Қадри сулҳу ваҳдат
Чанд дақиқа пеш аз киштзораш баргашта буд. Чун одати ҳамешагӣ рӯйи мизи назди тиреза нишаст. Дурудароз ба саҳни ҳавлӣ дида дӯхт, сипас панҷаҳояшро мушт карда, зери манаҳаш сутун сохт. Андешаҳои бесару нӯг мағзашро фишор медоданд, аммо сокит буд. Дар ҳоли сукут аз дили дардмандаш оҳи бадарде кашид. Ин ҳоли падари 65-солае буд, ки дар тӯли зиндагӣ талхию ширинии ҳаёт чашидаю шоҳиди воқеаҳои зиёде гардида.
- Оббооо, - зери лаб наҷво кард, - наход баъзе ҷавонони мо то ин ҳад бегонапараст шуда бошанд, ки ба қадри ин неъмати бузург - ваҳдати миллию осоиштагӣ нарасанд. Ин ободию озодии давлати моро мардумони кишварҳои дигар орзу мекунанд.
Чизе, ки падарро нороҳат менамуд, ин ноогоҳона ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона пайвастани баъзе ҷавонони ҳамватан буд. Ҳамчунин, аз он нигарон буд, ки имрӯз баъзе ҷавонон ба ҳиллаю дасисаи бегонагон дода шуда, берун аз кишвар истода, хиёнаткорона сӯи миллату давлати хеш сангандозӣ мекунанд. Ӯ, ки шоҳиди бевоситаи воқеаҳои нохуши солҳои 90-уми асри пешин аст, хуб медонад, ки ин амал оқибати ногувор дошта, пеш аз ҳама, ба ваҳдати миллӣ осеб мерасонад.
- Дар ҳоле ки имрӯз истиқлолияту якпорчагии бисёр кишварҳо зери суол аст ва эҳтимоли аз харитаи ҷаҳон ҳамчун давлат аз байн рафтани баъзе кишварҳо вуҷуд дорад, мо бояд аз пештара дида муттаҳид бошем, ваҳдати миллиро аз ҳама газандҳо эмин дорем, - мегуфт худ ба худ.
Гузаштааш пеши назар муҷассам гашт. Ёдаш омад, ки чӣ тавр рӯзҳои сангину ваҳшатзоро берун аз Ватан бо хорӣ, дар ҳасрати дидори наздикон паси сар намуда буд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гуруснагиро ба дунбол овард. Мардум аз кишвар фирор мекарданд. Ӯ низ дар қатори садҳо ҳамватан иҷборан мусофириро ихтиёр кард. Хуб медонад, ки зиндагӣ дар сарзамини бегона, дур будан аз Ватан чӣ сахтиҳо дорад.
Дар ҳамон шабу рӯз бо кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар мамлакат пойдор гашт. Омаду мардуми овораю парешонро сарҷамъ кард, давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот дод ва миллат зери роҳбарии ӯ ба ваҳдати комил расид. Имрӯз мардуми тоҷик дар Ватани худ зиндагии орому осуда дорад. Аммо он рӯзҳои шум ҳеҷ аз хотираи падар зудуда нагашт. Ҳеҷ фаромӯш накард, ки чӣ гуна барои як луқма нон силоҳбадастон то нисфи шаб думболашон гашта буданд. Бо дӯсташ Ислом нонҳоро дар бағал пинҳон карда, дар таҳхона пинҳон шуда буданд. Ин аз сад як ҳодисаи дар он солҳо пушти сарнамудаи падар буд, ки ба наберааш Сиёвуши наврас нақл кард ва таъкид намуд:
- Писарам, имрӯз Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Мардуми мо ин рӯзро ҳамчун рӯзи сулҳу оштӣ, ягонагию сарҷамъии миллат ҷашн мегиранд. Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни шинохти воқеии таъpих, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ тасаввypнопазиp аст.
Аслан, фарзандони фарзонаю ватандӯсти миллат дар ҳар давру замон аз истиқлолияту ваҳдати миллӣ ҳимоя кардаанд. Масалан, агар дар гузашта амирони Сомонӣ баҳри муттаҳидсозии халқи тоҷик ҷидду ҷаҳди зиёде намуда бошанд, дар замони мо ин хидмати мондагорро барои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом доданд, - суханашро идома дод падар. - Писарам, хандаи тифлону шодии модарон, болафшонии кабӯтарон, тулӯи офтоби зарринбол ба назари ҳар инсон зебо менамояд, агар дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор бошад. Хоби ором, хандаи кӯдакон, шодии модарон, амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амонӣ бармеояд.
Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон, дар ситоиши сулҳ чӣ хуш гуфтааст:
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.
- Сиёвуши азиз, ҳаргиз ба роҳи каҷ нарав, писарам. Роҳи каҷ инсонро ба мақсуд намерасонад. Ҳушёр бош, неку бадро бишинос, то фирефтаи гурӯҳҳои дасисабоз нагардӣ. Фаромӯш накун, ки ҳамаи мо барои фардои босаодати давлату миллат, ваҳдати миллӣ масъулият дорем. Боварӣ дорам, ки ту ҳам пайрави Пешвои миллат мешавию ба хотири рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии давлатамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи миллати азизамон ҷаҳду талош менамоӣ, - таъкид намуд падар.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





