Тоҷи шараф андешаи Истиқлол аст
«Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа, истиқлолият ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият субҳи умед, бахти наку, файзи даврон, ифтихору эътибори инсонҳост. Мефахрам, ки кишвари соҳибистиқлол дорам ва меболам, ки дар давлати озод ба сар мебарам. Шоир Рустами Ваҳҳоб барҳақ фармудааст:
Тоҷи шараф андешаи Истиқлол аст,
Андешаи ҳақ решаи Истиқлол аст.
Соҳибватане, ки бо ҷаҳон сарбасар аст,
Шерест, ки аз бешаи Истиқлол аст!
Шинохти вожаи истиқлолият, моҳияти он на ба ҳар кас возеҳ асту дарки маънии он на ба ҳар фард ба осонӣ муяссар мегардад. Барои умқи ин мафҳумро сарфаҳм рафтан чун мардуми курд бояд азоби алими беватаниро эҳсос кард, ҳамчун халқи дар хуну хок оғӯштаи Фаластин ба сар бурд. Ҳамоно ин неъмати беназир ба даҳҳо халқу миллатҳои равшанзамиру тамаддунсози беватани ҷаҳон насиб нагаштааст ва худи Яздони пок довари якрӯю ҳақиқист, ки оё садсолаҳои наздик ин неъмат ба эшон насиб мегардад ё на?
Халқи тоҷик низ бо таъриху тамаддуни хеле қадимаи хеш чанд даҳсола қабл аз ин раванд истисно набуд. Эътирофу арҷгузорӣ бояд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибихтиёрии миллату давлатро аз лиҳози ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мушаххас матраҳ карда, халқи тоҷикро ба ваҳдату бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан, ҷиҳати талқини ғояҳои ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муқаддас донистани обу хоки кишвар, тавсеаи дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ андешаҳои муфид баён намуда, онҳоро бетаъхир татбиқ сохтанд. Ин аст, ки имрӯз вожаҳои истиқлолият ва ваҳдати миллиро халқи аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳоёфта, миллати сарбаланду қавииродаи тоҷик муқаддас мешуморад. Дар ин бобат шоир бамаврид фармуда:
Ҷангро мо дур аз худ сохтем,
Ҷону дилро дар раҳи ту бохтем.
Буд парчам зери пои нокасон,
Парчаматро то фалак афрохтем.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик меҳисобанд. Биноан, фармудаанд: «Маҳз, Истиқлолият ба мо имконияти таърихие пеш овард, ки Ватани аҷдодии худро ворис шавему соҳибӣ кунем, давлатдории сирф миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Бале, миллати сулҳдӯсту меҳанпарвари мо амиқ эҳсос кардаасту бениҳоят арҷгузор аст, ки бунёдгузори давлат, тақдирсози миллати тоҷик, созандаи ҷомеаи навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Соҳибватанӣ, озодӣ, марҳилаи сифатан нави шинохти миллат, эҳёи таърих, рушду равнақи фарҳангу тамаддун, ташаккули шуури нав, тақвияти худшиносии миллӣ ва самараи соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз рисолат ва вазифаи асосии мо бохабар будан аз арзишҳои гузашта ва боло бурдани сатҳи худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Шукри истиқлол мебояд намуд,
Шукри ин иқбол мебояд намуд.
Душманони миллати мо хор шуд,
Аз буду аз ҳастияш безор шуд.
Шарифҷон ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





