Сулҳ овардан осон набуд
Бузургтарин арзиш барои як миллат озодиву худсолорӣ аст, ки дар натиҷаи баҳамоиву ваҳдати халқ имконпазир мегардад. Хушбахтона, имрӯз миллати сарбаланди тоҷик соҳиби чунин саодати бузург аст ва ваҳдати милливу Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ду боли қавӣ давлати соҳибистиқлоли моро ба ояндаи дурахшон роҳнамоӣ мекунанд.
Воқеан, истиқлоли давлатӣ, ки ормони миллати сарбаланди тоҷик буд, барои кишвари мо осон ба даст наомад. Ҳарчанд баъзан нафарон онро натиҷаи пош хӯрдани Иттиҳоди шуравӣ арзёбӣ мекунанд, вале замина барои расидан ба он ҳанӯз солҳои 20-уми асри XX гузошта шуд. Агар дар ҳамон давра фарзонафарзандони миллат ба ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди шуравӣ муваффақ намешуданд, дар гумон буд, ки ба чунин рӯзҳои фараҳбахшу пурсаодат мерасидем. Бинобар ин, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натиҷаи ҷидду ҷаҳд ва кӯшишу заҳмати миллат бо роҳбарии фарзандони фарзонааш аст.
Дар ин баробар, ҳанӯз Иттиҳоди шуравӣ пош нахӯрда, охири солҳои 80-и асри гузашта дар кишвари мо ҷунбишҳои ҳувиятхоҳӣ ба вуҷуд омаданд, ки намунааш ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ буд. Инчунин, даъвоҳо барои эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва дигар тадбирҳои ҳувиятсоз аз ҷониби равшанфикрон ба бедории фикрӣ ва ҳисси истиқлолхоҳии ҳамватанон замина гузошт. Аз ин ҷост, ки пеш аз барҳамхӯрии Иттиҳоди шуравӣ аллакай шаҳрвандони кишвар даъвои мустақилиятро ба роҳ монданд ва вақте ки кишвари мо Эъломияи истиқлолияти давлатиро қабул кард, расман ҳанӯз Иттиҳоди шуравӣ вуҷуд дошт. Бинобар ин, вақте мегӯянд, ки ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ осон истиқлол ба даст оварданд, шояд дуруст бошад, аммо Тоҷикистон аз ин иддао истисност, зеро ҳам замони таъсис ва ҳам давраи барҳамхӯрии Иттиҳоди шуравӣ барои миллати тоҷик фоҷиабор анҷом ёфтааст. Дар ҳар ду давраи таърихӣ фитнаву хиёнат миллатро ба ҳолати фалокатбор наздик кардааст: дар давраи аввал хавфи комилан бе давлат мондан тоҷиконро таҳдид мекард, дар давраи дувум бошад, хатари нобуд шудани давлати миллӣ.
Хушбахтона, давраҳои ҳассоси таърихӣ шахсиятҳои таърихиро ба вуҷуд меорад. Агар дар солҳои 20-30 асри гузашта Садриддин Айниву Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳаммаслаконашон барои соҳиби давлат гардидани тоҷикон ҷонбозиҳо карда бошанд, дар марҳилаи баъдии давлатсозии миллӣ ин рисолат бар дӯши фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод. Воқеан, баргузории Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олӣ чун падидаи муҳими сиёсӣ самти ҳодисотро ба тарафи мусбат тағйир дод. Пас аз хараҷу мараҷи зиёд Ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардиду барои мустаҳкам кардани пояҳои давлати мустақил иқдомҳои шоиста рӯи даст гирифта шуд. Муқаддасоти давлатӣ қабул гардиданд ва барои ташкили рукнҳои давлати мустақил иқдом гирифта шуданд. Давлат пас аз як соли қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ гардид. Пас аз ин, марҳила ба марҳила Артиши миллӣ таъсис ёфт ва вазорату идораҳои давлатӣ тадриҷан ба фаъолияти муассир шурӯъ карданд. Бори аввал тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлол қабул карда шуд. Аммо ҳанӯз гурӯҳҳое, ки ба мақсадҳои нопокашон нарасида буданд, муқовимати мусаллаҳонаро идома медоданд.
«МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ»
Ин нидои як тоҷики ватандӯст буд, ки барои бақои давлат ва сарҷамъии миллат аз ҷонаш ҳам гузашта буд. Ин садое буд, ки ба дили захмхӯрдаи ҳамватанон малҳам шуд. Фарёде буд, ки умеди мурдаи мардуми дар яъсу навмедӣ қарордоштаро зинда кард. Аммо дар ин баробар ваъдае буд, ки кам касон ба амалишавиаш бовар доштанд, зеро ҳамон гунае, ки худи Роҳбари давлат борҳо ёдовар шудаанд, ҳангоми интихоб шуданашон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон нафароне ҳам буданд, ки муҳлати роҳбариашонро ду ҳафта мегуфтанд. Бовар доштанд, ки дар чунин як вазъияти муташанниҷ имкони аз ин муҳлат зиёд кор кардан вуҷуд надорад. Аммо нияти неку азми қавӣ, ҷонфидоиву азхудгузаштанҳо, хислатҳои хуби инсониву роҳбарӣ ва сиёсати раъиятпарварона Роҳбари ҷавони давлатро ба мардум қарин кард ва шаҳрвандон низ чашми умед ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастанд, то ҳар чӣ зудтар кишварро аз мушкилот раҳо кунанд...
СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОРИ МО ОМАД
Пас аз сари кор омадани Ҳукумати конститутсионӣ давра ба давра пояҳои давлат мустаҳкам карда шуданд. Дар як муддати кӯтоҳ кишвар соҳиби Қувваҳои Мусаллаҳ шуд. Тадриҷан қудрати давлат то сатҳе афзоиш ёфт, ки дар муқобили хавфу хатарҳо истодагарӣ карда метавонист. Мухолифини мусаллаҳ ба кишвари ҳамсоя фирор карда, сари чанд вақт ба гӯшаҳое аз Ватани азияткашида ҳуҷум менамуданд. Ба андешаи таҳлилгарон, давлати Тоҷикистон дар шароите бо мухолифин сари мизи гуфтушунид нишаст, ки аллакай қудрат дошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода кардаанд. Сафарашон ба Афғонистон шояд ба назари имрӯзиён як афсона намояд, зеро, дар шароите ки таъмини амниятро дар маҳали мулоқот ҳеҷ нафаре кафолат намедод, танҳо инсони дорои дили бузург ва фидоии давлату миллат метавонист тасмими рафтанро гирад.
Ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамин тариқ, ин сана минбаъд ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тақвими рӯзҳои ид ворид шуда, дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳифаи нав боз кард. Пеш аз ҳама, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки муддати панҷ сол давом дошт, хотима ёфт. Дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардида, бунёдкориву созандагӣ вусъат ёфт. Воқеан, гузашти солҳо арзиши аслии Ваҳдати миллиро ба сокинони кишвар бармало кард. Аҳолии болиғи солҳои навадуми Тоҷикистон, ки шоҳиди қатлу куштор, роҳзаниву ғорат, бенизомиву дарбадарӣ буданд, пас аз расидан ба ваҳдат шукргузори тақдиру қисматанд. Маҳз чунинҳо метавонанд бо қазовати ҳодисаҳо некро аз бад, сафедро аз сиёҳ ҷудо намоянд. Аз ин ҷост, ки имрӯз Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ҷашни умумимиллии сокинони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Зеро, агар соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик имкони ташкили давлати миллӣ ва масъули сарнавишти хеш буданро муҳайё карда бошад, пас Ваҳдати миллӣ таҳкимбахши Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гардид.
ВАҲДАТ АБАДӢ БОШАД
Сулҳи тоҷикон аз ҷониби роҳбарони созмонҳои ҷаҳонӣ, давлатҳо ва коршиносону таҳлилгарони байналмилалӣ як таҷрибаи нодир арзёбӣ шудааст. Аз ҷумла, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннан таъкид намуда буд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».
Ҳамин тариқ, сулҳу ваҳдати мо, ки имрӯз омили асосии рушду пашрафти кишвар, зиндагии обод ва хушу хуррами шаҳрвандон аст, осон ба даст наомада, натиҷаи ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ваҳдати миллӣ имрӯз комилан вориди рӯзгори мост ва барои онро дарк кардан аз манзил баромадан ҳам зарур намеояд, кифоя аст аз тирезаи хона ва ё корхона ба берун нигоҳ кунем ва эҳсос намоем, ки Худованд чӣ саодатеро ба мо насиб гардондааст. Аз ин рӯ, мо - шаҳрвандонро мебояд бо кору амали созанда дар нигоҳдошти ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем, зеро ваҳдат асоси пойдории Истиқлоли давлатист, озодиву худсолорӣ бошад, иззату обрӯ ва сари баланди миллат. Пас, дуо мекунем, ки Худованд ин ду неъматро ба миллати мо то абад арзонӣ дорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





