Шукри соҳибватаниву Пешвои ғамхор
Солҳои 80-уми садаи ХХ донишҷӯ будам ва ҳар бегоҳ пахши мустақими барномаи иттилоотии «Время»-ро бесаброна интизор мешудам. Дар бахши «Хабарҳо аз хориҷи кишвар» дар баробари рӯйдоду воқеаҳо баъзан дар бораи рӯзи истиқлолияти ин ё он кишваре хабаре пахш мегардид ва навори идонае намоиш дода мешуд. Аз ин гуна наворҳо хурсандии мардумро дида ба худ суол медодам: «Оё чунин хурсандии бузург насиби миллати мо ҳам мегардида бошад?».
Бояд иқрор шавам, ки он замон дар бораи мафҳуми истиқлол маълумоти дақиқ надоштам, аммо овозе аз дарун ба ман амр мекард, ки дар ин бора андешам. Маъхази зиёдеро бо забонҳои тоҷикиву русӣ варақгардон кардам, вале дар ягон ҷо ба ғайр аз рӯзу моҳу соли мустақилият ба даст овардани ин ё он давлату миллат чизи дигаре пайдо карда наметавонистам. Бо мақсади фаҳмидани маънии истиқлолият ба устодонам рӯ овардам. Онҳо дар ин бора муфассал ба ман маълумот доданд. Вале сухани яке аз онҳо аз ёдам намеравад, ки дар охир гуфт: «Замоне фаро мерасад, ки мо низ ба Истиқлоли давлатӣ мушарраф мегардем».
Соли 1986 буд. Давлати абарқудрати шуравӣ ба понздаҳ ҷумҳурие, ки шомилаш буданд, имкон намедод мустақил бошанд. Он замон мафҳумҳои «демократия», «озодӣ» ва «соҳибистиқлолӣ» ба таври дигар шарҳ дода мешуд. Чизи дигаре, ки он солҳо ман дарк кардам ин буд, ки ҳарчанд дар ҳама соҳаҳо дастовардҳо доштем, аммо дастранҷу заҳматҳои худро соҳибӣ карда наметавонистем, яъне мо дастнигари дигарон будем.
Баъд аз фалаҷ гардидани Иттиҳоди Шуравӣ ва канда шудани риштаи ҳамкориҳои иқтисодӣ понздаҳ ҷумҳурии бародар паи ҳам истиқлолияти давлатии худро эълон карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро расман ба гӯши ҷаҳониён расонд. Хурсандии миллати мо ҳадду канор надошт, зеро боз соҳиби давлати мустақили худ гардидем.
Пас аз ба даст омадани истиқлолият бо дахолати омилҳои мухталиф дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои давлатдорӣ зарар расонид. Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта, харобӣ, марг ва бесуботӣ ба миён овард.
Дар он шабу рӯзҳои вазнин ҳатто вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе сарҷамъ омада натавонистанд ва қарор карданд, ки он дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ оғоз кард. Баъди ду рӯзи иҷлосия вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон - фарзанди фарзонаи тоҷик ҳамон замон бо боварӣ ва матонате, ки танҳо хоси ӯст, қавл доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». Ба кӯрии чашми душманон ӯ қавли худро амалӣ гардонид. Миллати тоҷик, ки дар он рӯзҳои вазнин парешону сарсон буд, бо кӯшишу ҷонбозиҳои ӯ сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги дохилӣ баста шуд, миллати тоҷик ба якдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва сулҳу ваҳдат расид.
Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи бузургро соҳиб гардида, аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шинохта шуд.
Имрӯз мактаби роҳбарии Президенти кишвар боргоҳест, ки дар як давраи бисёр мураккаб ташаккул ёфта, мавқеи созандагӣ ва бунёдкориро касб намуд, бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашт, манфиату давлату миллатро аз ҳама боло гузошт, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор дод. Чунин мавқеъ ва нуфузи сарварии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, Кумитаи академикии Шурои Аврупо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии «Пешвои асри XXI» қадрдонӣ намуд. Имрӯз мардуми кишварамон шукр аз неъматҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ менамоянд ва аз он мефахранд, ки Пешвои мушфиқу ғамхор доранд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





