https://sadoimardum.tj

Ваҳдат, давлат ва арзишҳои миллӣ

№:85 (4981), 07 июл 2025, 17:03
7

Ҳар давлати соҳибистиқлол дорои арзишҳои миллии худ мебошад, ки бунёди давлатдории онро ташкил медиҳанд. Асоси давлати тоҷиконро, ки соҳибистиқлолии худро дар охири асри ХХ ба даст оварда буд, маҳз рукнҳои миллию фарҳангии он ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, забони миллӣ ва адабиёти он, расму анъана ва ҷашнҳои қадимӣ, мусиқии суннатӣ, санъату ҳунарҳои мардумӣ ва меъмории қадим ва монанди инҳо аз зумраи он арзишҳое мебошанд, ки таҷассуми симои зоҳирию ботинии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. 

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон, бисёр муҳим мебошад.

Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад». 

Воқеан, арзишҳои миллӣ, ки муаррифгари шоёни халқи куҳанбунёди тоҷик мебошанд, дар тӯли таърих моро шоиста муаррифӣ кардаанд. Онҳо рукни бунёдӣ ва пояи асосии давлатдории миллӣ шинохта шуда, миллатро дар масири таърих аз шикасту нобудшавӣ эмин нигоҳ доштаанд, зеро бар заминаҳои таърихӣ, маърифатӣ, забонӣ ва ахлоқии ҷомеа устувор буданд.

Дар робита ба ин, ду ҷанбаи муҳимро бояд зикр кард. Яке, арзишҳои миллию фарҳангӣ рукни асосии шинохти миллату давлат мебошанду дигар давлат, ки муҳофизи ҳамешагии арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин мақола мехоҳем ба масъалаи дуюм таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

Давлати миллӣ барои миллат муқаддас аст, зеро танҳо давлат метавонад арзишҳои миллиро ҳифз намояд ва эҳё кунад. Давлати тоҷикон зери роҳбарии Сарвари хирадманд ва фарҳангсолор, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист чандин арзишҳои азбайнрафтаи миллиро эҳё намуда, бузургию куҳанбунёд будани мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳас­тии миллат номида, ҳамеша таъкид менамоянд, ки миллате, ки фарҳанги худро ҳифз мекунад ва ташаккул медиҳад, метавонад дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ намояд ва пешрафта гардад. Табиист, ки пояи ҳамаи ин дастовардҳо дар ваҳдати пойдор ва якдилию ягонагию сарҷамъии миллат аст. Ин аст, ки нақши ваҳдати миллӣ дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ хеле арзишманд мебошад. Миллати мо ин сабақи таърихро дорад. Ҳангоме ки тоҷикон истиқлоли давлатӣ ба даст оварданд, пас аз муддати хеле кам ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад, ки оқибати он боиси аз байн рафтани давлат, пароканда шудани миллат ва нобуд гардидани тамоми арзишҳои миллӣ мегардид. Инро роҳбари давлати тозабунёди тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон замон хеле хуб дарк карда буданд ва ба сулҳу ваҳдати мардуми Тоҷикистон асоси ҷовидонӣ гузоштанд. Танҳо ваҳдати миллӣ аст, ки давлату миллатро эмин нигоҳ медорад ва фурсат ба ободии кишвару эҳёи арзишҳои миллӣ медиҳад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон набояд фаромӯш кунанд, ки дар ҳифзи давлату миллат, ваҳдати миллӣ ва эҳёи арзишҳои он нақши Роҳбари фарҳангсолори тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа аст. Вақте мо нақши ваҳдати миллӣ дар ҳифзу эҳёи арзишҳои миллӣ мегӯем, ин ҳамон саҳми Пешвои миллат аст, ки танҳо бо кӯшишу заҳматҳои ӯ чандин арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки милии тоҷикон эҳё гардиданд. 

Истиқлоли давлатӣ худ арзиши хеле волои миллӣ маҳсуб меёбад. Нигаҳдошту ҳифзи ин арзиши миллӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Сулҳу ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон имрӯз имкон додааст, ки ҳарф аз ҳифзу эҳёи арзишҳои миллӣ занем. 

Пеш аз ҳама, забони тоҷикӣ – забони миллии тоҷикон дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ меҳвари асосӣ буда, он нишони нахустини миллат аст. Дар нигаҳдошту ҳифзи он нақши ваҳдати миллӣ хеле созгор аст. Ҳарчанд, забони миллӣ худ нақши ваҳдатофаринӣ дорад, аммо дар ҳимояву ҳифзи он, баръакс, нақши ваҳдат муҳим арзёбӣ мегардад. Бо фаро расидани ваҳдати миллӣ, аллакай масъалаҳои бисёр муҳими забон – алифбо ва имлои он мавриди таҳлили муҳаққиқон қарор гирифт ва соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алифбо ва имлои нави забони тоҷикӣ қабул гардид. Алифбо бо назардошти хусусияти овозии забони тоҷикӣ мураттаб шуд ва имлои забони тоҷикӣ бар асоси қоидаҳои грамматикӣ мукаммал гардид. Минбаъд (солҳои 2011 - 2021) тағйиру иловаҳое, ки ба имлои забони тоҷикӣ ҷиҳати такмили он ворид гардиданд, муҳиманду саривақтӣ. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» яке аз роҳҳои ҳизфи ин арзиши волои миллӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари муайян намудани вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ доир ба муҳайё намудани шароит барои ҳифзу фаъолияти дигар забонҳои мавҷудаи Тоҷикистон низ моддаҳои алоҳида рӯйи кор омаданд. Вазъи истилоҳоти соҳавӣ, ки муҳимтарин ҷанбаи забонӣ на танҳо дар кори мутахассисон, балки дар фаъолияти ҳаррӯзаи мардум мебошад, зина ба зина беҳтар гардида, забон аз бисёр вожаҳои бегона озод шуд.

Бо ибтикори Пешвои миллат соли 2008 «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон гардид, ки миллати тоҷик онро бо дастовардҳои беназир истиқбол намуданд.

Арзиши дигари миллиро ҷашнҳои бос­тонии миллӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада, ташкил медиҳанд, ки бо талошҳои хастанопазири Пешвои миллат расму анъанаҳои ин ҷашнҳои миллӣ дубора эҳё гардиданд. Бояд зикр кард, ки моҳияти худи ин ҷашнҳо ба ҳам муттаҳид намудани мардум буд. Ин ҷашнҳоро гузаштагон бо ҳам ва дар сарҷамъӣ бо хурсандии беҳадду канори хурду калон ҷашн мегирифтанд. Имрӯз ҳам аз баракати ваҳдати миллӣ мардуми Тоҷикистон ин ҷашнҳои ниёгонро муттаҳиду дар ҳамбастагӣ бо якдигар ҷашн мегиранд. Яъне, маҳз ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ сабаб шуд, ки ҷашнҳои мазкур эҳё гардиданд. 

Санъати воломақоми тоҷик аз қатори арзишҳои дигаре аст, ки миллати тоҷикро муаррифӣ мекунад. Бахусус, «Шашмақом»-у «Фалак», ки танинандоз аз ваҳдату ягонагии мардуманд ва дар осмони амну осоиши давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз газанди рӯзгор осудаанд. 

Либоси миллӣ низ дар радифи дигар арзишҳои миллию фарҳангӣ қарор дорад, ки аз гузаштаи дур то ба мо ба мерос мондааст. Маҳз ваҳдати миллию истиқлоли давлатӣ имкон медиҳанд, ки либоси миллиро ба бар кунем ва онро ҳифз намоем. Ҳамчунин, ҳифзу гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди соҳибфарҳангу соҳибхиради тоҷик аст, зеро либоси миллӣ рукни фарҳанги миллӣ буда, аз гузаштаи дур то ба имрӯз арзиши миллии худро ҳифз намудааст. 

Ҳамин тавр, дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллӣ эҳё гардида, барои ҳифзи онҳо як қатор чораҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Пешвои миллат як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, ки фарогирандаи арзишҳои миллӣ мебошанд, навсозӣ ва бунёд гардиданд. Таъсиси Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Кохи Суруш, Маҷмааи 5500-солагии Саразм ва баргузории «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нишонаи таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат ба арзишҳои миллию фарҳангӣ аст.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир таъсири фарҳангҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва арзишҳои он хеле пурқувват гаштааст. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҷавонон ба фарҳанги миллии хеш такя кунанд. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Мо бояд насли навро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ тарбия намоем». 

Арзишҳои миллию фарҳангӣ сутуни устувори давлат маҳсуб мешаванд. Биноан, дар Паёмашон низ Пешвои миллат таъкид намуданд: «Агар фарҳанги миллат пурқувват бошад, давлат низ устувор мемонад». 

Воқеан, ҳамаи ин шукуҳу шаҳомате, ки имрӯз Тоҷикистони азиз касб кардааст, аз баракати истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллист. 

Поянда бод, ваҳдату ягонагии миллати тоҷик.

С. Қ. МАТРОБИЁН , 

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: