https://sadoimardum.tj

Тулӯи офтоби ваҳдат

№:79 (4975) 26 июн 2025, 13:09
0

Дар ғафлат зистан, яъне, равзанаи ҳастӣ ва чароғи маърифатро ба рӯи хеш бастан аст. Бе ишқ варзидан, дилдорӣ накардан, рози табассумеро нашнохтан, хайре наовардан ва инсониятро дарк насохтан ҳаёт арзише надорад. Ғофилон намедонанд, ки чаро бояд зиндагӣ кунанд, роҳи камолашон куҷост, ҳақиқати ҳастияшон чист? 

Агар қавме ё миллате ҳам гирифтори ғафлат бигардад, роҳи рушди хешро гум месозад, аз тараққӣ мемонад, решаҳояш мехушканд ва ниҳоят, ба нобудӣ мерасад. Ғафлат кардан, яъне, марги худро хондан аст. Шарти дар ин дунёи пуртазод зинда мондан расидан ба огоҳист. Инсоне ва миллате пойдор мемонад, ки тавассути огоҳӣ дунёи моддӣ ва маънавии хешро месозад. Кор гирифтан аз огоҳӣ, дониш, хирад, ҳикмат хеле муҳим аст. Инҳо абзорҳое ҳастанд, ки чун оби ҳаёт ба пайкари миллат ҷон мебахшанд, руҳи ӯро ба парвоз меоранд. Қудрат ва тавоноии одамон ва миллатҳо дар ваҳдат зоҳир мегардад. Ваҳдати миллӣ бо тулӯи офтоби худшиносии миллӣ ба вуҷуд меояд, пардаи зулмоти бехабариро пора месозад ва ба пайкари миллат инсиҷом мебахшад.

Масъалаи ба ваҳдат расидан дар тамоми асру замонҳо муҳим буд. Ин ҳақиқатро инсонҳои бедор дарк кардаю барои расидан ба он таъкид менамуданд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ин нуктаро дар рубоии зерин хеле хуб баён месозад:

Ёрон, ёрон, зи ҳам ҷудоӣ макунед,

Дар сар ҳаваси гурезпоӣ макунед.

Чун ҷумла якед, дуҳавоӣ макунед,

Фармуди Худо, ки бевафоӣ макунед.

Ҷудоӣ, гурезпоӣ, дуҳавоӣ ва бевафоӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки теша бар решаи ваҳдат мезананд. Бо ин баёни сода ва зебо моро Мавлоно ба сӯи якдилию ҳамбастагӣ ҳидоят менамояд.

 ВАҲДАТ БАҚОИ МОСТ

Тобистони соли 1990. Ману Ятим Мирзоев, хабарнигори рӯзномаи «Байрақи ленинизм» (ҳоло «Ҳисори шодмон»), ба деҳаи Хушони дараи Ромит, хонаи бобои Қаландар рафтем. Чун мақсади мо сайри кӯҳсор ва тамошои манзараҳои он буд, субҳи рӯзи дигар аз хонаи бобои Қаландар баромада, бо мақсади тутхӯрӣ роҳи деҳаи Кохуро пеш гирифтем. Вақте ба пеши масҷиди деҳаи Хушон расидем, чашмамон ба ду мошине афтид, ки аз онҳо мардони ришдоре бо либосҳои сафеду сабз, баъзе камзӯлчапӯшу баъзеи дигар ҷелак дар бар, фуромада ба масҷид даромаданд. Чун масҷид ҷои ибодати руҳониёну мардуми намозхон аст, мо аз дидани онҳо тааҷҷуб накардем ва бе ягон шакку гумон ба онҳо салом дода, роҳи худро идома додем. 

Бегоҳӣ вақте аз деҳаи Коху баргаштем, дидем, ки сокинони деҳаи Хушон дар ҳар гӯшае панҷ-даҳнафарӣ ҷамъ шуда, бо ҳам суҳбат доранд. Моро ҳам ба гурӯҳе даъват намуданд. Чун ба он ҷамъ пайвастем, дидем, ки марди муллонамои хориҷие суҳбат дорад. Ӯ моро барои адои намози шом ба масҷид даъват кард ва таъкид намуд, ки ҳатман биёем ва аз масъалаи муҳиме хабардор шавем.

Ману Ятим ба хонаи бобои Қаландар рафтем ва ӯро аз воқеа огоҳ сохтем. Бобои Қаландар ба андеша рафт ва ниҳоят сар бароварда гуфт:

- Ин бадбахтҳо ба сари мо балое оварданӣ ҳастанд. Шумо таҳорат карда, ба масҷид равед, ҳар чизе ки дидеду шунидед, омада ба ман нақл кунед.

Ману Ятим ҳарчанд ба таги гапи бобои Қаландар сарфаҳм нарафтем, тагпурсӣ накарда, ба масҷид рафтем. Баъди намози шом дар масҷид зиёфат оростанд ва табақҳои шакаробу қурутоб ва оши палавро оварда, аввал ба пеши он рӯҳониёне, ки меҳмон буданашон аниқ буд, мегузоштанд. Онҳо як-ду даҳан аз он таомҳо гирифта, боқимондаашро «табаррукӣ» гӯён ба тарафи мо мефиристоданд. Ман аз хӯрдани таоми «табаррукӣ» сарпечӣ кардам, нафаре, ки дар рӯ ба рӯям нишаста буд, маро маҷбур намуд, ки ақаллан як даҳан гирам, савоби калон дорад.

- Ман сарқутхӯр нестам! - посух додам ба ӯ.

Ин гапи ман диққати дигаронро ҷалб кард ва ҳама ба сӯи ман нигаристанд. Яке аз муллоҳои хориҷӣ хандида, ба ман ишора карда гуфт:

- Ӯро ба ҳоли худ гузоред!

Баъд аз намози хуфтан нафаре аз меҳмонон ба амри маъруф пардохт. Вай дар бораи ҷангҳои ҳазрати пайғамбар (с) бо душманони ислом дурудароз ва хеле таъсирбахш гап зад. Ниҳоят ба сари мақсад омада гуфт, ки ба сари ислому мусалмонон дар Тоҷикистон сахтиҳо меояд, душманон барои хароб кардани дин ва бурдани номуси мо сар баланд мекунанд. Аз ин рӯ, ба сари ҳар яки шумо ҷиҳод фарз мешавад. Ҳамин тавр, ӯ ҳозиронро ба мубориза бар зидди душманони ислом даъват кард. 

Ман гапҳои он муллои хориҷиро шунида, нороҳат шудам ва хунам ба ҷӯш омад. Беқарории маро дида, Ятим маҳкам аз банди дастам дошта, ба гӯшам гуфт:

- Ором шин, ягон гап нагӯ, мон, ки соқу саломат аз ҳамин ҷо равем!

Аммо ман дигар сабр карда наметавонистам ва аз ҷоям хеста, ба ҳамон марди воиз рӯ оварда гуфтам:

- Шумо кӣ ҳастед? Ба шумо кӣ ҳақ дод, ки моро ба ҷиҳод даъват кунед? Душманони мо киҳо ҳастанд?

Дар миёни ҳозирон ғалоғула бархост. Ҳар касе ҳар чизе мегуфт. Ин ҳолро дида, хун ба сари воизи хориҷӣ зад, ки чеҳрааш лолагун шуд. Як муллои ришдарози дигар аз ҷояш хеста, хост ба ман чизе гӯяд, вале воиз пеши ӯро гирифта намонд, ки гап занад.

- Ин бача баҳодур будааст, - ба гап даромад воиз, - ба мо, ана ҳамин хел ҷавонон даркор аст. Номи ӯро ба қатори хидматгузорон нависед, ки дар як-ду деҳаи дигар ба мо хидмат кунад.

- Ман ҳеҷ гоҳ ба шумо хидмат намекунам! – қотеъона гуфтам ба ӯ.

- Мо ин ҷавонро намешиносем, бори аввал ӯро мебинем, - гуфт нафаре аз миёни ҳозирон.

Баъди каме мунозираи дигар ману Ятим аз масҷид баромада ба хонаи бобои Қаландар омадем. Мӯйсафед воқеаро аз забони Ятим шунида, абрӯвонашро ба ҳам кашида гуфт:

- Ман медонистам, ки омадани онҳо ба хайри мо нест. Ин балвогарон ба сари мардуми мо бадбахтие меоранд. Чаро ҳукумат пеши роҳашонро намегирад?!

Он замон, ки ҳамдигарнофаҳмӣ, нобоварӣ, парешонӣ, беэътимодӣ, душмантарошӣ ҷомеаи моро фаро гирифта буд, боис гашт, ки миллат пароканда гардад, мамлакат хароб шавад. Аз ин фурсат душманон ҳам истифода бурданд ва мардуми содадилу хушбовари моро ба ҷони ҳам андохтанд. Онҳо динро ҳам ба бозӣ гирифтанд ва бовари мардумро қурбони манфиатҳои шарри хеш намуданд.

Ҳамаи ин аз ноогоҳӣ, ғафлат кардан ва ба ваҳдат таваҷҷуҳ надош­тан гувоҳӣ медиҳад.

Як гули мақсуд дар ин бӯстон,

Чида нашуд бе мадади дӯстон.

Аммо онҳое, ки он шом дар масҷиди деҳаи Хушон дидем, дӯсти мо набуданд. Онҳо барои иғвогарӣ, амалӣ гардонидани мақсадҳои шумашон омада буданд. Дар дили мардум тухми нифоқ мекоштанд. Нияти моро хидматгору ғулом кардан доштанд. 

Оре, мо вақте якдилу якҷон мешавем, аз як гиребон сар мебарорем, манфиатҳои миллиамонро аз манфиатҳои шахсӣ боло мегузорем, он гоҳ ба мақсуд мерасем. Ваҳдат неру, қудрат ва тавоноист, ки моро аз парокандагӣ ҳифз мекунад ва ба бақо мерасонад. Аз ҷониби дигар, он замон миллати мо ба раҳнамою раҳбаре ниёз дошт, ки моро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад, роҳи ростро бинмояд ва ҳақиқати зиндагиро бароямон ошкор созад.

РАМЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Нақши шахсиятҳо дар таърихи рушд ва такомули халқияту миллатҳо хеле барҷаста аст. Яъқуби Лайси саффорӣ замоне миллати моро аз нобудшавӣ наҷот дод. Вай баъди дусад соли истисмори араб, ки мо худро мебохтем ва рӯ ба нобудӣ оварда будем ва чизе намонда буд, ки араб шавем, қад алам кард ва забонамонро эҳё намуд, таъриху тамаддунамонро ба мо баргардонд ва роҳро барои бедории миллӣ боз кард.

Исмоили Сомонӣ худро девори Бухоро эълон сохт ва ваҳдат­ро миёни ақвоми ориёӣ ба вуҷуд овард. Ба фарҳанг, адабиёт ва илм болу пар бахшид. Даврони Сомониён буд, ки Фирдавсӣ ваҳдати маънавии моро аз устура то таърих бо «Шоҳнома»-и безаволаш эҳё намуд ва бо ифтихор суруд: «Аҷам зинда кардам ба-дин порсӣ». 

Ниҳоят марде дигар дар интиҳои асри бист ва ибтидои асри бисту як ба бахти миллати пора-пора гаштаи тоҷик зуҳур кард ва чароғи ягонагию ҳамдилӣ ва ваҳдати миллӣ дар даст роҳи моро равшан сохт. Ин шахсияти барҷаста Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ҳамон фарзанди арҷманди халқи тоҷик, ки аз рӯзи нахустини ба сарварӣ расидан барои сулҳ, ваҳдати миллӣ ва зинда гардонидани суннатҳои арзишманди халқаш мубориза бурданд. Ҳар қадами ӯ ба хотири бедорӣ, худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ бардошта шуд ва дар ин роҳ ҷоннисориҳо намуданд. Ӯ ба ҷанг хотима бахшид, сулҳро пойдор сохт ва бӯстони хушранги ваҳдати миллиро сабзу хуррам гардонид. 

Дар яке аз сафарҳо ба дараи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод чашмам ба Рахшона Солеҳзода - муовини раиси ноҳия афтид, ки аз вохӯрӣ бо занони он дараи зебоманзар меомаду чашмонаш ҳавзи об буданд. Аз дидани ин ҳол лаҳзае карахт шудам. Азизулло (муовини собиқи раиси Кумитаи дин) низ ба ташвиш омада пурсид:

- Тинҷӣ аст?

