https://sadoimardum.tj

Хокбориш обшавии пиряхҳоро метезонад

№:69 (4965), 30 май 2025, 16:12
8

Шурӯъ аз 30-юми апрели соли равон қисми зиёди ҳудуди мамлакатро чангу ғубор фаро гирифта, хокбориш боиси дар ҳавои атмосфера афзудани чангу ғубори андозаашон 10 мкр (Рm-10) ва 2,5 мкр (Рm-2,5) гардид.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, чунин ҳавои серчангу ғубор ба гирифторони бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, диққи нафас ва гипертония (фишорбаландӣ) душвориҳо пеш меорад. Аз ин рӯ, кумита ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми ба берун баромадан аз ниқоби тиббӣ истифода бурдан, рӯзе на кам аз 2- 2,5 литр оби тоза нӯшидан, тирезаҳоро пӯшидан ё бо докаи намнок пардаи муҳофизатӣ сохтан ва даҳону биниро рӯзе якчанд маротиба чайқондан зарур аст. Ғайр аз ин, хокбориш ба дарахту зироат низ таъсири манфӣ расонида, ба ҷараёни фотосинтез халал эҷод мекунад. 

Инчунин, хокбориш боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад, ки таъсири манфии ин раванд дар ҳама соҳаҳо эҳсос мешавад. Махсусан, обшавии босуръати пиряхҳо ба соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, тандурустӣ ва гуногунии биологӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми ноябри соли 2019 дар 40-умин ҷаласаи ЮНЕСКО вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки дар Франсия баргузор гардид, чунин таъкид намуданд: «Тағйир­ёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии ин падидаи глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад. Дар Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад. Тибқи мушоҳидаҳо дар давоми 70 соли охир тақрибан 35 фоизи пиряхҳои хурдҳаҷми Тоҷикистон талаф ёфтаанд. Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгиранд, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Ва ин дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад».

Пиряхҳо манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ ва захираи оби тоза дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Дар сурати обшавии пиряхҳо ҳарорати миёнаи ҳавои кишварҳои дар ҳавзаи пирях ҷойгиршуда баланд гардида, ба саломатии сокинони ин минтақаҳо таъсири манфӣ мерасад. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ қариб 88 дарсади бемориҳо дар ҷаҳон ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва норасоии оби тоза вобастаанд.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии шарикии кӯҳистон (Mountain Partnership), кӯҳҳо ҳудуди 27 дарсади сатҳи заминро пӯшонда, тақрибан нисфи марказҳои гуногунии биологии ҷаҳонро дар худ ҷой додаанд. Онҳо махзани обҳои ширин ба ҳисоб рафта, нисфи башариятро бо об таъмин мекунанд. Кӯҳҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон, бахусус, дар василаҳои зиндагии онҳо аз танзими иқлим сар карда, то таъмин бо об, ҳифзи хок ва нигаҳдории он нақши калидӣ доранд.

- Имрӯз дар Тоҷикистон майдони умумии пиряхҳои ошкоршуда ба беш аз 9000 километри мураббаъ мерасанд, ки ин 6 дарсади майдони умумии ҷумҳуриамонро ташкил медиҳад. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги обтаъминкунӣ, на танҳо барои кишварамон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд. Дарозии танҳо Ванҷях (Федченко), воқеъ дар ноҳияи Ванҷ, беш аз 70 километрро ташкил дода, ин пирях дар ҷаҳон аз бузургтарин пиряхи дар хушкӣ воқеъгардида ба шумор меравад,- мегӯяд коршиноси соҳаи экология Қурбониддин Аламшоев.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки 2-юми декабри соли 2023 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, чунин таъкид намуданд: «Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад. Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои мо мебошад. Бинобар тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳамасола селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об рух медиҳанд. Бар асари онҳо ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд ворид мешавад. Бо мақсади рушди тавлиди энергияи «сабз» ва кам кардани партовҳои карбонӣ мо тасмим гирифтаем, ки иқтидори неругоҳҳои барқи обии худро то соли 2050 ду баробар зиёд намоем».

Беш аз даҳ сол аст, ки коршиносону сиёсатмадорон аз минбарҳои баланди ҷаҳон дар бораи то соли 2030 ба яке аз мушкилоти асосии сайёра табдил ёфтани камбуди оби ошомиданӣ ҳушдор медиҳанд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD) то соли 2030 тақрибан 47 дарсади сокинони сайёра дар минтақаҳои камоб зиндагӣ хоҳанд кард.

Чунин ба назар мерасад, ки солҳои охир ҳаҷми хокбориш низ бештар шудааст. Қаблан, хокбориш танҳо дар фасли тобистон ва он ҳам соле ҳамагӣ 2-3 бор ба қайд гирифта мешуд. Ҳоло дар фасли баҳор низ хокбориш зиёд шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо хокбориш фазои 4-6 километр баландиро фаро гирифта, бо суръати 120 километр. соат ҳаракат мекунад. Чангу ғубори хокбориш ба рӯйи пиряхҳо нишаста, раванди обшавиро метезонад. Тавре обуҳавошиносон дар огоҳиномаҳои пеш аз хокбориш таъкид карданд, тӯфонҳои чангу ғубор ба кишвари мо асосан аз биёбонҳои Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Саҳрои Кабир, Дашти Лут ва Дашти Кабири Эрон, Аралқум, Қизилқум ва Қароқум меоянд.

Яке аз роҳҳои кам кардани таъсири манфии хокбориш зиёд кардани майдони ҷангал ва дарахтзор аст. Бо ин усул мо яке аз сарватҳои муҳими ҷумҳурӣ, яъне пиряхҳоро нигоҳ дошта метавонем.

- Як дарахти калон дар фаслҳои баҳору тобистон (давраи сарсабзӣ) дар як шабонарӯз он миқдор гази карбонатро, ки се нафар зимни нафасбарорӣ хориҷ мекунанд, фурӯ мебарад. Ба ҳисоби миёна, як гектар ҷангал дар давоми сол 14 тонна гази карбонатро фурӯ мебарад. Дарахтон, инчунин, чангу ғубори фазоро, ки боиси авҷгирии бемориҳои роҳҳои нафас мешавад, соле то 100 тонна ва дарахтони ҳамешасабз (сӯзанбарг) то 40 тонна чангро ба худ мекашанд,- гуфт директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал, номзади илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Ҳусайнов.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд барои зиёд шудани масоҳати ҷангалзор ва боғу токзор саҳм гузошта, ба насли наврас моҳияти нигоҳубини «дӯстони сабз»-амонро фаҳмонем. 

Сайфиддин СУННАТӢ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: