Истиқлолият ва ташаккули парламенти касбӣ
Истиқлоли давлатӣ аз муқаддастарин дастовардҳо дар таърихи Тоҷикистони навин ба ҳисоб рафта, он имкон фароҳам овард, ки миллати тоҷик сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона муайян намояд. Дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ собитқадамона ба пеш рафта, бунёдкорию созандагӣ ба таври бесобиқа тавсеа ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ, дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва ҳимояи манфиатҳои мардум, рушди институтҳои демократӣ қадамҳои устувор гузошт.
Роҳ ба сӯи ин дастовардҳо, ки боис ба ифтихору сутудан аст, тахту ҳамвор набуд. Дар ибтидои соҳибистиқлолӣ аз вазъи фалаҷшавии ҳокимият хоинони зархариди дохилӣ ва душманони манфиатҷӯю нотавонбини берунию фурсатталаб истифода бурда, ба сари мардуми покдилу зудбовар ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карданд. Ин фоҷеаи бузург, ки дар он ҳазорҳо мардуми бегуноҳ қатл шудаву тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва низоми иқтисодиро фалаҷ гардонид, метавонист ҳар лаҳза миллату давлати тоҷиконро ба нестӣ бирасонад. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки қабули ҳар як қарору рафтори ноҷо метавонист сабаби боз ҳам пуршиддату вазнин шудани вазъият гардад, сарваре лозим буд, ки тавонад миллату давлатро аз ин вартаи ҳалокат раҳо намояд. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир шуд, боис ба раҳоии миллат аз шикасту фурӯравӣ гардид. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ вакилон якдилона сиёсатмадори дурандеш, боистеъдоду кордон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Роҳбари давлат интихоб намуданд. Аз ин пас, бо талошҳои пайваста, меҳнати шабонарӯзии Сарвари давлат низоъҳо бартараф ва Ватани азизи мо ба кишвари ободу пешрафта табдил ёфта, мардумаш нафаси озоду зиндагии пурнишот ёфтанд.
Дар ҷаҳони муосир ташаккулу такмилёбии парламент ва истиқлолияти давлатӣ бо ҳам робитаи зич доранд. Парламент дар таҳкими соҳибихтиёрӣ ва демократия нақши асосӣ мебозад ва вакилон ҳамчун намояндаи халқ дар рафъи мушкилот ва қабули қонунҳое, ки иродаи онҳоро инъикос мекунанд, саҳм мегузоранд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд, ки он пояҳои ҳуқуқии фаъолияти парламентро гузошт. Интихоботи вакилон ба даъвати якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми феврали соли 1995 баргузор гардида, парламенти даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба фаъолият оғоз намуд. Минбаъд собит шуд, ки парламенти даъватӣ дигар ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, барои дар сатҳу сифати баланд қабул намудани қонунҳо бояд парламенти касбӣ таъсис дода шавад.
26 сентябри соли 1999 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тибқи ин тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон буда, барои ба сатҳу сифати баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ қабул гардидани қонунҳо шароит муҳайё карда шуд.
27 феврали соли 2000 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси плюрализми сиёсӣ баргузор гардид ва вакилони парлумони касбӣ интихоб шуданд.
Ҳамчун мақоми намояндагӣ ва қонунгузор таъсис додани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Соҳибистиқлолӣ боиси ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мавқеи марказӣ доранд. Дар тӯли ин солҳо дар роҳи амалишавии матлаби ҷомеа, яъне бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон тавонистанд баҳри мукаммал гардонидани қонунгузории мамлакат ва баррасиву ҳалли мушкилоти мардум ҳиссагузор бошанд.
Парламенти мамлакат тавассути интихобот - василаи асосии иштироки аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ ташаккул меёбад. Дараҷаи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки омили асосии таъмини қонуният ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, ба фаъолияти самараноки парламент мусоидат менамояд, зеро вакилони мардумӣ дар фаъолияти худ иродаи интихобкунандагонро амалӣ менамоянд. Парламент фаъолияти худро дар асоси принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолат, шаффофият, ошкорбаёнӣ ва дастҷамъӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Маҷлиси Олӣ дар рушди босамари ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми вижа дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар даъватҳои гуногун дар таҳияи қонунҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронидашуда ҷаҳд намуда, ҳамзамон, дар ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, раванди демократикунонӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми намоён гузоштаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз аз соли 2000-ум дар ҷаласаҳои нахустини ҳайати нави Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иштирок намуда, ҷиҳати баланд бароштани сатҳу сифати қонунҳо ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани онҳо ба вакилони тозаинтихоб дастуру ҳидоятҳо медиҳанд. Аз ҷумла, 19 марти соли 2025 дар ҷаласаи аввали Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар даъвати ҳафтум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон бояд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоя, иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ба масъалаи механизми мукаммали иҷрои қонунҳо, бахусус асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии амалишавии онҳо, аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Инчунин, аз вакилон даъват намуданд, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия, оштинопазир бошанд. Воқеан, ин суханҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат ба вакилони тозаинтихоб дастури роҳнамоест, ки дар идомаи фаъолият манбаи илҳом гардидааст.
Мо, вакилони даъвати ҳафтуми Маҷлиси намояндагон аз он сарфароз ҳастем, ки анъанаҳои фаъолияти парламенти касбиро аз наслҳои бошарафи гузаштаи хеш чун эстафета қабул намуда, дар қабули қонунҳо, тасдиқ намудани ёддошти тафоҳум ва созишномаҳо, густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳалли мушкилоти мардум кӯшиш намуда истодаем.
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави замони истиқлол аст. Президенти мамлакат дар асоси моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд. Ба Маҷлиси Олӣ ва тавассути он ба тамоми аҳолии мамлакат пешниҳод намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи соҳибистиқлолии давлат ва яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Паём ба Маҷлиси Олӣ санади расмӣ ва барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва муайянкунандаи самти ҷомеа ба сӯйи ояндаи нек ба ҳисоб меравад.
Агар ба вазъи ҷаҳони имрӯза назар андозем, дарк менамоем, ки кишварҳои зиёде бо дахолати берунӣ ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоишро аз даст додаанд ва барои баргаштан ба ҳаёти осоиштаву барқарор намудани иқтисодиёташон даҳҳо сол лозим аст. Аз ҳама бадтар, эҳтимолияти аз байн рафтан ё тақсим шудани ин давлатҳо вуҷуд дорад. Омӯзиши таърих ба мо имкон медиҳад, ки воқеаҳои гузаштаро таҳлил ва робитаи сабабу оқибати ҳодисаҳои муайянро пайдо кунем, аз гузашта дарс омӯзем ва ояндаро бунёд кунем. Қадршиносию шукргузорӣ новобаста аз давру замон боиси ҳастии халқияту миллатҳо аст.
Зимни суханрониашон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, 9-уми сентябри соли 2024, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад».
Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи Пешвои миллат оромию суботи сиёсӣ дар мамлакат таъмин ва миллат зери парчами сулҳу дӯстӣ муттаҳид гардид. Истиқлолият асоси пойдории давлат, дастоварди бузурги таърихӣ, нишонаи олии ватандорӣ ва ормони чандинасраи миллат маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва нооромиву низоъҳо, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб ва тағйирёбии иқлим ҳар фарди ватандӯсту худогоҳро зарур аст, ки баҳри пойдории давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд саҳмгузор бошад ва дар рушду нумӯи он ҷидду ҷаҳд намояд.
Парвиз ШОДИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:





