Сустию навмедӣ хатост
Ҳамовозӣ ба мақолаи «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ», Саймумин Ятимов,
«Садои мардум», 26 майи соли 2025, №66-67 (4962-4963)
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Чеҳраҳои мондагор» нигоштаанд, ки «Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупоридаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ки бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем».
Андешаи сиёсатшинос С.Ятимов дар мақолааш бо номи «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ», вобаста ба он ки «раванди ташаккули мафкураи қисме аз насли ҷавон самти диалектикии инкори баръакс - буҳрони хавфноктар аз замони Айниро касб кардааст», маҳз аз ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст. Муаллифи мақола комилан ҳақ аст, ки «ҷаҳонбинӣ ва идеологияи хурофотӣ сабаб гашт, ки созмонҳои экстремистиву террористӣ давра ба давра шакл бигиранд. Ҳалқаҳои махфии он тамоюл ва имконоти барои давлати миллӣ хатарзои афзояндаро аз худ нишон диҳанд».
Бидуни муболиғаву тамаллуқ мегӯям, ки маҳз ба шарофати Пешвои миллат арҷгузорӣ ба хизматҳои устод Айнӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид. Ин ҷанба дар мақолаи зикршуда мадди назар буда, С. Ятимов нигоштааст: «Садриддин Айнӣ Қаҳрамони барҳақи миллати тоҷик аст, ки Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба ин унвон сазовор донистааст».
Ақиб мондани шуурнокӣ аз воқеияти зиндагӣ, моҳият ва мақсади гурӯҳҳои ифротӣ масъалаҳои меҳварии матлабанд. Дуруст зикр шудааст, ки «Гурӯҳҳои ифротӣ ҳаргиз рӯшод намегӯянд, ки ҳукумат мехоҳанд. Онҳо амалҳои террористӣ ва мақсаду мароми худро бо шиору суханҳои муқаддас пӯшонида, зебу зинат ва обуранг медиҳанд».
Барои тақвияти ин андеша зикр намудан бамаврид аст, ки дар ибтидои солҳои 90-уми қарни XX дар Тоҷикистон аҳзоби гуногун ва то андозае аз назари идеологӣ ба ҳам мухолиф ба вуҷуд омада, дар ин раванд, ҳизби гӯё ба дин рабтдошта ҷойгоҳи хосро соҳиб шуд. Кор то ба ҷое расид, ки олими дорои дониши мукаммали гуногунҷанба дар радифи ба ном муллои камсавод қадру манзалат надошт. Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»-и чунин муллоҳо «об мерехт».
Ақиб мондани шуурнокӣ аз воқеияти зиндагиро шарҳ дода, С. Ятимов бамаврид ҳушдор додааст, ки «Дар ин маврид, дониста бошем, ҷаҳонбинӣ ва идеологияҳое, ки ҳамакнун мардумро ба раҳгумӣ андохтаанд, аз нигоҳи назарӣ ва таҷрибаи таърихӣ нисбат ба идеяҳои эҳёгарии миллӣ, ҳувиятсозӣ, худшиносӣ, давлатдории миллӣ, ватанпарварӣ, равшангароӣ, таърихофаринӣ, ҷамъияти маданӣ, дунявият ва халлоқияту додхоҳӣ ҳазор сол ва зиёда аз он собиқаи бештар доранд». Бо таҳқиқи ҷараёнҳои махлут бо ифротгароӣ хулоса ин аст, ки «дар ягон давр чунин вусъати паҳншавӣ надоштанд, агар даҳшати замони ҷанги шаҳрвандиро истисно кунем».
Эътироф бояд кард, ки ҳоло дар бораи терроризму экстремизм матолиби зиёд пахш ва нашр мешавад. Ин, албатта, хуб аст, вале эътироф бояд кард, ки дар аксар матолиб умумигӯӣ ва такрор меҳвар буда, ин ҷанба аз ноогоҳиву бетафовутии муаллифон ба пайомади фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва огоҳии комил надоштан аз моҳияти масъала маншаъ гирифтааст. Мақолаҳои ба ин масъала рабтдошта дар сурате нишонрас, пурмуҳтаво, таваҷҷуҳбарангез ва дар ташаккули афкори ҷомеа саҳмгузор мегарданд, ки зимни иншои онҳо таҳлил амиқ бошаду ҳадафу мақсад бо истинод ба далелҳои асоснок бозгӯӣ шавад. Таъкиди муаллифи мақола - Айнӣ хурофотро ҳамчун усул, восита, ҳамсафар ва ҳимоятгари аслии маънавӣ ва ҷисмонии ҷиноятҳои амирӣ бар зидди оммаи мардуми ноогоҳу бесарпаноҳ шинохт, то охири умр ба муқобили ҷаҳонбинӣ, руҳу маънавиёти миллаткуш ва урфу одати боқимондаи замони куҳан мубориза бурд, дар шароити кунунӣ бениҳоят муҳим аст. Мутаассифона, як қисми аҳли зиё ҷиҳати ба мардум, хоса насли наврас, шарҳу тавзеҳ додани аҳдоф, моҳият ва оқибатҳои терроризм то андозае саҳлангоранд. Зиёданд ҳолатҳое, ки ба муроҷиати журналистон баҳри дар якҷоягӣ омодасозии матлаб дар ин бобат бетафовутӣ зоҳир мекунанд, баҳона меҷӯянд, худро канор мегиранд, ки ин тамоюл ба заъфи корҳои фаҳмондадиҳӣ боис мегардад. Зиёиён, ҳамон тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд, «бояд ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд». Дар мақола ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, аз ҷумла, таъкид гардидааст: «Адибони имрӯза, ҳамасрони замони истиқлоли моро чӣ мушкил домангир аст, ки чунин андешаву маҳсули эҷодро ба намоиш гузоранд». Таъкиди мазкур барои аҳли зиё моҳиятан ғизо бояд бошад.
Мутаассифона, зиёданд ба ном зиёиёне, ки «фаъолият»-ашон «як бому ду ҳаво»-ро шабеҳ аст. Онҳо мунтазам аз эҳтиром қоил будан ба арзишҳои милливу давлатӣ ҳарф мезананд, вале дар асл ин муқаддасот барояшон як фулус арзиш надорад. Табиист, ки то чӣ андоза комёб будани муаллиф дар баён намудани дастоварду пешравиҳои мамлакат ба донишу касбият вобаста буда, аз садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ, ҷасорат, азми қавӣ ва нияти нек маншаъ мегирад. Ҳастанд онҳое, ки аз зиёӣ будан ифтихорманду дар ин замина аз ғамхориву таваҷҷуҳи Ҳукумат баҳравар, вале ягон мақолаи қобили таваҷҷуҳу арзандаи ситоишашонро нахондаем. Ба «моҳи осмон айб меёбанд», аммо ду ҷумларо бо ҳам «ҷанг андохта» наметавонанд. Барои чунин ашхос фарқ надорад, ки об ба боло меравад ё поён. Аксарият пешаи муқаддасро ҳамчун василаи таъмини зиндагӣ сӯиистифода менамоянд. Навиштаҳояшон содалавҳона, қолабӣ ва хасакӣ буда, аз ин тоифа дудилагӣ ба як идда қаламкашон низ сироят кардааст.
Муаллиф комилан дуруст таъкид кардааст: «Барои коғаз, барои як шумораи маҷалла нанависанд. Китоб не, асар офаранд. Эҷодашон аломати расмиятчигӣ, намоишӣ, ҳисоботдиҳӣ ва рӯякӣ надошта бошад. Ва адиб қаҳрамони парварида, комил ва пирӯзи худро дар зиндагиаш бо чашми худ бинад. Ифтихор намояд». Дар тақвияти ин суханон илова карданиам, ки бо вокунишҳои бетаъхиру аз далелу рақамҳо ғанӣ ба нотавонбинони тоҷику тоҷикистониён, ки аз дастовардҳои мо ваҳшатзадаанд, посух бояд дод. Ба тоифае, ки варшикастаанду «илоҷ»-ро дар сафсатапароканӣ, бечоранолӣ ва афсонапардозӣ дидаанд, бахтбаргаштаҳое, ки ба мақому манзалат ва маҳбубияту маъруфияти Пешвои миллат рашк доранд, бояд фаҳмонем, ки маҳбубияти беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи мардумӣ будани афкору мулоҳиза, воло будани фитрату завқу салиқа ва бекарон будани дунёи ботинии он кас маҳсуб мешавад. Муаллиф барҳақ нигоштааст, ки «Ӯ (манзур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд) тавонист шароит, захираҳои маънавӣ ва моддии мардуми хешро ба хотири барқарории давлат, таъмини сулҳу субот, рушду тараққии он хирадмандона сафарбар кунад».
Президенти мамлакат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки соли гузашта доир гашта буд, фармуданд: «Дар ҳоле ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст». Дар мақола зикри он ки воқеияти имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон, дар масъалаи вазъи ҷаҳонбинии миллӣ, сарфи назар аз дастовардҳое, ки дар кулли соҳаҳои замони истиқлол рух доданд, ниёз ба бознигарӣ дошта, маънавиёти (дидгоҳ, арзишҳои ҷамъиятӣ) хештаншиносии қисме аз аъзои ҷомеа, аз дараҷаи суръати тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат, таҳаввулоти инқилобие, ки Ҳукумати кишвар ба тарзи пешгӯинашаванда рушди онро таъмин кард, фарсахҳо қафо монд, ҳамовозӣ ба ин ҳушдор аст.
«Аз як тараф, ин камбуди ҷиддии дастгоҳи идеологӣ ва маорифи халқ (на Вазорати маориф дар танҳоӣ) – падару модар, муҳити оилавӣ, маҳал, деҳа, мактабҳои миёна, олӣ, иттифоқҳо ва иттиҳодияҳои эҷодии мафкурасози ҷомеа, васоити ахбори умум, муассисаҳои фарҳангӣ, коргоҳҳо – дар маҷмуъ, ниҳодҳои масъули ташаккули муносиботи ҷамъиятӣ мебошад», - нигоштааст муаллиф.
Дар ин робита бамаврид аст аз нигаронии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ёдовар шавем: «Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои маҳаллии вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонону варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дигар сохторҳои марбутаи давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо, пешбурди фаъолияти мафкурасозиро дуюмдараҷа мешуморанд ва ба ин масъалаи муҳим аҳамияти зарурӣ намедиҳанд».
Эътироф бояд кард, ки дар кишвари мо дин то кунун моҳияти миллӣ касб накардаю дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба таври бояду шояд саҳмгузор нест. Дингароии аксар низ сунъӣ буда, бештар ба хурофот рабт дорад. Биноан, Пешвои миллат нигаронӣ карданд: «Бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст».
Бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки баръакси кишвари мо, дар ақсои олам дин баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ хеле густурда истифода ва дар баъзе ҳолат ҳатто сӯиистифода ҳам мешавад. Барои мисол, калисои католикӣ ва калисоҳои православӣ бо меҳвар қарор додани манфиатҳои миллӣ баҳри пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳ, риояи ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз ҳуқуқи зан, мубориза бар зидди бемориҳои вазнин, терроризм, расондани кумак ба мардуми камбизоат ва ғайра бо сохторҳои дахлдор фаъолияти муштарак доранд.
Мисоли дигар, сокинони мусалмони Қафқоз бо нидои «Аллоҳу акбар» аз манфиатҳои миллию давлатии Федератсияи Россия ҳимоя мекунанд. Кори дуруст мекунанд, зеро тафовути эътиқодӣ набояд монеа дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошад.
Хулосаи ниҳоӣ ва бардошти асосӣ аз мақолаи «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ» он аст, ки зиёиёни асил, ки онҳоро Пешвои миллат «равшангарони воқеии ҳаёт» номидаанд, уҳдадоранд, ки ба иҷрои вазифаҳояшон бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, ба манфиатҳои милливу давлатӣ содиқу арҷгузор ва барои ҳифзи онҳо ҳамеша омода бошанд. Тавре муаллиф нигоштааст: «Акнун майдони адабӣ нависандаеро тақозо дорад, ки айнивор қудрати кушодан ва фош кардани муаммои сарбастаи раҳгумии фоҷиаи иддае аз намояндагони ҳамин миллатро дошта бошад, ки ӯро бо шиорҳои дурӯғини хурофотӣ назди оламиён дар хиҷолат монда ва садҳои дигарро, ки барои як порча нон дар талошанд, дар вазъи бозгардониву сарсониву ҳайронӣ гузоштааст».
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





