Президенти маҳбуб ва ниҳоди муътабар
Барҳақ таъкид шудааст: «Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасад».
Шукргузор бояд бошем, ки Пешвои миллат ба тақдири неки миллати мо бо истеъдоди нотакрор ба майдон омаданд. Ҳар ибтикори амалинамудаи ин абармард, бо назардошти камназирӣ ва мазмуну моҳият, ба маънои том, шоҳкорӣ аст.
Барои тоҷику тоҷикистониён вожаи Президент, маҳз, ба шарофати хизматҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун мансаби олии давлатӣ, балки чун таҷассумгари амалишавии орзую омоли неки халқ, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа аҳамияти хоса касб кард.
Ҳамин тариқ, падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии Президент ва вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии Президент ҳамчун намояндаи умумихалқӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаррар гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар заминаи ин иқдом, бо назардошти хусусиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мафкуравии мардуми тоҷик ва барои баромадан аз ин вазъи даҳшатноки буҳронӣ ҳокимияти неруманди мутамарказ, ягона ва муназзам таъсис ёфт. Бояд мадди назар дошт, ки 16 ноябр муқаррар гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз, ба ин ибтикор марбут аст.
Ташаккули ниҳоди президентӣ, дар навбати аввал, боис гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Ҳарчанд давлати нави мустақили тоҷикон ҳамагӣ дар як пораи кӯҳистони сарзамини бузурги таърихии халқи тоҷик таъсис ёфт, вале дар он рӯзҳо нақшаҳои тақсими ин давлат дар миён буд. Чунин тарҳро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда буданд.
Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунем, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардида, бо шиори «Ман ба шумо сулҳ меорам!» умеди барбодрафтаи мардумро ба ояндаи нек эҳё карданд.
Воқеан, замони душвор буд ва аксаран аз роҳбар будан дар чунин вазъ метарсиданд ва намехостанд ҷони худро дар хатар гузоранд. Чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иродаи хастагинопазир доранду нияти нек, миллатро аз нобудӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуданд ва ҳаққи таърихии миллатро барои доштани давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ, Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуда, ҷиҳати қадршиносии қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам оварданд.
Ин абармард хатари даҳшатбори аз байн рафтани давлати миллии тоҷикон ва парокандашавии мардуми кӯҳанбунёдамонро бетаъхир бартараф карданд.
Набояд фаромӯш созем, ки дар оғози сар задани низоъ таҳдиди ин хатарро пас аз муддати начандон тӯлонӣ кулли мардуми кишварамон дарк намуда буданд, вале барои бартараф сохтани ин хатар зарурати ба майдон, ба арсаи сиёсӣ баромадани шахсияти фозилу ҷасоратманде лозим буд, ки кафолати таъмини якпорчагии мамлакатро тавонад ба зиммаи худ гирад. Ин марди шариф дар даврае ба сари ҳокимият омаданд, ки аслан ҳокимият вуҷуд надошт, аркони давлатдорӣ комилан фалаҷ, кишвар валангор, мардум парешон ва ноумед буданд. Маҳз, дар даврони сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукнҳои давлатдории миллӣ эҳёву устувор шуда, рамзҳои давлатдорӣ таҳияву тасдиқ гардиданд. Ҳоло мо соҳиби Парчаму Нишони давлатӣ, Суруду Артишу пули миллӣ, сарҳадоти мустаҳкам ва иқтисодиёти рӯ ба рушд аст.
Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфт, ки яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад. Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири ин абармард моро соҳиби давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони азиз гардонд. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осуда ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза бахшида, барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ, беҳтар шудани сатҳи зиндагию некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат намуд.
Табиист, ки аъмоли нек ҳатман подоши нек дорад. Ба шарофати хизматҳои беназир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвонҳои олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шуданд. Кулли сокинони кишвар дар симои Президент шахсияти беназири таърихӣ, фарзанди бонангу номуси халқ, таҷассумгари олитарин сифатҳои инсонӣ, хираду шуҷоат, раҳму шафқат ва соҳиби қобилияти нотакрори ваҳдатофариро мебинанд ва бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд.
Мисли Сарвари оқилу хирадманди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни роҳбарони давлатҳои дунё нафареро пайдо кардан ба гумон аст, ки бо халқ ошкору самимӣ бошад. Президенти кишвар пайваста бо аҳолӣ вохӯриву мулоқот мекунанд, суҳбатҳои самимӣ меороянд, сари ятимонро сила карда, дасти барҷомондагонро мегиранд ва барои ҳалли фаврии мушкилоти ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд. Ҳамчун табиб қарзи инсонии хеш медонам ёдрас шавам, ки ҳатто замони хурӯҷи бемории каронавирус, айёме, ки роҳбарони дигар кишварҳо аз халқашон комилан дурӣ меҷустанд, Президенти мо дар миёни мардум буданд ва онҳоро руҳбаланд мекарданд.
Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боз аз он ифтихорманд аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари дурандеш, дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ намуда, муваффақу маҳбуб гардонданд. Дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид далели равшани он аст, ки Пешвои ташаббускори моро ҷаҳон эътироф карда, мақому манзалаташон дар арсаи байналмилалӣ бениҳоят баланд аст.
Пешвои миллат на танҳо давлатдории навини тоҷиконро асос гузоштанд, балки руҳи миллиро аз лиҳози назариявӣ ва сиёсиву амалӣ ҳамчун ҷаҳонбинии миллӣ эҳё карданду таҳким бахшиданд. Дигар рисолати мост, ки аз ин имконоти таърихӣ самаранок истифода барем, ба ҳамватанон, хоса насли наврас, талқин намоем, ки дар баробари расидан ба қадри ҷонфидоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи интихобкардаи ин абармардро идома диҳанд. Чунин қадршиносӣ дар баробари ҷанбаҳои дигари мусбат, инчунин, моҳияти тарбиявӣ дошта, садоқат ба арзишҳои инсонӣ, милливу давлатиро таҳким бахшида, ҳисси ватандӯстию худшиносии шаҳрвандонро болотар мебарад.
КАРИМЗОДА Мунира Бобохон,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе
Ҳамчунин дигар маводҳо:
