Ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров мизбони ҷашни 30 — солагии Иҷлосияи XVI таърихиву тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро қасре, ки заминаи сулҳу ваҳдати кишвар дар он гузошта шуд, дар ҳамон ҷо қарор дорад.
Ҷараёни омодагиҳо ба ҷашн чӣ гуна аст? Ин саволро ба раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода додем. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:
- Тибқи дастуру супориши муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷашнҳои дарпешистодаи кишвар — 25 — солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия омодагӣ вусъат гирифтааст. Корҳои ободонию созандагӣ низ пеш рафта истодаанд.
Қарор додем, ки назди «Қасри Арбоб» дар майдони шаш гектар замин боғи фарҳангӣ — фароғатӣ бунёд созем, ки алҳол корҳои сохтмонии он ҳам ҷараён доранд. Тибқи лоиҳа, чор шипанги калон қомат меафрозад. Гулу гулбуттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз шинонида хоҳанд шуд. Гулгаштҳои замонавӣ сохта мешаванд. Албатта, байни ин корҳо муҳимтаринаш бунёди сутуни рамзи 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии кишвар аст.
Бино ба гуфти роҳбари Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» Абдузафар Иномов, фармоишгари корҳои ободонӣ Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад. Лоиҳаи боғи фарҳангӣ — фароғатиро ширкати лоиҳакашии «Санниосп» ба ҷо оварда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Бунёди Аҷам» ба иҷро расонида мешаванд.
- Корро моҳи март оғоз карда, кӯшиш дорем, ки бунёди боғро дар муҳлати муқарраршуда сифатнок ба анҷом расонем, — гуфт зимни суҳбат роҳбари сохтмончиён Абдуқодир Қодиров.
«Қасри Арбоб» аз ҳисоби даромади колхози «Москва» (алҳол ҶС ба номи С. Ӯрунхоҷаев) таҳти роҳбарии ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Устоди пахтаи Тоҷикистон Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ба маблағи 31 млн. сӯми шӯравӣ сохта шудааст. Онро расман 7 ноябри соли 1957 ба муносибати 40 — солагии Инқилоби Октябр ба истифода додаанд.
- Баъди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ибтидои солҳои 2000-ум хоҷагӣ барои нигоҳдошти бино маблағ пайдо карда натавонист. Аҳволи қаср табоҳ гардида, дар рӯзҳои боришот бомҳояш мечакиданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят қарор дод, онро ба тавозуни Раёсати фарҳанги вилоят гузаронида, аз таъмири капиталӣ барорад, — гуфт дар идомаи суҳбат Абдузафар Иномов.
Соли 2012 ба истиқболи 20 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қасри Арбоб» навсозӣ гардида, иловатан дар тарафи рости он чойхонаи миллӣ ва толори баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Соли 2015 аз тарафи чапи он амфитеатр барои 7 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ёфт. Ба муносибати 25 — солагии иҷлосияи таърихӣ низ таъмир гузарониданд. «Қасри Арбоб» охирин маротиба соли гузашта ба муносибати ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»