисёраъзогӣ таъриф дода, онро асоснок намудааст, ки дар илми ҳисоб дастоварди бузург ба шумор меравад.

Зимнан, истилоҳоти «мусбат» ва «манфӣ» дар Аврупо хеле баъдтар бо номи Леонардо да Винчӣ паҳн гардид.

Сабаби асосии дар таърихи илм ба номи дигарон сабт шудани кашфиёту дастоварди бисёр донишмандони форсу тоҷик, аз ҷумла Алиқушчӣ, дар он будааст, ки пажуҳишгарони таърихи илм ба дастовардҳои илмии олимони мо ё умуман дастрасӣ надоштаанд ё дар ин маврид дертар маълумот пайдо кардаанд. Аз ин ҷост, ки дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз талошҳои олимони Чин дар асрҳои I-и то милод ҷиҳати ба илми ҳисоб ворид намудани ададҳои мусбату манфӣ ва кӯшишҳои дар асри XII дар ин самт анҷомдодаи донишмандони Ҳинд ва баъдтар аз баъзе кишварҳои дигар ёд мешавад, аммо аз донишмандони тоҷику форс сарфи назар шудааст. Танҳо соли 1958 олими рус М.И.Медовой муайян намуд, ки олимони тоҷику форс низ дар ин маврид дастовардҳои назарраси илмӣ доранд. Маҳз ӯ зимни тадқиқу ҷустуҷӯ дарёфт, ки Алиқушчӣ истилоҳҳои «мусбат» ва «манфӣ»-ро барои ададҳо дар илм ворид намудааст. Дар ин маврид ду донишманди тоҷик - Абдулло Табаров ва Ислом Ғуломов дар мақолаи худ - «Ҳақиқати илмӣ ва беадолатиҳои таърих» иттилои муфид додаанд. Онҳо бо ҳасрат чунин навиштаанд: «Алиқушчӣ новобаста аз чиниҳо, дар «Рисола оид ба касрҳо» ва «Китоб-ал-муҳаммадия» бори аввал касрҳои даҳиро кашф карда, ба назарияи ададҳои мусбат ва манфӣ дар Шарқи Наздик ва Миёна асос гузошт. Бесабаб нест, ки олими фаронсавӣ Э.Ф. Гауте аҳамияти ин кашфиётро дар назар дошта, қайд мекунад: «Фарҳанги Аврупо… тавассути кашфиёти мусулмонӣ ғанӣ шуд, дарвоқеъ, илми ҳисоби муосири Ғарб танҳо идомаи ҳамон илми ҳисоби мусулмонон аст». Корҳои Кошӣ (устоди Алиқушчӣ дар назар аст - Ф.Ф.) ва Қушчӣ барои риёзидонони Аврупо номаълум монданд. Аз ин рӯ, онро ба С.Стевин нисбат медиҳанд. Стевин бошад, касрҳои даҳиро баъди 160 сол, дар Аврупо дар асари «Даҳиҳо» аз нав кашф кардааст ва бо ҳамин таълимот оид ба касрҳо дар китобҳои дарсии мактабҳои Аврупо ворид гашт».

Ҳамин тавр, чун муҳаққиқон ба осори ӯ дастрасӣ пайдо мекунанд, дармеёбанд, ки олим дар осори илмии худ назарияи функсияҳои тригонометриро (теоремаҳои синус ва косинус) инкишоф дода, аввалин шуда ҷадвали бисёррақамаи функсияҳои тригонометриро таҳия кардааст.

Алиқушчӣ дар инкишофи астрономияи асрҳои XV-XVII низ саҳми сазовор гузоштааст. Чунончӣ, бузургии майли эклиптика (хате, ки аз маркази замин гузашта онро ба ду қисм ҷудо мекунад), тағйири солонаи офтоб, даврзании солона, координатаҳои ситорагонро саҳеҳ ҳисоб кардааст. Олим тағйири фаслҳои солро натиҷаи ба офтоб наздик ва аз он дур шудани замин медонистааст.

Дар мактаби илмии Самарқанд Алиқушчӣ бо Қозизодаи Румӣ ва Ғиёсуддини Кошӣ рисолаи «Зиҷи ҷадиди султонӣ»-ро тартиб додаанд. Дар «Рисолаи ҳайъат» заминро курашакл дониста, қайд мекунад, ки қисми зиёди онро об ва фақат аз чор як ҳиссаашро хушкӣ ташкил медиҳад.

Ба иттилои муҳаққиқон, дар муайян намудани маркази коинот Алиқушчӣ аз назарияи геомарказии (геомарказӣ - таълимоти юнониёни қадим дар бораи замин, ки гӯё замин маркази беҳаракати коинот буда, офтоб ва сайёраҳои дигар дар атрофи он давр мезадаанд. Ин таълимот баъди ба вуҷуд омадани низоми гелиомарказӣ илман рад шудааст) Батлимус (Птоломей) комилан озод шуда натавонистааст, вале, бино ба маълумоти муҳаққиқон, дар баъзе бобҳои «Ҳайъати форсӣ»-и ӯ ғояи назарияи гелиомарказиро (таълимоте, ки офтобро маркази сайёраҳо ҳисоб мекунад) мушоҳида намудан мумкин аст.

Зимни омӯзиш дарёфтем, ки ин донишманди тоҷик дар мас­ъалаи тақвим низ назарияҳои ҷолиб изҳор кардааст, аммо, мутаассифона, ­назарияҳои ӯ дар ин маврид дастраси мо нестанд.

Алиқушчӣ ба корҳои сиёсӣ низ машғул будааст. Манбаъҳои дастрас иттилоъ медиҳанд, ки соли 1438 Улуғбек (султони хонадони Темуриён, ки ҳамзамон ахтаршинос ва риёзидон буд ва дар Самарқанд мадрасае таъсис дода буд, ки Алиқушчӣ он ҷо фаъолияти илмию омӯзгорӣ мебурд) Алиқушчиро дар Чин сафир таъин мекунад. Як муддат сафири Эрон дар Туркия низ будааст. Ӯ идомадиҳандаи мактаби илмии Самарқанд аст. Вақте мактаби илмии Самарқанд барҳам мехӯрад, Алиқушчӣ ба Кирмон рафта, дар мадрасаи он ҷо аз илми ҳисоб ва нуҷум дарс мегӯяд.

Як иттилои муҳими дигар, ки муаллифони Гугл пешниҳод кардаю зикри онро муфид медонем, ин аст, ки дар Туркия Алиқушчӣ баробари анҷоми вазифаи давлатӣ ба навиштани осори илмӣ пардохтааст. Дар он ҷо «Китоб-ал-муҳаммадия» ном рисолаашро таълиф кард (1473) ва дар асоси қазияҳои (теорема) ҳандасӣ «Зиҷи ҷадиди Кӯрагонӣ»-ро шарҳ дод. Дар ин асараш ӯ формулаи Нютонро овардааст.

Аз Алиқушчӣ 23 рисола бо ду забон - тоҷикӣ ва арабӣ мерос монда, ки доир ба астрономия, математика, мантиқу фалсафа, тиббу адабиёт мебошанд. Ин рисолаҳо дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон - Санкт-Петербург, Тошканд, Теҳрон, Лондон маҳфузанд. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон асари «Рисолаи ҳисоб»-и донишманд ҳифз ва нигоҳдорӣ мешавад.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: