https://sadoimardum.tj

Истиқлол вожа не, ҳаёт аст!

№:104 (5000), 06 сен 2025, 00:35
2

Дар таърихи ҳар як миллат рӯзе ҳаст, ки бо нурҳои худ тамоми саҳифаҳои гузаштаро равшан мекунад, ҳамчун рамзи эҳё ва соҳибихтиёрӣ бо ҳарфҳои заррин дар саҳфаҳои таърих сабт мегардад. Барои миллати тоҷик чунин рӯз 9 сентябри соли 1991 мебошад. Он рӯз Тоҷикистон аз зери сояи бегона раҳо шуд, ба пойи худ қадам гузошт ва дар миёни давлатҳои озоду соҳибихтиёри ҷаҳон бо номи пурифтихори Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гашт. Он на танҳо як санаи сиёсӣ, балки оғози нафаси тоза, зиндагии нав ва ҳаёти пуршарафи инсонист.

Истиқлол барои мо вожа нест, ҳаёти бошарафона аст. Сутунест, ки истеҳкоми давлатро нигаҳ медорад, обшорест, ки пояҳои ваҳдатро сероб ва шамъест, ки роҳи ояндаро мунаввар мекунад. 

То оғози солҳои 90-уми асри гузашта мардуми Тоҷикистон ҷузъи Иттиҳоди Шуравӣ буд, аммо орзуи озодӣ ва соҳибистиқлолӣ реша дар таърихи ҳазорсолаи давлатдории тоҷикон дорад. Миллате, ки империяҳои аввалину муқтадири ҷаҳонӣ-Ҳахоманишиён, Кӯшониён, Сосониён ва Сомониёнро барпо карда буд, наметавонист ҳамеша зери чатри дигарон монад. Силсилаи рӯйдодҳои сиёсӣ дар солҳои 1990-1991 шуълаи ин ормонро аланга бахшид. 9 сентябри соли 1991, рӯзе буд, ки осмон равшантар шуд, чашмони пирон аз ашки шодӣ дурахшиданд, ҷавонон бо дили пур аз умед ва орзу Парчами Тоҷикистони озодро барафрохтанд, ормони дерина ба воқеият табдил ёфт, мо соҳиби давлати ягонаи худ шудем!

Аммо роҳи Истиқлол дар оғоз ҳамвор набуд. Мухолифони озодиву саодатмандии миллати мо кишвари ҷавони соҳибихтиёрро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд ва солҳои 1992-1997 ҳамчун имтиҳони сангин дар таърихи давлатдории мо дониста мешаванд. Он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллат чун абрҳои сиёҳ дар осмони Ватан ҷамъ омада буд. Аммо миллати мо дар тирагӣ роҳгум назад. Ақли солим ғолиб омад, фитрати азалии таҳаммулпазирии мардум боло гирифт. Баробари ба саҳнаи сиёсат омадани шахсияти далеру созанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои миллати тоҷик амалӣ шуданд. Бо ҷасорат ва хирад, иродаи қавӣ ва муҳаббати самимӣ ба Ватан миллати парокандаро ҷамъ оварданд, сулҳро ҳамчун армуғони бузург ба ҳар хонадон эҳдо карданд. 

Сулҳ барқарор шуд, аммо корҳои муҳиму асосӣ ҳанӯз дар пеш буданд - сох­тани таҳкурсии устувори давлат: сохтмону таъмири роҳҳою пулҳо, неругоҳҳо, бунёди мактабу донишгоҳҳо, беморхонаву иншооти фарҳангӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид шуданд. Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдории навин интихоб ва қабул гардиданд. Забони тоҷикӣ мақоми воқеии худро пайдо кард - забони давлатӣ шуд. Мероси фарҳангии гузаштагон эҳё гардиданд. Акнун ҷашнҳои миллӣ, чун Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегарданд. Истиқлол ба мо имкон дод, ки сиёсати худро мустақилона пеш барем. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон ба давлати орому пешрафта табдил ёфт. Амалигардонии чор ҳадафи стратегии кишварро муваффақона оғоз кардем ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем, ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилалӣ имрӯз Тоҷикистонро бо ҷаҳон мепайванданд, ба наздикӣ амнияти озуқаворӣ низ таъмин мегардад. Бо пурра бунёд шудани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истиқлолияти энергетикӣ ноил хоҳем шуд. 

Дар доираи ҳадафи чоруми стратегии кишвар ва солҳои 2022-2026 эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» дар ҷумҳурӣ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар натиҷа, барои сокинон ҷойҳои кории нав фароҳам шуд. 

Соҳаи маориф рушд кард, мактабҳои замонавӣ, донишгоҳҳои нав бун­ёд гашта, дар муассисаҳо барномаҳои нави таълимӣ роҳандозӣ шуданд. Беморхонаҳои нав бунёд ва бо муосиртарин таҷҳизот таъмин гаштанд. 

Имрӯз, ки Парчами Тоҷикистон дар қатори парчамҳои кишварҳои озод дар бинои Созмони Милали Муттаҳид парафшон аст, ҳар як шаҳрванди ин Ватан ҳис мекунад, ки арзиши истиқлол аз ҳама неъматҳо болотар аст ва ҳифзи ин неъмат меҳнати пайваста, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва муҳаббати самимӣ ба Ватанро тақозо мекунад.

Соҳибистиқлолӣ аз мо тақозо мекунад, ки фарзандони содиқу вафодору дилсӯзи ин сарзамин бошем, гузаштаро пос дорем, барои оянда замина гузорем. Ояндаи равшани Тоҷикистон танҳо аз пойдории сулҳу субот, меҳнати содиқона ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат вобаста мебошад.

Истиқлол - ин сарчашмаи ифтихор, рамзи саодат ва нишони зиндагии озодонаи миллати мост. Ин ганҷи бебаҳоро, ки бо ҷонбозиҳои зиёд ба даст омадааст, бояд чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ кунем. Рисолати мо - фарзандони Тоҷикистони азиз аст, ки бо дониш, малака ва муҳаббат ин Ватани зебову биҳиштосоямонро аз хатарҳо эмин нигоҳ дорем, зеботар намоем. Чуноне Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Истиқлолият ва озодӣ неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳифзу нигоҳдорӣ ва таҳкими он қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи ҳар фарди бонангу номуси кишвар мебошад».

Нодир ТУРСУНОВ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: