Вақте ки Душанбе меомадем...
Ёдам меояд, ки сӣ сол муқаддам бо даъвати Вазорати фарҳанг ҳамроҳи ҳамсару духтарам Меҳрангези шашмоҳа савори мошини боркаше аз як ноҳияи дурдаст ба шаҳри Душанбе кӯч бастем.
Он солҳо вазъияти кишварамон хуб набуд. Ҳар куҷо силоҳбадастон бедодӣ мекарданд. Аз ин рӯ, падарам вақти гусел ба мо дуои хайре доду таъкид кард, ки замона нотинҷ аст, худро эҳтиёт кунед. Ман ҳис намудам, ки дили падарам нигарони мост.
То Душанбе аз дидбонгоҳҳои назоратии силоҳбадастон бо сад мушкилӣ гузаштем. Ҳар куҷо моро нигоҳ дошта истинтоқ мекарданд, сабаби ба Душанбе рафтанамонро мепурсиданд. Яке ба посухҳои мо бовар мекарду дигаре бо шубҳа ба мо менигарист. Ҳатто аз мо талаб мекарданд, ки баргашта ба ноҳияамон равему аз он иҷозатномаи сафар бигирем. Хулоса, бо сад машаққат дидбонгоҳҳоро гузашта ба Душанбе расидем.
Он солҳо телефони ҳамроҳ вуҷуд надошт. Хушбахтона, дар хонаи мо телефони хонагӣ буд. Ман баъди ҷо ба ҷо шудан ба падарам занг зада, сиҳату саломат ба Душанбе расиданамро хабар додам. Вай оҳи чуқуре кашид, ки ҳатто тавассути телефон шунида мешуд. «Хотирамро ҷамъ кардӣ, - гуфт ӯ. - Дар Душанбе ҳам худро эҳтиёт кун»!
Он солҳо Душанбе шабеҳи шаҳри арвоҳҳо буд. Кӯчаҳо хилват, ягон-ягон раҳгузарон ба чашм метофтанд, мошин ҳам камчин буд. Имрӯз он замонро ба ёд меораму шукрона мекунам, ки Душанбе ба таври боварнокарданӣ дигар шудааст. Биноҳои наву замонавӣ, роҳу гулгаштҳои зебо, боғҳои фароғатӣ ба вуҷуд омадаанд. Навтарин мошинҳо дар кӯчаҳои Душанбе мегарданд. Зиндагии мардум комилан дигар шуда, рӯ ба рушд овардааст.
Донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумии замонавӣ шаҳрро зинат медиҳанд. Донишҷӯён паи ҷустуҷӯи илму маърифат дар он таълимгоҳҳо дарс мехонанд. Шаҳри Душанбе чун шаҳри гулҳою макони амн дар тамоми дунё эътироф шудааст. Сокинону меҳмонони пойтахти кишварамон шабонгоҳ ба сайр мебароянд ва аз маконҳои тамошобоби Душанбе дидан менамоянд.
Ҳамаи ин аз файзи Истиқлол ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Шахсияте, ки бо тамоми ҳастияш дар хидмати халқу Ватан аст. Касе, ки барои имрӯзу фардои дурахшони мо сина сипар намуд.
Дар Боғи Рӯдакӣ бо нависандаи куҳансоле вохӯрдам, ки аз ҳавои муаттар чуқур-чуқур нафас мекашиду аз зебоии гулҳои рангоранг ҳаловат мебурд. Бо ӯ ҳамсуҳбат шудам. Гуфт:
- Ҳаштод сол умр дидам, чӣ ҳодисаю воқеаҳоро, ки аз сар нагузаронидам, аммо хуштар аз ин давроне надидам. Шукронаи Истиқлол ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунам. Фарзанде, ки дар ҳеҷ асре мисли ӯро надоштем. Эй кош, сад сол умр медидаму шоҳиди пешравию навгониҳои дигари Тоҷикистони азиз мешудам.
Ин суханони нависанда ба дили ман ҳам асар кард ва боз ҳам замони ба Душанбе омаданамро ба ёд овардам. Духтари ман Меҳрангез он замон шашмоҳа буд, яъне ҳамсоли Истиқлол. Ман ӯро ҳамеша чун духтари Истиқлол мешиносам ва мегӯям, ки бояд ту аз санаи таваллудат ифтихор намоӣ. Ҳамсоли Истиқлоли Тоҷикистон будан саодат аст.
Ҳамон тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: Тоҷикистон, ба пеш! Мо ҳам бо ин ҳидояти Пешвоямон ба пеш, ба сӯи қуллаҳои баланди дигар ҳаракат мекунем.
Неъматулло АЛИЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





