Дастхатҳои Қалъаи Муғ
Минбаъд ЮНЕСКО барои ҳифзи он сармоягузорӣ мекунад
Чанде пеш дастхатҳои Қалъаи Муғ иборат аз 74 ҳуҷҷати нодир ба Феҳристи «Хотираи ҷаҳон»-и ЮНЕСКО шомил шуд.
Асноди мазкур, ки шоҳиди зиндаи ҳаводиси таърих мебошанд, ҳоло дар куҷо нигоҳдорӣ мешаванд ва ба имрӯзиён чӣ паём мерасонанд? Гиреҳҳои кадом муаммои гузаштаро боз месозанд?
Қалъаи Муғ таърихи хеле қадима дошта, дар манбаъҳои таърихии арабӣ аз он бо номи «Қалъаи Абаргар» ёд мешавад, аммо мо онро дар таърих бештар бо корномаҳои Деваштич - ҳокими Панҷакенти қадим (708-722), яке аз пешвоёни шӯриши суғдиён зиди аҷнабиён (дар солҳои 720-722) мешиносем.
Солҳои 719-720 Деваштич, ки дар дил орзуи озодии Ватанро мепарварид, якҷо бо ихшиди Суғд Ғӯрак бар зидди арабҳо мубориза мебарад. Баъдтар Ғӯрак хиёнат карда, ба тарафи арабҳо гузашта, ҳамроҳи онҳо зидди раъияти худ ҷангид. Деваштич бошад, ба Қалъаи Муғ ақибнишинӣ ва давоми 3-4 моҳ алайҳи арабҳо муқовимат мекунад. Баъдан, мувофиқи аҳднома Деваштич ва пайравонаш розӣ мешаванд, ки дар сурати ба ҳаёти исёнгарон, аз ҷумла худ ва аҳли оилаи онҳо, кафолати амният додан, ба арабҳо таслим шаванд. Аммо арабҳо аҳдшиканона Деваштичро ба қатл мерасонанд. Номбурда агарчи аз ҷониби истилогарон кушта шуд, аммо номи ӯ миёни мардум ҳамчун қаҳрамони истиқлолхоҳ, муборизи роҳи озодӣ боқӣ монд.
Соли 1933, яъне, 1200 сол баъд аз шикасти Деваштич, бостоншиносон аз қалъаи мазкур 74 дастхати суғдию арабӣ пайдо намуданд. Ин дастхатҳо, ки дар коғаз, чӯб ва пусти ҳайвонот дарҷ шудаанд, муҳимтарин кашфиёти асри ХХ дониста мешаванд, зеро ба шарофти ин бозёфт бисёр масъалаҳои сарбастаи таърихӣ ҳалли худро ёфтанд.
- Асноди мазкур, ҳамчунин, имкон дод, ки як қатор масъалаҳои марбут ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кӯҳистони Суғд дар асрҳои VII-VIII низ таҳлилу баррасӣ шаванд. Бозёфти мазкур ҳам барои таҳқиқи умумии таърихи Осиёи Марказӣ ва ҳам барои омӯзиши ҷузъиёти фарҳанги Суғди асримиёнагӣ хеле муҳиманд. Махсусан, дастхатҳои суғдии ёфтшуда ба таҳқиқи ҷараёни таърихи тоисломӣ ва замони истилои араб дар минтақа равшанӣ андохтанд. Ба шарофати ин ҳуҷҷатҳо, инчунин, топонимҳои суғдӣ ва номҳои маҳалҳои асримиёнагии Осиёи Марказӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Масалан, номи деҳаи Мадрушкати Кӯҳистони Мастчоҳ, ки имрӯз маълум аст, аллакай дар яке аз дастхатҳои суғдӣ тақрибан соли 716 мелодӣ бо номи Матрушкат зикр гардидааст,- навиштааст Абдураҳмон Пӯлотов, директори Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дар мақолаи ба ин мавзуъ бахшидаи хеш.
Натиҷаи омӯзиши асноди ёфтшуда муайян намуд, ки мундариҷаи ҳуҷҷатҳо матнҳои ҳуқуқӣ, хоҷагидорӣ, муроҷиатӣ ва мукотибаи дипломатӣ мебошанд. Бостоншиносон аз миёни ин ҳуҷҷатҳо мактубҳоеро дарёфтанд, ки Деваштич ба ҳокимони вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр навишта, онҳоро барои муборизаи муттаҳидона бар зидди арабҳо даъват намудааст.
Тавре муаррих Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ иброз намуд, миёни ин ҳуҷҷатҳо 6 дастур ва фармонҳои Деваштич ба фармондор Утт дар бораи ба шахсони алоҳида ва инчунин, ба одамони гуруснамондаи деҳаҳои болооби Зарафшон додани ғалла ва ғайра мебошад. Баъзе асноди дигар «забонхат»-анд. Дар онҳо дарҷ шудааст, ки аз ин ҳуҷҷат ду нусха омода шуда, яке дасти молдеҳ, дигаре дасти молгир меистад.
Миёни ҳуҷҷатҳо аҳдномаи никоҳ низ аҳамияти хоса дорад. Дар аҳднома ҳамсарон назди шоҳидон қасам ёд мекунанд, ки бо ҳамдигар содиқ мемонанд. Шавҳар занро озор намедиҳад ва ҳар сарвате, ки оянда ба даст меоранд, моли ҳардуяшон маҳсуб меёбад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, ҳуҷҷат ду нусха, яъне ҳам барои зан ва ҳам барои мард, омода мешуд.
Ба ҳамин мазмун ҳоло аҳдномаи никоҳ дар кишварҳои Шарқ ва Ғарб роиҷ аст. Аз ин бармеояд, ки ба воситаи шартнома муайян кардани низоми ҳуқуқии молумулкӣ байни ҳамсарон ва онҳое, ки нияти издивоҷ кардан доранд, миёни тоҷикон таърихи ҳазорсолаҳо дорад.
Асноди мазкур ҳоло баробари дигар бозёфти Қалъаи Муғ дар Осорхонаи Эрмитажи давлатии шаҳри Санкт-Петербург нигоҳдорӣ мешаванд.
Сомонаи ЮНЕСКО низ нақши ин ҳуҷҷатҳоро дар бозгӯ намудани таърих, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва гуногунии этникии Осиёи Марказӣ дар давраҳои пеш ва пас аз ислом муҳим шумурдааст.
Ба Феҳристи «Хотираи ҷаҳон»-и ЮНЕСКО шомил шудани дастхатҳои мазкур, ҳамчунин, маънои онро дорад, ки ин созмон минбаъд барои ҳифзу нигоҳдории он масъул аст ва ба ин хотир сармоя ҷудо мекунад. Ҳамон тавре директори генералии созмон Одрӣ Азуле иброз доштааст, мероси хаттӣ унсури муҳим, аммо осебпазири хотираи инсонӣ мебошад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





