30 сентябр - Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Маснавии мо дукони ваҳдат аст
Фарзанди фарзонаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Эҷодиёти ин мутафаккири бузургро бисёр халқу миллатҳои ҷаҳон бо шавқу завқ мехонанд, зеро Мавлоно ваҳдати инсонҳоро суруда, ҳамаро, новобаста аз миллат, дину мазҳаб, ба ҳамзистӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқат даъват менамояд. Мақоми баланди Мавлоноро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Чеҳраҳои мондагор» ҳамчун «Пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо» унвон карда, аз ҷумла иброз намудаанд: «Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд».
Махсусан, асари мондагори «Маснавии маънавӣ» намунаи олии тарғиби инсони комил ва инсонгароӣ мебошад. Ваҳдат аз ҷумлаи мавзуъҳои асосии ин шоҳасар маҳсуб меёбад. Мавлоно ғояи ягонагиро таъкид карда, зикр менамояд, ки ҳама одамон як қисми умумӣ ҳастанд ва фарқияти байни онҳо танҳо як хаёл аст. Ин фаҳмиши ваҳдат ба одамон кумак мекунад, ки нафрат ва ғаразро бартараф кунанд ва тавре худи Мавлавӣ мегӯяд:
Маснавии мо дукони ваҳдат аст,
Ғайри воҳид ҳар чӣ бинӣ, он бут аст.
Шеъру андешаҳои фалсафии мутафаккири бузург Мавлонои Балхӣ хонандаро водор месозад, ки дар бораи одаму олам, ҳастию Офаридгор тафаккур карда, роҳи дурусти зиндагиро ба худ касб намояд. Мавлоно дар Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро одамони гуногунқавму гуногунзабон ва пайравони ҳамаи дину мазҳабҳо бо завқу шавқи беандоза қироат мекунанд. Ғазалҳои равону дилчаспи ӯро, ки бо забони ноби тоҷикӣ эҷод шудаанд, сарояндагону ҳунарпешагони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва ҳатто кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд.
Бинобар шинохту эътирофи Мавлонои Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ, ба хотири ин абармард соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО «Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» эълон гардида, бахшида ба 800-умин солгарди мавлуди ӯ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланд баргузор шуд ва ҳар сол шурӯъ аз 1 июни соли 2009 дар Тоҷикистон 30 сентябр Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад. Ин нукта далели он аст, ки Сарвари давлати мо шахси фарҳангпешаю дурандеш, дӯстдори маърифатанд ва ба бузургони миллати соҳибтамаддунамон меҳру нигоҳи хоса доранд.
Тавре дар урфият мегӯянд: «Бузургонро бузургон зинда медоранд». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти телевизионӣ ба муносибати таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (30 сентябри соли 2009) ба эҷодиёти ин суханвари мумтози тоҷик баҳои баланд дода, аз ҷумла гуфтанд: «Эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, андеша, тафаккур ва талаботи рӯзмарраи аҳли башарро фаро мегирад. Ашъору афкори ӯ маҳдуд ба як қавму миллат ва ё дину оин набуда, ба тамоми башарият нигаронида шудааст. Андешаҳои Мавлоно дар доираи суннату анъанаҳои исломӣ ва ақидаҳои диниву фалсафӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқии бузургтарин шахсиятҳои тасаввуфи он давра ташаккул ёфтаанд ва дар онҳо таъсири мероси ақлонии он замон баръало ба мушоҳида мерасад. Ин мутафаккири барҷаста, ҳамчунин, аз мероси фалсафии Юнони қадим ва осори пурғановати мардумони дигар кишварҳо низ, ки онҳоро бо забони асл мутолиа мекард, хеле хуб огоҳ будааст. Аз ин рӯ, дар андешаҳои Мавлоно синтези ҷаҳонбинӣ ва фарҳангҳои гуногун ба назар мерасад».
Имрӯз Мавлоно ва нигоштаҳои ӯ рамзи муколамаи байнифарҳангӣ ва байни инсонҳо гардидаанд. Эҷодиёти ӯ намояндагони динҳо ва фарҳангҳои гуногунро ба ҳам меорад ва онҳоро ба ҷустуҷӯи забони умумӣ дар ҷаҳони пур аз низоъ илҳом мебахшад. Ба қавли Мавлоно:
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Шуҳрати асосӣ ва оламшумули Мавлоноро маҳз ғояи ваҳдати вуҷуди инсоният ташкил менамояд. Барои Мавлоно на дин, на мазҳаб, на манфиатҳои сиёсӣ ва на мансабу ҷойгоҳ қадре надошт.
Мавлонои хирадманду дурандеш дар баробари даъвати инсонҳо ба сулҳу созандагӣ ва ваҳдату ҳамзистӣ, ҳамзамон, ҳушдор медиҳад, ки аз фитнаву дасиса эҳтиёт бошанд. Маҳз инсонҳои бадхоҳу фитнагар ваҳдати мардумони сулҳхоҳу созандаро вайрон мекунанд ва дар миёни одамон ҷангу низоъ бармехезонанд. Имрӯзҳо, тавре ба мушоҳида мерасад, шарру шӯр ва фитнаю дасиса дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш ёфта, боиси нооромии кишварҳо, ҳалокати одамон, вайроншавии низоми зиндагӣ гаштааст. Бар асари фитнаю дасисаҳои ҷаҳонхоҳон ва сиёсатмадорони бемаърифату башарбадбин ними ҷаҳонро ҷангу куштори даҳшатангез фаро гирифтааст. Дар чунин вазъ бояд мо ҳарчӣ бештар андешаманд бошему сулҳу ваҳдати Ватани азизамонро ҳифз намоему нигоҳ дорему таҳким бахшем.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