- Тинҷӣ!

- Чашмони пуробатонро дида нороҳат шудем.

- Кошкӣ шумо ҳам он ҷо мебудеду садои дили модарони муҷахарфиро мешунидед, - бо ҳамон ҳаяҷоне, ки банди дили Рахшонаро меларзонд, гуфт ӯ. 

Ману Азизулло хомӯшона ба ӯ менигаристем ва мунтазири давоми суханаш будем.

- Занони деҳаи Муҷахарф бо муҳаббату ихлос гуфтанд, ки саломи моро ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бирасонед. Мо муштоқи дидорашон ҳастем. Замоне ки рӯзи сиёҳ доштем, оташи ҷанги хонумонсӯз тару хушкро месӯхт, ба фарёди дили мо расиданд. Мою фарзандонамонро аз парокандагӣ, зиндаҷудоӣ, ноумедию бадбахтӣ наҷот доданд. Имрӯз нафаси осуда мекашем, зиндагии бобаракат дорем. Аз ҷониби мо ба Пешвои миллат ташаккур гӯед.

Дар ин суханони модарони муҷахарфӣ чӣ қадар муҳаббат, ихлос, самимият нисбат ба Пешвои миллат нуҳуфта аст. Пешвои миллате, ки рамзи ҳақиқии ваҳдати миллии мост. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати устура, арзишҳо, суннатҳо, дар маҷмуъ, фарҳангу тамаддуни моро ба инобат гирифта, насли нави ҷомеаро ба сӯи худогоҳӣ ҳидоят месозанд. Таърихи мо аз устураи мо ҷудо нест. Халқи мо аз устура то таърих роҳи дарозеро тай намуда, ба ваҳдати маънавӣ расидааст. Ин ҳақиқатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, барои сохтани миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ самаранок истифода мебаранд. Хеле муҳим аст, ки мо решаҳои худро бишносем. Камоли мо, ваҳдати маънавию моддии мо бе шинохти решаҳоямон имконпазир нест. Пешвои миллат дар ин замина таъкид менамоянд: «Маҳз ба ҳамин хотир, ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати маънавибунёди Сомониён, «Соли тамаддуни ориёӣ», 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, бузургдошти шахсиятҳои илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ - Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигаронро баргузор намуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овардем, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким бахшидаанд».

Худшиносӣ шарти асосии ба ваҳдат расидан аст. Мо бояд ҳақиқати ҷисмонӣ ва маънавии худро дарк созем. Ин ду бе якдигар маъно надоранд. Инсоне, ки фақат зиндагии моддӣ ва хокиро мешиносад, майлаш бештар ба пул, қудрат, ҷоҳ ва мақом аст. Барои ӯ арзиши дигаре вуҷуд надорад. Ин гуна инсон ба осонӣ метавонад хиёнат кунад, чаро ки маъниро намедонад, маърифат, ишқ ва огоҳӣ барояш бегона аст. Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тавассути китобҳои арзишманде, ки навиштаанд ва суҳбату мулоқотҳояшон барои баланд бардоштани маънавияти миллат талош меварзанд. Он кас муайян кардаанд, ки забони миллат ҳастии миллат аст. Таҷлили ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ буда, дар онҳо зиндагии маънавӣ, боварҳо ва суннатҳои миллии мо нуҳуфтаанд. Аз ин бармеояд, ки ваҳдати моддиёт бо маънавиёт рукни муҳими инсони комил шудан аст. Ин ду ҷиз якдигарро пурра месозанд ва ваҳдати шикастнопазиреро ба вуҷуд меоранд, ки инсонпарварӣ, ватандӯстӣ, якдилӣ, меҳру ишқро тақвият мебахшанд. Мавлоно мегӯяд:

Аз муҳаббат нор нуре мешавад,

В-аз муҳаббат дев ҳуре мешавад.

Хулоса, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст. Ҳузури ӯ мисли офтоби тобнокест, ки зулмотро пароканда месозад ва ба зиндагии мо нур меорад.

ВОРИС, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: