Истиқлолият, яъне, зиндагии шоиста
Дар матбуоти даврӣ, шиору овезаҳо мафҳуми «истиқлолият» ба ҳар маъно шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Ин калима дар «Фарҳанги истиҳолоти ҳуқуқӣ» ворид нагардидааст. Дар банди якуми моддаи 1 Конститутсия баъд аз ибораи «Ҷумҳурии Тоҷикистон» вожаи «давлати соҳибихтиёр» омадааст, ки гувоҳи аввалиндараҷа донистани мафҳуми «истиқлолият» буда, маънои соҳибихтиёрӣ дар фаъолияти давлатро ба худ касб намудааст. Соҳибихтиёрӣ аз калимаи фаронсавии «суверенитет» (касбияти олӣ) гирифта шуда, маънои волоият ва истиқлоли ҳокимиятро дорад.
Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, яъне истиқлол, дар он ифода мегардад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёту инкишофи худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷиро мустақилона, бе дахолати давлату қувваҳои беруна муайян мекунад.
Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки Президент, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро халқ ба воситаи интихобот интихоб менамояд ва онҳо ҳуқуқи аз номи халқ баромад карданро соҳиб мешаванд.
Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ ва таҷассуми соҳибихтиёрии халқ ба шумор меравад. Илми давлатшиносӣ дар радифи соҳибихтиёрии халқ боз ду навъи соҳибихтиёрӣ – соҳибихтиёрии давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллиро эътироф менамояд. Соҳибихтиёрии давлат дар волоияти ҳокимияти давлат дар дохили давлат ва истиқлолияти пурраи он дар муносибатҳои беруна ифода меёбад.
Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар шакли пурраашон дар қаламравии давлат амал карда, ҳеҷ гуна дахолати мамлакатҳои хориҷиро намепазирад.
Мафҳуми «соҳибихтиёрии миллӣ» ифодакунандаи ҳокимияти комили миллат, озодии сиёсии он ва имкониятҳои фароҳам овардани шароит барои ҳаёти миллатамон мебошад. Тоҷикистон дар муносибатҳои байналхалқӣ соҳибихтиёр буда, муносибатҳои хориҷиашро бо давлатҳои дигар мустақилона ҳаллу фасл менамояд.
Ҳарчанд оғози давлатдории навини халқи тоҷик аз соли 1991 ибтидо гирифтааст, вале ин нукта ҳаргиз маънои онро надорад, ки тоҷикон танҳо дар поёни садаи ХХ соҳиби давлат шуда бошанд. Анъанаи давлатдории тоҷикон таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад. Давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониён, Сомониён гувоҳи сиёсати мустақилона барпо кардани низоми давлатдории тоҷикон мебошанд. Маҳз, таҷрибаи давлатдории Сомониёнро, ки фаъолияти давлат ба воситаи вазоратҳо амалӣ мешуд, халқҳои дигар меомӯхтанд. Ба хотир биёред таърихи давлатдории сулолаи Салҷуқиёнро. Барои идора кардани давлат вазири аъзам Низомулмулк ба онҳо китоби «Сиёсатнома» навишт.
Ташкили давлати тоҷикон зери султаи болшевикон ҳафтод сол идома ёфта бошад ҳам, халқи тоҷик соҳибистиқлол, соҳибихтиёр набуд. Дар ин муддат фарзандони фарзонаи миллат, шахсиятҳои бонангу ори халқ, аз қабили устод Садриддин Айнӣ, сиёсатмадорон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигарон, барои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ мубориза бурда, дар ин роҳ қурбон шуданд.
То қабули Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлол (соли 1994) бори нахуст оид ба истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санади ҳуқуқии «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми августи соли 1990 сухан рафт. Дар моддаи 1 эъломияи мазкур мафҳуми «истиқлолияти давлатӣ» ҳамчун «ягонагӣ ва ҳукмронии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» маънидод шудааст. Баъдан, «Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд. Пас аз ин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсусро «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард, яъне изҳороти мазкур тавассути қарори Шурои Олӣ қонунӣ гардонида шуд. Худи ҳамон рӯз, яъне 9-уми сентябри соли 1991, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, Истиқлолияти воқеии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи қаламрави кишвар санаи 9-уми сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи воқеан ба истиқлолияти давлатӣ, яъне, соҳибихтиёрии пурра расидани давлати Тоҷикистон эълон шудааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Инак, мо дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Бояд талош, заҳматҳои ҳамарӯза, сиёсати созандаю бунёдкорона ва ташаббусҳои бешумору бесобиқаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналхалқӣ эътироф шуда, баҳри ободии кишвари азизамон, пайдории давлат, мустаҳкам намудани сулҳу субот ҷонбозиҳо карда истодаанд, дастгирӣ кунем, ин истиқлолро азизу муқаддас донем ва ҳифз намоем. Ҳама чун як тан дар атрофи Ҷаноби Олӣ саф кашида, барои ҳимояи Истиқлоли давлатӣ дониш, таҷриба, малака ва, агар лозим ояд, ҷони худро дареғ надорем.
Зариф ҒУЛОМ,
ҳуқуқшинос, собиқ муовини раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
