https://sadoimardum.tj

Ҳамоиши муҳим

Набояд фаромӯш кард

№:26 (5078), 04 мар 2026, 17:50
0

«Садои мардум» дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рисолати нашрияи расмии имрӯзаи ҷумҳуриро иҷро намуд

Ин нукта сеюми феврали соли равон зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ дар мавзуи «Нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ», ки ба истиқболи Рӯзи матбуоти тоҷик дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, зикр гашт.

Пажӯҳишгарони таърихи матбуот, устодони риштаи рӯзноманигорӣ, унвонҷӯёну журналистон бо ёдоварӣ аз аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф», ки оғози матбуоти тоҷик маҳсуб меёбад, саҳми матбуотро дар инъикоси муҳимтарин воқеаҳои давр, рушду инкишофи ҷомеа, боло бурдани маърифати хонандагон, худшиносии миллат муҳим арзёбӣ карданд. 

Профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ ташаккули низоми матбуоти даврӣ дар солҳои 1920-1930-ро баррасӣ намуд. Маълум шуд, ки матбуоти тоҷик маҳз дар ҳамин давра шакл гирифта, баъдан, зина ба зина ташаккул ёфтааст. «Бухорои шариф», «Самарқанд», «Оина», «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» чун саромадони матбуоти миллӣ зуҳур кардаанд. Дар заминаи ин рӯзномаҳо, тадриҷан, рӯзномаҳои гуногун таъсис ёфта, ҳамин тавр, низоми матбуоти даврӣ ва рӯзноманигорӣ шакл гирифт, барои инкишофи минбаъдаи он имконот ва шароити касбию иҷтимоӣ ба вуҷуд омад. 

Тавре иттилоъ дода шуд, имрӯз дар кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷалла, аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ, ба табъ мерасанд.

Дар ҳамоиш ба фаъолияти рӯзномаи «Садои мардум», ки шумораи аввалини он 1-уми январи соли 1991 ба табъ расида, имсол аз фаъолияти он 35 сол пур шуд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Аз ҷумла, омӯзгор ва муҳаққиқи соҳа Қироншоҳ Шарифзода дар мавзуи «Нашрияи «Садои мардум» - чаковаки Истиқлоли Тоҷикистон» суханронӣ намуда, мақсади таъсисёбии рӯзнома ва вазифаҳои минбаъдаи онро шарҳ дод. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти рӯзнома, ҳайати эҷодӣ, сармуҳаррирон, мазмуну мундариҷа ва теъдоди нашри он дар солҳои гуногун ёдовар шуд. Фаъолияти 35-солаи рӯзномаро хубу арзанда арзёбӣ кард. Гуфт, ки дар солҳои барои ҷумҳурӣ хеле мушкил - оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нашрияҳои кишвар мавқеи худро тағйир доданд, аммо «Садои мардум» аз рӯзи аввали фаъолият дар паҳлӯи Ҳукумати қонунӣ қомат рост кард. Кӯшиши рӯзнома солҳои аввал бештар ба он равона шуда буд, ки сулҳ барқарор ва истиқлоли ҷумҳурӣ устувор гардад, ваҳдати мардум пароканда нашавад. 

- «Садои мардум» он замон ҳамчун нашрияи ҳаррӯзаи парлумонӣ рисолати нашрияи расмии имрӯзаи ҷумҳуриро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуд, ки инро дар таърихи матбуот набояд фаромӯш кард, - афзуд ӯ.

Дар фарҷоми ҳамоиш чанде аз кормандони Китобхонаи миллӣ ва устодони соҳа барои ҳамкории пайваставу самарабахш бо сипосномаҳои рӯзномаи «Садои мардум» қадрдонӣ шуданд.

Ф. ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: