Мубориза ҳам бояд самимӣ бошад
Терроризм ва ифротгароӣ аз хатарҳои глобалие мебошанд, ки имрӯз оромии ҷомеа ва амнияти ҳар фарди башарро зери суол бурдаанд. Ин зуҳуроти номатлуб, ки бештар ҷавононро ҳадаф қарор медиҳанд, ба решаҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллат зарба мезананд. Аз ин рӯ, пешгирии онҳо танҳо вазифаи сарварони давлатҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки рисолати кулли ҷомеа аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кулли сокинон борҳо даъват ба амал овардаанд, ки дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бетараф набошанд. Маҳз бо ҳидоятҳои Сарвари давлат дар кишвар чорабиниҳои гуногун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ доир мешаванд.
Аз ҷумла, имрӯзҳо дар вилояти Суғд бо усулҳои гуногун, аз ҷумла «хона ба хона», «мактаб ба мактаб», «маҳал ба маҳал», корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам баргузор мегардад. Дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Панҷакент ва ғайра ин талошҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ натиҷаҳои мусбат ба бор овардаанд.
Ҳангоми корҳои фаҳмондадиҳӣ истифода аз шахсони маъруфу муваффақ – шоирон, нависандагон, варзишгарон, табибон, олимон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун метавонад муассиртар бошад. Вақте ҷавон саргузашти шахсеро мешунавад, ки аз шебу фарозҳои душвори зиндагӣ гузашта, бо меҳнату иродаи қавӣ ба муваффақият расидааст, дар қалбаш шуълаи умед фурӯзон мешавад. Мисолҳо аз ҳаёти воқеии шахсиятҳои барҷаста, ки бо талош ба қулла расидаанд, метавонад ҷавонро аз роҳи хато боздорад ва барои зиндагии солиму ҳадафманд ҳидоят намояд. Ё ҳикояи як табибе, ки ҷони садҳо нафарро наҷот дода, ба ҷомеа содиқона хизмат мекунад, метавонад мағзи ҷавононро аз андешаи ифротӣ пок кунад. Ин гуна шахсон самимӣ ва руҳбахш, бе амр ва фишор дар қалби ҷавонон ҷой мегиранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯӣ, сатҳи пасти маърифат, бекорӣ, ноумедӣ, набудани ҳадафи равшан дар зиндагӣ ва таъсири муҳити носолим мебошад. Гурӯҳҳои ифротӣ маҳз аз сустиҳои равонӣ сӯиистифода намуда, аксар маврид тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро ҷалб мекунанд.
Дар ин раванд на ҳамеша фақат таъкид ва фаҳмондани ҷиноят будани аъмоли ифротӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Вақте ҷавон ё наврас худро дар ҷомеа бекасу ноумед ҳис мекунад, ҳарчанд бо ӯ корманди ҳифзи ҳуқуқ ё масъул вохӯрӣ анҷом диҳад, дар вуҷудаш эҳсоси тарс ва дурӣ боқӣ мемонад.
Муборизаи идеологӣ бе дониш ва маърифат ноком аст. Аз ин рӯ, бояд ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад. Омӯзгорон, волидон ва равоншиносон низ дар ин самт нақши калидӣ доранд.
Ҷомеае, ки дар он китоб қимат дорад, дониш арзиш аст ва инсон бо ақлу фарҳанг қазоват мешавад, ҳеҷ гоҳ майли ифрот нахоҳад кард. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат таъкид намуданд: «Агар мо ба фарзандонамон таълиму тарбияи дуруст диҳем, ҳаргиз ба роҳи хато намераванд».
Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба василаи асосии таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфтаанд, аммо ин шабакаҳоро метавон ба як абзори муассири тарбиявӣ низ табдил дод. Агар шахсони муваффақ ва обрӯманд дар шабакаҳо фаъол бошанд, метавонанд руҳияи ҷавононро солим нигоҳ доранд. Ба ҷойи фақат маҳкум кардани ифротгароӣ бояд бо роҳи таъсир расондан ба қалб ва зеҳни ҷавонон амал кард. Ин роҳ на аз тарс, балки аз меҳру эҳтиром оғоз мешавад. Мо бояд пайваста дар фикри тарбияи дурусти наврасон, додани маърифат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстии онҳо бошем. Агар ҳар яки мо дар ҷомеа худро ҳамин гуна масъул ҳис кунем, метавонем кишвар ва насли ояндаро аз кулли хатарҳо эмин дорем.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





