Рӯзи Модар
Хонаи моро муаттар мекунад.
Ёди модар ёд аз боғи биҳишт,
Ёд аз гулбоғи Кавсар мекунад.
Меҳрубонтар кист аз модар, бигӯ?
Ёд орам, дидаро тар мекунад.
Кист оне, ки ба мисли модарам,
Чодари номус бар сар мекунад.
Модаре, ки маҳзари меҳру ҳаёст,
Бар мадори ишқ бовар мекунад.
Рӯзи Модар мебарам як каф дуо,
Бар биҳиште бӯи модар мекунад.
***
Мисли модар ҳеҷ кас дилсӯз нест,
Рӯзу шабҳоро, ки меҳрафрӯз нест.
Дар шумори рӯзҳои зиндагӣ
Рӯзи Модар ҳам ҳамин як рӯз нест.
***
Дасти модар гар фарояд бар сарам,
Медиҳад дастони ӯ болу парам.
Бӯи модарро надорад боғи гул, Атри ноёб аст бӯи модарам.
ВОРИС
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
Тахту бахти мо модар
Модар барои ҳар инсон танҳо як вожа нест, балки маънои тамоми зиндагист. Вақте дар бораи модар сухан мегӯям ё қалам ба даст мегирам, беихтиёр, меандешам: оё ҳама заҳматҳои шабонарӯзӣ, бедорхобиҳо ва
Як дуои модар
Модар вожаи одӣ не, дар он як ҷаҳон маъно нуҳуфта аст. Ин вожа ба олиҳае мансуб аст, ки қудрати офаридгорӣ дорад. Ӯ инсон ба дунё меорад. Бо ранҷу машаққат ва бедорхобиҳо барои осоиши фарзанд талош
Ватангаро, ватансаро
Давлати Раҳмониён аз зумраи шоирони тавоно ва муваффақи мост. Дар сурудаҳои ширину шево ва зебову рангинаш, ки аз мағзи дилу ҷони шоири ватандӯсту ватангаро садо медиҳанд, мавзуъҳои ишқи Ватан ва
Ба руҳи поки модар
Ман рӯи модарамро надидаам. Таваллуди ман ва марги модарам бо ҳам баробар иттифоқ уфтодааст. То дусолагӣ дар оғӯши падарам тарбият медидам, тамоми меҳрамро ба падарам баста будам. Гумон мекардам
