https://sadoimardum.tj

Оқибатҳои нохуши «Дуди ғамбарор»

№:71 (4967), 02 июн 2025, 18:01
6

Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол тамокукашӣ сабаби фавти 7 миллион нафар сокинони сайёра мегардад. Тибқи иттилои созмони мазкур, 85 дарсади сабаби марг аз саратони шуш, бронхҳо ва трахея, 16 дарсад аз бемориҳои ишемиявии дил, 26 дарсади марг аз бемории сил ва 24 дарсади сироятёбии роҳҳои нафас ба тамокукашӣ рабт дорад.

Тавре коршиноси собиқадори соҳаи тиб Абдушукури Раҷабзод гуфт: «шахс дар сурати ҳамроҳи тамокукашон дар як ҳуҷра истиқомат кардан, ҳамон миқдор заҳри никотинро нафас мегирад, ки ашхоси тамокукаш нафас гирифтаанд. Ба чунин шахсон маслиҳат дода мешавад, ки барои аз зарари дуди тамокуи дигарон эмин мондан, агар илоҷи дигар набошад, бештар витамини С истифода баранд. Бо ин мақсад истеъмоли афлесун, лиму, чойи настаран (хуч, хулул) муфид аст».

- Дуди тамоку ба занҳои ҳомила зиёни бештар дорад. Никотин метавонад ба саломатии тифли батни онҳо зарари ҷиддӣ расонад. Аз дуди тамокуи дигарон кас сардард шуда, ҳатто хӯрдаашро қай мекунад, чашм, бинӣ ва гулӯ ба хориш медарояд. Дуди заҳрбори тамоку бемории ашхоси гирифтори диққи нафас (астма) ва аллергияро шиддат мебахшад,- гуфт сардухтури Беморхонаи касалиҳои гӯш, гулӯ ва бинии шаҳри Ҳисор, духтури дараҷаи олӣ Тоҷиддин Халилов.

Таъсири манфии тамоку танҳо ба зарари ҷисмонӣ маҳдуд намешавад. Равоншиносҳо собит намудаанд, ки дар натиҷаи кашидани тамоку ва нос асаби инсон то андозае хароб шуда, боиси фаромӯшхотирӣ ва асабонияти бештар мегардад. Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки гӯё тамокукашӣ стрессро дур мекунад, вале тамоку ҳеҷ гоҳ «дуди ғамбарор» нест.

Никотини таркиби тамоку баъд аз ворид шудан ба маҷрои хун дар 7 сония ба мағзи сар расида, сипас ба дигар узвҳо паҳн мегардад.

Дар таркиби дуди тамоку зиёда аз 4000 унсури кимиёвӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо ба фаъолияти организм таъсири манфӣ мерасонанд. Чунончӣ, зиёда аз 43 унсури кимиёвӣ боиси пайдоиши омосҳои саратонӣ мегарданд. Зиёда аз 40 унсур, аз қабили никотин, қатрон, гази карбон, кадмий, формалдегид, атсетон, бензол ва ғайра, моддаҳои заҳрнок мебошанд. Қисми зиёди ашхоси гирифтори саратони шушро тамокукашон ташкил медиҳанд. Дар миёни тамокукашон гирифторони бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва дилу рагҳо низ хеле зиёд аст. Никотини таркиби тамоку ба марказҳои нафас таъсир расонида, гирифтори ихтилоҷ (рагкашӣ)-и рагҳои хунгард менамояд. Дар натиҷа деворҳои рагҳои хунгард танг шуда, тағйироти атеросклеротикӣ ба вуқӯъ меоянд. Никотин ба вайроншавии зарб (таппиш)-и дил, зиёд гардидани эҳтиёҷи дил ба оксиген сабаб мегардад.

Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор намудаанд, ки дар асри XXI тамокукашӣ сабаби марги як миллиард сокини сайёра мегардад. Саломатии бисёриҳоро наҷот додан мумкин аст, агар тамоми кишварҳо Конвенсияи Созмони ҷаҳонии тандурустиро дар бобати мубориза бо тамокукашӣ риоя кунанд. Дар ин санад методикаи мубориза бо сигоркашӣ пешниҳод шудааст, аз ҷумла сиёсати давлат оид ба маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку, кумак ба онҳое, ки аз ин одати бад халос шудан мехоҳанд, манъи реклама (тарғиб)-и маҳсулоти тамоку ва баланд бардоштани нархи сигор.

Дар як қатор кишварҳо қонунҳое қабул шудаанд, ки тамокукаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунанд. Ин иқдом на танҳо ашхоси аз ин одат ориро аз дуди тамоку муҳофизат мекунад, балки сигоркашҳоро ҳам ҳавасманд менамояд, ки аз баҳри «дуди ғамбарор» бароянд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин, сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёр­ошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад».

Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо шудаанд, мумкин мебошад. Бинобар ин, корфармоҳоро лозим аст, ки дар коргоҳ ва муассисаҳо барои тамокукашӣ ҷойҳои махсус ҷудо намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ шудааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 31-уми майи соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку дар баробари панҷ созмону як шахси дигар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барандаи ҷоизаи хоса эълон кард. Дар баёнияи ташкилоти мазкур чунин таъкид гардидааст: «Роҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо аз самтҳои асосии сиёсати худ қарор дод ва бо ташаббуси вай 2 январи имсол (соли 2018) қонуне қабул шуд, ки кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ мекунад».

Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Игор Поканевич 19-уми июни соли 2018 ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медали ниҳоди мазкурро супурда, ба саҳми Президенти мамлакат баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод. 

Мавриди зикр аст, ки паҳншавии истеъмоли тамоку миёни аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 5 дарсадро ташкил медиҳад. Ин рақам дар миқёси ҷаҳон ба 21 дарсад баробар аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон яке аз кишварҳои дар мубориза бо тамокукашӣ муваффақ ба шумор меравад.

 Илми тиб собит намудааст, ки даст кашидан аз истифодаи тамоку хурӯҷи бисёр бемориҳоро пешгирӣ менамояд. Олимони Донишгоҳи Техас (ИМА) муайян карданд, ки агар ҷавонҳо тарки сигоркашӣ намоянд, дар давоми ду ҳафта аз сулфа ва дигар мушкилоти роҳи нафаси бо сабаби тамокукашӣ пайдошуда раҳо меёбанд.

Баъзе ҷавонон кашидани чилим (қалён)-ро безарар меҳисобанд, ки чунин ақида хатост. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи улуми тиббии Машҳад (Эрон) собит намуданд, ки чилим боиси пайдоиши саратони шуш, бемориҳои роҳҳои нафас ва пародонтози дандон мешавад.

Аз соли 1987 дар рӯзи охирини фасли баҳор Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку (World No Tobacco Day) таҷлил мешавад.

Ҳадаф аз баргузории Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку даъвати сокинони сайёра ба тарзи ҳаёти солим мебошад. Ҳар шахсе, ки ҷонибдори тарзи ҳаёти солим аст, бояд худ ва аҳли хонаводаю ҷомеаро аз зарари «дуди ғамбарор» ҳифз намояд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: