Зане бо ҷасорати мардона
Ба наздикӣ шоир, рӯзноманигор ва нависандаи хосаназару хушбаён Латофат Кенҷаева як соли нави умрро истиқбол мегирад. Ба ин муносибат дар пои суҳбаташ нишастем, то сайр кунем дар дунёи пур аз ангеза ва шӯру шавқи ин адиби чирадаст. Қаҳрамони матлаб поёни солҳои шастуми асри гузашта бо шеърҳои бачагона ба майдони адабиёт ворид гашт. Бо кӯшишҳои пайгирона дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ташкилоти ҷамъиятии «Истиқбол»-ро таъсис дод, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияташ чоп ва паҳн намудани китобҳои кӯдакона мебошад. Ӯ наздик ба 1 миллиону 700 ҳазор нусха китобҳои бачагона интишор намуда, дар рушди адабиёти кӯдак хизмати шоён кардааст.
ЛАТОФАТИ ҲАЁТУ АДАБИЁТ
- Ба наздикӣ 75-сола мешавед. Дар ин марҳилаи умр бештар дар бораи чӣ меандешед?
- Соати зиндагӣ ист надорад. Агар инсон ин маъниро дар ҷавонӣ дуруст дарк мекард, метавонист корҳои муфиди бештарро ба субут расонад. Вақт тарбиятгар, лек мо онро дертар, гоҳе ки ба қадри ин омӯзгори бузург намерасем, эҳсос мекунем.
Аз он меандешам, ки ҳеҷ чизе абадӣ нест, ба ҷузъ маргу ҳаёт. Ба қадри бас мебояд расид, вагарна поёни ҳар кор абас аст.
Мутмаин гардидам, ки ҳар кӣ дар зиндагӣ пораабри соф бошад, ӯро осмони инсоф аст. Ҳар рӯз замона Хайёмеву Лоиқе намедиҳад ва бояд тақдири худро ба дасти худ сохт.
Латофат офарида шудааст барои зиндагӣ ва новобаста ба бераҳму талх будани сарнавишт худашро аз нав сохта тавонист ва новобаста ба мушкил ва чигил, ки рӯзгор ва одамон ва хоса, нотавонбинону ҳасудон ба сараш оварданд, вай самти рафтанашро ҷониби ояндаи нурбори зиндагӣ дигар накард, зеби зиндагӣ шуд ва зеби зиндагӣ монд...
Абдурофеъ РАБИЗОДА,
нависанда
- Зиндагӣ ба Шумо аз оғоз бемеҳр буд: марги волидайн, азияти ятимӣ, маъюбӣ, тангдастӣ, ишқи ноком. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин худро сохтед, аз деҳа ба шаҳр омадед. Кадом қудрате Шуморо комёб намуд?
- Иродаи қавӣ ва сабр. Ҳамаи инро дар китоби «Нома ба бародар» овардаам, ин ҷо танҳо иктифо бар он мекунам, ки ишқи сӯзони омӯхтану меҳри сухан ва китоб рӯзгори маро бо ранги бовар пероста карданд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо стипендияи ленинӣ хондам, бо дипломи сурх хатм намудам, бо роҳҳат ба Кумитаи радио ва телевизион ба кор омадам. Дертар дар ягона маҷаллаи кӯдакону наврасон «Машъал» (соли 1994 онро ба номи «Истиқбол» иваз кардам) фаъолият намуда, 40 сол сарварии онро ба уҳда доштам.
Ба азми қавӣ ба кулли мақсад метавон расид. Ман то ба имрӯз ҳамин ишқро дораму роҳ меҷӯям. Роҳ ба дили мардум, роҳ ба дили фариштагони кӯчак.
- Аз чӣ нороҳат мешавед?
- Гузашта набояд фаромӯш шавад, бо имрӯз бояд зист ва ба фардо андешид. Гузашта нардбон надорад, оянда оина нест. Ҳар чӣ мебинӣ, имрӯз аст, ки ба он эътимод дорӣ.
Имрӯзе, ки дорем, хубию саодат ва баҳонаҳои бисёри зистан, болидану хуррамиҳо дорад.
Ҳар бадию хубии мо имтиҳон барои фардои фарзандони мост. Сахт нороҳатам аз он, ки дар ин асри нанотехникаву рушди босуръати зеҳни сунъӣ, меҳру меҳрубонӣ орзуи борон дар дашти ташнаи ҷони мо гардида, телефонҳои замонавӣ моро маҳрум аз сухан ва китоби бузурги одамият намудаанд. Ҷои суҳбатҳои гарм дар оила имрӯз дар дасти хурду калон телефон аст, ҷои муҳаббати хешутаборӣ ҳаваси ҷоҳу мол, сарвату мансаб, пулу чиз боло гирифтааст ва мабод, ки ин ҳаваси инсонкуш ғолиб ояд.
Нороҳатам, ки хоксорӣ, фурӯтанӣ, лутфу назокати одамӣ дар имрӯзи мо камтару кори савобу хайру мол аксаран маҷбурист, на самимӣ. Илоҷе ҳанӯз ҳаст, ки мо киштии одамияти худро аз ғарқшавӣ наҷот бидиҳем.
Як рӯз Латофат ба унвони ғазал дафтареро ба ман дод. Аз ростӣ, ки ғазалгӯй хеле бисёр шудааст ва чун ҳама бисёр шавад, хор шавад. Бо дили хоҳаму нохоҳам ба мутолиа пардохтам. Аз нахустғазалҳояш дилдодаи завқу истеъдоди ӯ шудам. Чун бархе аз ибороташ ҳайратангез буду лаҳнаш шакаррез.
Абдуҷаббор ҚАҲҲОРӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон
- Маҳсули эҷоди як шоир ё нависанда чӣ буда метавонад?
- Умри шоир шабеҳи умри қалами ӯст, ҳар ду баробар кам мешаванд. Таъсири дард ба қалами шоир буррогӣ ва ҷаззобият медиҳад. Шамоли сахт нахуст дарахти баландро мешиканад, дарду алами замон ҳам нахуст аз қалами шоир мерезад ва ӯст, ки даво меҷӯяд.
- Дар ҷое гуфтаед, ки бемодарӣ барои шоир ба марг баробар аст...
- Вақте аз азизтарин шахсе, ки ба ту ҳаёт бахшидаст, маҳрумӣ, чеҳраи гарми ӯро намебинӣ, садояшро намешунавӣ, наметавонӣ касеро «Модар!» хитоб кунӣ, магар бо азияти марг нест? Бемодарӣ бедавлатист.
ЗАНЕ БО ҶАСОРАТИ МАРДОНА
Латофатбону баргузидатарин назму насру анвои адабиёти шифоии кӯдаконро бо завқи камназиру зебопазир дар ҷилду авроқи барозида, бо мусавварҳои маъниафрӯз ба насли ҷавон манзур намудааст.
ФАРЗОНА,
Шоири халқии Тоҷикистон
- Шоир, рӯзноманигор, нависанда ва ношир ҳастед ва дар ҳар самт муваффақед. Кадоме аз инҳо бароятон мушкилтар аст?
- Нашри китобҳо, ки марбут ба масоили молист. «Истиқбол» наздики 30 сол аст, ки бо қарзҳои бонкӣ кор мекунад. Ҳамчунин, рақобати носолими баъзе ашхос дилгир месозад.
- Насли Шумо тавонист, ки ҷойи шоиру нависандагони гузаштаи моро пур кунад. Оё Шумо бовар доред, ки шоирони ҷавон ҷойи Шуморо то андозае холӣ намемонанд?
- Ҷойгоҳи маърифату адабу илм бояд дар ҳама замон чун гаҳвораи тамаддун бе тифл холӣ намонад.
Бисёр мехоҳам, ки ин афсӯс дар худ алами бенишонӣ надошта бошад. Нишони модар фарзанд, нишони устод шогирд аст. Максим Горкийи бузург гуфта буд: «Барои кӯдакон бояд тавре нависем, ки мисле ба калонҳо, аммо аз он беҳтар».
Агар адибони муосир, мисли Деҳотӣ, Ғаффор Мирзо, Миршакар, Баҳорӣ, Шукӯҳӣ, Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ ва дигарон, бунёди мустаҳками адабиёти кӯдакро гузошта бошанд, имрӯз наметавон ин шуморро давом дод. Ангуштшумор шоиру нависандае дорем, ки барои кӯдак эҷод мекунанд. Шояд, таъсири ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти зиндагӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва муносибати дуюмдараҷа ба маънавиёти ин қишри ҷомеа буд, ки дар миён фазои холие ба вуҷуд омад. Хушбахтона, «Истиқбол» тавонист пур кунад ва дар солҳои душворе, ки ҳама нашрияҳои кӯдакона аз фаъолият монда буданд, ягона «Машъал» буд, ки чун оташи фурӯзоне дили кӯдаконро гарм дошт. Бо кумаки бузургони адабиёти кӯдак маҳфили «Истиқбол»-ро ба созмони кӯдакони болаёқат табдил дод ва он то имрӯз ба унвони ТҶБ «Истиқбол» талошҳои бебозгашт барои рушди истеъдодҳо ва ғановати маънавии кӯдакон дорад.
Маҷмуаи ба наздикӣ нашрнамудаи «Истиқбол» бо номи «Ситорабазм», ки эҷодиёти 10 навраси соҳибистеъдодро дар бар мегирад, исботи он аст. Даҳҳо чеҳраҳои шинохтаи аҳли адабу санъату ҳунар аз мактаби он гузаштаанд ва чун ситорачаҳое рӯшанӣ медиҳанд. Рӯшанӣ асоси бовар аст ва чун мардуми тоҷик фарзанди кӯҳсори баланданд. Як зумра шоиру нависандагони ҷавони тозаэҷод, мисли соҳибкитобҳо Дурдонаи Зафар, Сайидо Шарафӣ, намояндагони насли ҷавонтар Сабринаи Нурулло, Бежани Ризо, Анӯшервони Алишер, Осия Ғаффарова ва дигарон, адабиёти кӯдаконро равнақ хоҳанд дод.
- Бо шодравон Муқаддас Набиева шиноси наздик будед. Он касро дӯсту рафиқи ҳамешагӣ медонистед. Ду китобатон бо номҳои «Шарораи хотираҳо» ва «Обшори ёд»-ро низ ба ӯ бахшидаед. Пас аз маргаш ҷойи ӯро дӯсти дигаре пур кард?
- Ҷони сухан аз ҳавзи ҷигар об чӣ додӣ?
Сабрин, бари ту ҳайф, ки як ташнасухан нест.
Муқаддас ҳамин ташнасухани ягона, дӯсти бовафою ҳамроҳи беҳтарине буд, ки то ҳанӯз шарораи хотираҳояш рӯзгори маро гарм ва обшори ёдаш решаи умедҳоямро сабз медорад. Ҳамтои ӯ дӯсте дигар наёфтам, инсони комил ҳам.
- Эрнест Ҳеменгуэй, нависандаи бузурги амрикоӣ, гуфтааст: «Барои шоир шудан бачагии бадбахтона зарур аст». Ин андеша то куҷо дуруст аст?
- Андешаҳои бузургони олам дар пояи ростӣ баён шудааст. То ғаме, дарде, ранҷу озоре, дуруштиву ноадолатие вуҷуди Шуморо - таҳриқ надиҳад, қимати шодию фараҳ, муҳаббату меҳрубонӣ ва волоияти одамиро ба кулл наметавонед ҳис кунед.
- Вақте шеърҳои бачагона менависед, чӣ ҳиссиёт Шуморо фаро мегирад? Оё худро дар олами рангини кӯдакӣ тасаввур мекунед?
- Гоҳе барои кӯдакон менависам, худро ҳамсоли онҳо эҳсос мекунам. Ба дунё ба чашми кӯдакон менигарам ва онро мислашон мунаққаш мебинам, табиат, ҳайвонот, манзараву одамонро самимона дӯст медорам.
Ғингу ғингу ғингу ғинг,
Оруҳои Ховалинг.
Гул хӯрда касал шуданд,
Оруи асал шуданд.
- Дар мусоҳибае гуфтаед, ки зиёда аз 60 номгӯ китоби омода дорам, аммо аз сабаби набудани маблағ чоп карда наметавонам. Чандин маротиба ба соҳибкорон ва мақомоти дахлдор низ муроҷиат кардаед, вале дастгирӣ наёфтед. Сабаби маблағгузор наёфтанро дар чӣ мебинед?
- Китобҳои хуби кӯдакона ба нашр омода сохтаем. Аммо наметавонам молики он маблағе бошам, ки ба кӯдакон миллионҳо нусха китобҳои зебою нақшин чоп кунам. Маблағгузорони мо имрӯз бештар ба кумакҳои моддии ниёзмандон таваҷҷуҳ доранду бехабар, ки ба як нон гуруснае сер шавад, ба як китоб садҳо нафар аз ғизои маънавӣ баҳравар мегарданд. Гуруснаро метавон ба рӯзеву моҳе сер нигоҳ дошт, лек гуруснагии маънавӣ ба садсолаҳо моро қафо мекашад.
Гум гаштани мо, бешак, аз ҷурми фарозидан,
Бар авҷ сар афрозӣ, занҷир ба по ояд.
ОМӮХТАН ФАСЛИ ЗЕБОИСТ
Латофат Кенҷаева кори бузургу монданӣ кардааст, ки аз касе пинҳон нест. Дар замоне, ки бузургон бо дигар корҳо машғул шуданду кӯдакон дар ҳаёти ҳанӯз беғашу дилкашашон бе китоби кӯдакона, яъне бе раҳнамою роҳкушо мондаанд, маҳз ӯ созмоне таъсис дод, ки ҳадафаш китобро ба бачаҳо ва бачаҳоро ба китоб расонидан буд.
Низом ҚОСИМ,
Шоири халқии Тоҷикистон
- Ба назари Шумо имрӯз адабиёти бачагонаи мо дар чӣ ҳол аст?
- Барои беҳбудӣ ва рушди адабиёти кӯдак, бешак, таваҷҷуҳ ва дастгириву ҷонсӯзии нахуст мақомоти боло, ки кишвари серкӯдактарин ҳастем, сипас Иттифоқи нависандагону вазоратҳои дахлдор ва муҳим ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле зарур аст. Вагарна, насли босаводу инсони шоиста тарбият кардан мушкил аст. Сарнавишти ҳар миллату ватанро кӯдакони босавод, истеъдоду ҳунар ва талошҳои мудаввоми онҳо месозанд.
Мусоҳиб Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





