Ваҳдате, ки моро неруманд кард
Қудрату азамати ваҳдати комили миллӣ аст, ки ҳазорҳо барномаву нақшаҳои стратегӣ пиёда гардида, татбиқи садҳо лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар дурдасттарин мавзеъҳои мамлакат боҳадаф идома дорад. Муҳимтар аз ҳама, мардум дар оромиш зиста, миллионҳо шаҳрванд дар Ватани хеш соҳиби касбу кор ва шуғли писандидаанд, садҳо ҷавонони мо дар муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳу созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҳсилу фаъолият доранд.
Сулҳ аз ҷумлаи арзишҳои бебаҳоест, ки ҷавҳари онро заковати мардум соҳиби хирад ва фарҳанги қадимаю инсондӯстонадошта ташкил медиҳад. Чунин мардум таҳти роҳбарии Пешво қодир аст, ки ҳама гуна мухолифат ва низоъро бо роҳи музокирот, яъне, эҳтироми ақидаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва пеш гирифтани сиёсати гузашт ва муросо, ҳаллу фасл намояд.
Далели бебаҳс аст, ки агар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи бениҳоят ҳассоси таърихӣ давлатдориро бар зимма намегирифтанду тақдири тоҷиконро дар рӯзҳои душвор ҳаллу фасл намекарданд ва барои ваҳдати миллӣ асос намегузоштанд, мавҷудияти давлату миллат зери суол мерафт.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид кардаанд: «Воқеан, андешаи муросо ва таҳаммул, ки аз қадим дар афкори сиёсиву иҷтимоии миллати мо ва сиёсати давлатдоронамон мавқеи барҷаста дошта, дар осори фаровони фарҳангии халқамон аз устод Рӯдакӣ то устод Турсунзода инъикос ёфтааст, василаи муассиртарин ва роҳи беҳтарини расидан ба сулҳу субот дар ҷомеа мебошад. Ҳанӯз дар асри XIV яке аз фарзандони бузурги халқи мо Хоҷа Ҳофиз ба инсоният панд медод, ки бо дӯстон мурувват кардан ва дар айни замон бо душманон мадоро, яъне муросо варзидан, шарти оромиву осоиши аҳли башар аст».
Биноан, набояд зиракии сиёсиро аз даст дод ва ваҳдати миллиро аз ҳарвақта бештар бояд гиромӣ дошт.
Таҷрибаи сулҳи мо, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъда равшан намуд, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Кишвари мо дар сарҳади ҷанубии Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо ҷойгир буда, баҳри таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон саҳми бориз дорад.
Рӯйдодҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳаводиси чанд сол пеш, минҷумла дар шаҳри Хоруғ ва нооромиҳо дар дигар ноҳияҳои ВМКБ низ, мисоли равшани бозии қудратҳои гуногун буда, моро ҳушдор дод, ки ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Инсони дақиқбину сареҳназар ба ҳеҷ ваҷҳ парокандагии миллату давлатро намехоҳад, баръакс, баҳри таҳкими соҳибистиқлолию рушди он талош мекунад. Онҳое, ки ваҳдати миллӣ ва равнақи Ватанро намехоҳанду намехостанд, ба маънои том нотавонбинонанду хоинони Ватананд. Ин тоифа ҳастии хешро инкор намуда, пойбанди мафкураву арзишҳои бегона гаштанд.
Воқеан, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Мо яроқи ҳастаӣ надорем, қудрати мо дар сарҷамъии миллат ва ваҳдат аст». Биноан, вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳои таърихиро минбаъд низ чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, корҳои ободонию созандагиро вусъат ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро беҳбуд бахшем.
Машҳур ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





