https://sadoimardum.tj

Боз ёфтем рӯзгори васли хеш

№:103 (4999), 05 сен 2025, 17:29
0

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 расман эълон гардид, муҳимтарин воқеаи таърихӣ дар сарнавишти мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, як навъ ҷамъбасти талошу мубориза ва ҷоннисориҳои фарзандони ғаюри миллат ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ин санаи муҳимро чунин шарҳ додаанд: «Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад».

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлолият ин болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик мебошад. Ман дар даврони шуравӣ ба дунё омада, соҳиби касбу маълумот гардидаам. Ҳарчанд хизматрасонии тиббӣ ва соҳаи маорифи он давра намуна бошад ҳам, сатҳи худшиносии миллии ҳамватанонамон чандон баланд набуд. Чӣ дар мактаби миёна ва чӣ олӣ таърихи умумии дунёи қадим, асрҳои миёна, нав ва навтарини халқҳои ҷаҳон ва СССР таълим дода мешуд. Дар мавзуи худшиносии миллӣ адабиёт хеле кам ва дастнорас буд. На ҳар кас дар мавзуи худшиносии миллӣ ҷуръати сухан кардан дошт. Дош­тани ғурури миллӣ «миллатчигӣ» дониста мешуд. Маҳз истиқлолият буд, ки эҳсоси худшиносии миллӣ дар дили сокинони мамлакат ба ҷӯш омада, таваҷҷуҳ ба таъриху фарҳанги ғанию қадимаи миллати тамаддунсози тоҷик зиёд гардад.

Дар баланд бардоштани худшиносӣ ва ғурури миллии тоҷикон саҳми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон аст. Китобҳои таълифнамудаи Пешвои миллат, ба монанди «Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор», «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (дар 19 ҷилд) ва ғайра бо мазмуну муҳтавои баланди худ таваҷҷуҳи ҳар як хонандаи тоҷикро ба шинохти асли хеш ва таъриху фарҳанги ғании ниёконаш водор мекунад. Аз мутолиаи онҳо дар дили мо ифтихор аз гузаштаи бойи ниёконамон бедор шуда, касро ба ҳифзи арзишҳои бузурги миллӣ раҳнамун месозад. Аз тарафи дигар, чопи китобҳои мазкур дар бештар муаррифӣ кардани миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Чунончӣ, китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забонҳои англисӣ, арабӣ, кореягӣ, русӣ, олмонӣ, урду, ӯзбекӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва хати форсӣ нашр шуд.

Ташаббуси дигари Пешвои миллат дар бобати баланд бардоштани худшиносии миллӣ чопи такрории китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст. Сарвари давлат чопи китоби «Тоҷикон»-ро дар даврони шуравӣ ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳо додаанд: «Тоҷикон», воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати 30-солаи олим аст, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст. Бесабаб нест, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба номи ин абармарди миллат сидқан фахр мекунанд ва номи оламгири ӯ бо шоҳасараш «Тоҷикон» вирди забони на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми мардуми мутамаддин гардидааст».

Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 феврали соли 2020 бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ китоби «Тоҷикон» марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонавода ройгон тақдим шуд.

Соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, ҷиҳати арҷгузорӣ ба таърихи пур­ифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки ба далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор гардид. Дар он омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд. Баргузории озмуни мазкур ва тариқи телевизион намоиш додани ҷараёни баргузории он дар баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстии сокинони мамлакат нақши босазо гузошт. 

Бо ташаббуси Сарвари давлат, бо мақсади ошноӣ ва огоҳӣ аз гузаштаи боифтихори ниёконамон як силсила ҷашнҳои муҳими бостонию фарҳангӣ ва бузургдошти фарзонагони миллат, аз қабили Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва ғайра бошукӯҳ таҷлил гардиданд.

Воқеан, шинохтани таърихи миллат ва фарҳангу тамаддуни он аз як сӯ ва аз сӯи дигар, арҷ гузоштан ба бузургмардоне, ки ин фарҳангро ба мо мерос гузоштаанд ва баҳрабардорӣ аз ин ганҷинаи бебаҳо дар замони муосир гӯшаи дигари фаъолияти давлатдории Пешвои миллат аст. Ҳадафи Роҳбари давлат аз шинохти таърихи миллат ва омӯзиши ҳикмату адаби ниёкон нишон додани мақоми миллати тоҷик дар офариниши тамаддуни умумибашарист, зеро имрӯз низ касоне ҳастанд, ки дасти таарруз ба фарҳанги мо дароз кардаанд ва бо ҳар баҳона мехоҳанд онро моли худ ба қалам диҳанд.

То даврони соҳибистиқлолӣ сокинони ҷумҳурӣ аз ҷашнҳои бос­тониамон танҳо дар бораи Наврӯз тасаввурот доштанд. Ин ҷашни бостонӣ аксар вақт дар доираи маҳал бо номҳои гуногун («Ҷашни сари сол», «Деги дарвешон…») баргузор мешуд. Ҷашни Наврӯз мақому манзалати аслияшро маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ дарёфта, ба сатҳи байналмилалӣ баромад. Онро ҳамасола дар мамлакат қариб як моҳ ҷашн мегиранд ва дар таҷлили он аз кишварҳои хориҷӣ меҳмонони зиёд меоянд.

Пешвои миллат дар хусуси аҳамияти посдории ин ҷашни бузурги ниёконамон чунин таъкид намудаанд: «Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин оинҳои миллии мо буда, дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд. Пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад. Зеро тамаддуни ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш сохтааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмот ба шумор меравад».

Бо ташаббуси Сарвари давлат дар қатори Наврӯз ҷашнҳои дигари ниёконамон, ба монанди Сада, Тиргон ва Меҳргон низ, эҳё шуда, дар сатҳи давлатӣ таҷлил мегарданд.

То давраи соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ дар кишвари тоҷикон забони расмии давлатӣ набуд. Маҷлисҳои расмии давлатӣ, ҷамъо­мадҳои корхонаю муассисаҳо ва аксар дарсҳои ҷомеашиносию техникӣ, тиббӣ ва ғайра дар макотиби олии ҷумҳурӣ бо забони тоҷикӣ сурат намегирифт. Маҳз дар замони истиқлолият, махсусан пас аз Сарвари давлат интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони тоҷикӣ дар амал мақоми давлатӣ гирифт. Бо ибтикори Пешвои миллат соли 2008 «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» ва 5-уми октябр Рӯзи забони тоҷикӣ эълон гардид.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани китоби «Чеҳраҳои мондагор» сабаби таваҷҷуҳи зиёд карданашон ба гузаштаи миллатро чунин баён намудаанд: «Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад».

Болоравии худшиносии миллӣ боиси таҳким ёфтани эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии ҳамдиёронамон гардида, ҳар як сокини кишвари соҳибистиқлоламонро ба ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва суннату оинҳои неки миллӣ водор месозад.

Сайфиддин Суннатӣ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: