Модар, ту бартарӣ
Васфат ба сад забон бинамоянд шоирон,
Модар, ҳазор бор ба сифат ту беҳтарӣ.
Ту модари Заминиву дунёст тифли ту,
Модар ту не фариштаӣ, не ҳурӣ, не парӣ.
Модар фаришта нестӣ!
Модар, ту бартарӣ...
Модар фаришта нест, сутуни ду олам аст,
Момоҳаво зи муҳраи бобои Одам аст.
Ҳаргиз фаришта қудрати модар надоштаст,
Хешу табору хоҳару додар надоштаст.
Фарзанди нуҳмоҳаи дар бар надоштаст,
Овози нарми аллаи модар надоштаст.
Ҳарчанд шири модари мо рамзи покӣ аст,
Модар фаришта нест, як инсони хокӣ аст.
Модар зи оби тоқату хелидаи ғам аст,
Ӯ саршавии зиндагии зоти одам аст.
Аз оби чашми модари мо оби Зам-Зам аст,
Ӯ ҳамсар асту дилбар асту ҳусни олам аст.
Батнаш нахустин хонаи меҳр асту меҳан аст,
Модар фаришта нест, муқаддастарин зан аст.
Давлат НАЗАР
Ҳамчунин дигар маводҳо:
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 270; с. 2021, № 1-2, мод. 12; с. 2024, № 1-2, мод. 17)
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Панди нек
Ба ҳар як хандаи он лаб ҳазорон роз пинҳон аст, На ҳар хомӯшии лабҳо нишон аз роздорон аст. Ҳама дин, мазҳабу маслак чу бо худ арзише доранд, На ҳар касро, ки бошад ришу тасбеҳ, ӯ мусулмон аст.
Ватангаро, ватансаро
Давлати Раҳмониён аз зумраи шоирони тавоно ва муваффақи мост. Дар сурудаҳои ширину шево ва зебову рангинаш, ки аз мағзи дилу ҷони шоири ватандӯсту ватангаро садо медиҳанд, мавзуъҳои ишқи Ватан ва
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
