https://sadoimardum.tj

Сиёсате, ки ҷаҳонгир шуд

№:70 (4966), 02 июн 2025, 17:00
7

Шурӯъ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ кишвари мо дар баробари дигар масъалаҳои доғи ҷаҳони муосир ба мушкилоти об, ки барои амну суботи ҳар як давлат аҳамияти калидӣ дорад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Таи 20 соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об ва иқлим 14 қатънома қабул намуд, ки дар пешбурди сиёсати ҷаҳонии об барои тамоми давлатҳои ҷаҳон рӯзномаи амал гаштаанд.

Таърихи сиёсати обию экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 3 марҳила ҷудо кардан мумкин аст, ки солҳои 1993-1999 марҳилаи якуми он мебошад. Дар ин марҳила пояҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла сохторҳои дахлдори институтсионалии марбут ба об ва экология, барқарор ва вобаста ба талаботи замон таҷдид гардиданд. Заминаи ҳуқуқии танзими муносибатҳо оид ба ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об ва муҳити зист, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. 

Дар ин давра Тоҷикистон ба Созишномаи байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои оби манбаъҳои байнидавлатӣ, қарор дар хусуси таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, Эъломияи Нуқус, Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар хусуси истифодаи захираҳои обию энергетикии Сирдарё ва ғайра ҳамроҳ шуд. Ҳамчунин, дар ин марҳила Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияҳои асосии экологии СММ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ, ҳифзи қабати озон ва гуногунии биологӣ шомил гардид. 

Марҳилаи дуюм қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати ҷаҳонии об мебошад, ки солҳои 1999-2022-ро фаро мегирад. Таи ин солҳо Тоҷикистон фаъолияти худро дар бахши обу иқлим тақвият дода, бо истифода аз минбарҳои СММ ва дигар институтҳои бонуфузи байналмилалӣ масъалаҳои мубрамтарини обро муттасил матраҳ намуд. Октябри соли 1999 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҷаласаи 54 Ассамблеяи генералии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, зикр  намуданд: «Дар баробари ҷанбаи инсониятпарварӣ доштанаш муаммои об дорои ченакҳои бисёри дигар, аз ҷумла иқтисодӣ ва экологӣ, мебошад».

Яъне, Пешвои миллат бо далелҳои мушаххас собит намуданд, ки доираи шинохти об аз захирае, ки асосан барои қонеъ кардани талаботи маишии инсон, зироаткорӣ ва ё саноат истифода мешуд, васеътар гаштааст. Акнун захираҳои об дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ, ам­нияти миллию минтақавӣ ва мушкилоти дастрасӣ ба шароити одитарини зиндагӣ мавқеи калидиро касб намудааст.

Соли 2000 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ дар рӯзномаи «Независимая газета» таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри 21» дар мисоли захираҳои оби Тоҷикистон ба аҳамияти онҳо дар таъмини рушди устувор, иқлимофарӣ на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми сайёра ва зарурати таҷдиди страте­гияи истифодаи минбаъда ба захираҳои об баҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ доданд. Дар ин мақолаи таърихӣ Пешвои миллат таъкид карданд, ки «Бояд ҳама дарк намоянд, ки қимати об аз қимати нафт, газ, ангишт, дигар намудҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар нест». 

Ин таъкиди дурандешона дере нагузашта бо силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба об, ки муаллиф ва таҳрикдиҳандаи онҳо Президенти мамлакат мебошанд, дар амал исбот гашт. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ қатъномаҳои дахлдорро дар хусуси эълон намудани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаб­бускори Даҳсолаи нави амал «Об - барои рушди устувор» ба «Раванди оби Душанбе» оғоз бахшида, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо доир намудани силсилаконфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ба платформаи ҷаҳонии ҳалли масъалаҳои об табдил ёфт.

Марҳилаи сеюм аз соли 2022 оғоз гардид. 7 июни соли 2022 дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, иброз намуданд: «Мо дар 5 соли охир шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи ҳаво гардидем, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида, ба амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳоямон таъсири манфӣ расонид». Пешвои миллат, ҳамзамон, таъкид карданд, ки ҷо­меаи ҷаҳонӣ имрӯз ба таҳдиду чолишҳои нави глобалӣ дучор гардид. «Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳамияти ҳаётӣ ва хоса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад», - ҳушдор доданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси хазинаи махсус бо ин мақсад бори аввал моҳи июни соли 2009 дар Конфронси 15 ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағ­йирёбии иқлим дар шаҳри Копенгагени Дания даъват ба амал оварда шуд. Баъдан, дар ҷаласаи умумии Конфронси СММ оид ба рушди устувор дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия, дигар конфронсу ҳамоишҳои сатҳи СММ ва форумҳои обу иқлим дар Тоҷикистон, ИМА, Фаронса, Япония, Туркия, Шотландия, Мисринчунин, ҷаласаҳои Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви он ҳастанд, ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Натиҷаи чунин масъалагузориҳои ҷиддӣ буд, ки 14 декабри соли 2023 паиҳам 3 ташаббуси кишвари мо - эълони гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси Фонди боварии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ шуда, дар ин хусус қатъномаи дахлдори Маҷмаи умумии СММ қабул гардид. 

Обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон, ба зумраи мушкилоти глобалии замони муосир шомил гашта, ин масъала дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим ва омилҳои дигари антропогенӣ сол ба сол печидаю мубрамтар мегардад. Мушкилоти мазкур на танҳои хоси Тоҷикистон ё Осиёи Марказӣ мебошад. Пиряхҳои Тоҷикистон, агар аз як тараф, манбаи бузургтарин ва асоситарини ташаккули оби дарёҳои Осиёи Марказӣ бошанд, аз тарафи дигар, хусусияти иқлимофарии сатҳи глобалӣ доранд.

Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, идомаи марҳилаи сифатан нав дар пешбурди сиёсати обии мамлакати мо мебошад. Бо шарофати ташаббусҳои Пешвои миллат Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии об аз иштирокчии канорӣ ба давлати пешоҳанг, муайянкунанда ва пешбарандаи сиёсати ҷаҳонии об мубаддал гашта, мудирияти чорабиниҳои асосии сатҳи ҷаҳонӣ марбут ба обро ба зимма гирифт. 

Конфронси мазкур аз он ҷиҳат низ муҳим буд, ки раванди татбиқи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор»-ро дар шакли чорабинии махсуси СММ баъд аз конфронси оби ин созмон дар шаҳри  Мар-дел-Платаи Аргентина соли 1977 баррасӣ намуд. Ифтихормандем, ки ин чорабинӣ бо ташаббус ва талошҳои пайваста ва таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об мунтазам тадбир андешида, барои ҳадафманду муассир гаштани онҳо баргузории конфронсҳои сатҳи баландро дар шаҳри Душанбе ҳамасола роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, рӯзҳои 29-31 майи соли ҷорӣ дар доираи таҷлили «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе доир шудани аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз ҷойгоҳи хос ва мавқеи мустаҳками Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад. 

Дар ин баробар, воқеияти имрӯзаи сиёсати ҷаҳонии об, фикру андешаҳои роҳбарони давлатҳо, созмонҳои бонуфузи дунё, олимон ва коршиносони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи ташаббусҳои инсондӯстона ва дорои аҳамияти глобалии пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исботи ин гуфтаҳо мебошанд. Ин воқеият далели эътирофи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва кишвари моро бо давлатҳои абарқудрат ва муайянкунандаву пешбарандаи сиёсати ҷаҳонӣ дар як саф қарор додааст.

Рустам ЛАТИФЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, ахираҳои об ва замин

Ҳамчунин дигар маводҳо: