Неъмати бебаҳо
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастовард ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдорӣ, марҳилаи сифатан нави рушд маҳсуб мегардад.
Дар ин замина, баъд аз сипарӣ гардидани якчанд марҳилаҳои таърихӣ бори дигар миллати соҳибтамаддуни мо имкони эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Мусаллам аст, ки расидан ба истиқлол, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона яке аз ормонҳои деринаи халқи соҳибтамаддун ва фарҳангпарвари тоҷик маҳсуб ёфта, дар тӯли таърих мардуми шарифи мо баҳри ноил гардидан ба он ҷаҳду талош намуданд.
Рӯзи соҳибистиқлолии мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне, соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани Парчами давлатии тоҷикон мебошад.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ саҳми бориз гузорад.
9 сентябри соли 1991, баъд аз ноил шудан ба Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил зарурати муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии он ба ҷомеаи ҷаҳон ба миён омад. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хирадмандонаву дурандешонаро бо номи сиёсати «дарҳои боз» тарҳрезӣ намуданд, ки барои узви бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани равобит бо давлатҳои ҷаҳон мусоидат намуд.
Маҳз ба шарофати сиёсати «дарҳои боз», ки ба таъкиди Президенти кишвар мазмуни аслии он «ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон» маҳсуб меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки бо дилхоҳ кишвари ҷаҳон ҳамкории судманди гуногунҷанбаро ба роҳ монда, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик шароити мусоид фароҳам орад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарвари хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои олам ҳавасманд мебошад. Чунончӣ, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор карда буданд: «Ман кори худро аз барқарор намудани сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам. Мо бояд дар бобати ба эътидол овардани вазъият якдил бошем. Ман ҳам дар ин роҳ он чӣ аз дастам ояд, иҷро мекунам».
Минбаъд, бо чунин нияти нек ва иродаи қавӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд Тоҷикистонро ба давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил диҳанд.
Раҳоӣ бахшидани давлат аз вартаи нобудӣ, баргардонидани гурезагон, эълони чор ҳадафи стратегӣ, бунёди иншооти муҳими аср, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, таъмини рушди босуботи миллату давлат идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешаванд.
Ҳоло Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 190 кишвари олам эътироф намуда, 186 кишвари олам бо мамлакати мо робитаи дипломатӣ барқарор намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи 60 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди обу иқлим, терроризму экстремизм ва таъмини сулҳу осоиштагӣ, яке аз мамлакатҳои пешсаф ва ташаббускор аст, ки ин боиси ифтихори хурду бузурги меҳан мебошад.
Инак, тоҷику тоҷикистониён 34-умин солгарди Ҷашни Истиқлолро таҷлил ва шукр аз Пешвои хирадманду рушди муттасили кишвар менамоянд. Аз он ифтихорманданд, ки Пешвои миллат роҳбари раъиятпарвару дар арсаи байналмилалӣ ташаббускор ва кишварамон рӯ ба инкишоф аст. То бод, чунин бодо!
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





