https://sadoimardum.tj

Як табассум, як паём, як роҳ

№:134 (5030) 14 ноя 2025, 18:20
0

Моҳи марти соли 2019. Душанбе фазои идона дошт. Наврӯзгоҳи пойтахт садҳо сокину меҳмонони шаҳрро гирди ҳам оварда буд. Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳи вижа таҷлил мешуд. 

Ман ҳам ҳамроҳи дӯстонам ба базмгоҳ рафтам. Миёни ҷамъият истода ба саҳнае менигаристам, ки дар он санъаткорон ҳунарнамоӣ мекарданд. Сарояндагон бо тарона ва раққосаҳо бо ҳаракатҳои мавзуни хеш қалбҳои тамошобинонро тасхир менамуданд. Намедонис­там, ки ин лаҳзаҳо ба беҳтарин ёддошт мубаддал мешаванд.

Ҷамъи одамон ногаҳон ба ҳаракат даромаданд. Гӯё мавҷи нарм ба як самт ҷунбид. Ҳама бо ҳаяҷон ба сӯе нигоҳ карданд. Ман низ беихтиёр ҳамон тараф нигаристам. Дар оинаи телевизиони калони назди майдони  Наврӯзгоҳ навори мустақим пахш гардид, ки дар он корвони мошинҳо намоён шуданду чеҳраи ошно ором ва бо табассум аз он поён шуданд. Ин нафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ба табрики сокинон омада буданд. Аз қабл намедонистам, ки Президенти кишвар ба базмгоҳ ташриф меоранд ва ин як вохӯрии ногаҳонӣ буд.

Ҳузурашон ҳавои саҳнаро дигар намуд, бо он самимияте, ки мардумро ба худ ҷалб мекард. Ҳама бо эҳтиром даст бар сина гузоштанд, кӯдакон ба сӯи минбар бо ҳаяҷон менигаристанд. Сарвари давлат ба минбар баромаданду табассуми зебое карданд ва бо эҳтиром ба саломи дигарон сар ҷунбонданд. Он табассум, ҳарчанд як лаҳза буд, аммо барои якумр дар хотирам боқӣ хоҳад монд.

«Наврӯз ҷашни аҷдодии мост», - оғоз карданд суханронии идонаашонро Пешвои миллат. Ҳама гӯш доданд ба ин нутқи пурмуҳтаво. Дар хотимаи табрикот Пешвои миллат ба саҳна нигариста, бо ифтихору эътимод таъкид карданд: «Ба шумо - ҷавонон бовар дорам. Тоҷикистонро шумо обод мекунед!». Ин ҷумла, ки мухотабаш мо - ҷавонон будем, одӣ набуд. Бо ин таъкид Сарвари давлат ба мо - ҷавонон масъулияти баланд - ояндаи Тоҷикистонро бовар карданд.

Ҷашн идома ёфт, мутрибону хунёгарони шинохта рӯи саҳна омаданд, мусиқӣ баландтар шуд, мардум ба рақс даромаданд...

Ба фикр фурӯ рафтам. Дар он вохӯрии ногаҳонӣ дарк намудам, ки ҷавонӣ танҳо як ҳиссаи умр не, балки масъулияти бузург ҳам ҳаст. 

Аз ҳамон вохӯрии ногаҳонӣ бовар ба худам бештар шуд. 

Пешвои миллат низ замоне ҷавони одӣ буданд, ки бо ирода, масъулият ва муҳаббат ба Ватан садоқати худ­ро ба халқ собит карданд. Аз ҷавони деҳоти дурдаст зина ба зина рушд карда, то ба сатҳи Роҳбари давлат расидан роҳи осон набуд, афтодану бархостан, иродаи қавӣ, заҳмату талош, сӯхтану сохтанҳо ва садоқат ба ормонҳои миллиро мехост. Маҳз, ҳамин ирода, садоқати миллӣ буд, ки мардум имрӯз бо эътимоду муҳаббат ба ин абармард менигаранд. Воқеан, Пешвои миллат рамзи ваҳдат, сулҳ ва давлатдории тоҷикон аст. Аз ҳамин рӯ, ҳар сол Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба ин шахсияти таърихӣ ва хизматҳои босамару мондагори Пешвои миллат дар саросари кишвар бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Ин сана танҳо як ҷашни расмӣ нест, балки ифодаи эҳтироми мардум ба роҳбари сулҳовараш аст. Эҳтиром ба нафаре, ки дар сахттарин лаҳзаи таърихи навини давлатдорӣ дар паҳлуи миллати худ қарор дошт, бо хирад ва шуҷоат сарнавишти онро дигар кард. Имрӯз вақте мо - ҷавонон бо ифтихор ба дастовардҳои кишвар менигарем, дарк мекунем, ки ҳамаи ин самараи раҳнамоии дуруст ва сиё­сати созандаи Пешвои миллат аст. Бо шарофати корномаҳои мондагори Пешвои миллат акнун мо медонем, ки ба сулҳу ободию озодӣ танҳо аз роҳи меҳнат, дониш ва садоқат метавон расид. 

Ҳамон лаҳзаи мулоқот дар Нав­рӯзгоҳ ба ман собит кард, ки роҳбарӣ, пеш аз ҳама, иродаи қавию созанда, муҳаббат ба миллату давлат, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, хидмат ба миллату Ватан ва шарики ғаму шодии мардум будан аст.

Сумани УБАЙДУЛЛО,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: