Меваи ширини ваҳдат
Дар ҳама давру замон одамон дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро беҳтарин неъмат меҳисобиданд, зеро тамоми сарват бе ин неъмат ба кас ошӣ намекунад. Ба қадри сулҳу осоиштагӣ шахсе мерасад, ки нооромиро аз сар гузаронида бошад. Он идда шаҳрвандони мамлакат, ки шоҳиди вазъи нобасомони солҳои пуртаҳлукаи навадум буданд, беҳтар медонанд, ки сулҳу ваҳдату осоиштагӣ чист.
Дар он давраи нобасомон, ки ҷои ақлу хирад ва муносибати некро ҷаҳлу таассуб, зӯроварӣ, дағалгуфторӣ гирифта буд, ҳар лаҳза хатари таҳқир шудан, мавриди латукӯб ва ё ҳадафи тири силоҳбадасти бехираде қарор гирифтан таҳдид мекард. Аз тарси силоҳбадастон шахсони мошиндор пиёда мегаштанд, зеро на танҳо имкони аз мошин маҳрум шудан, балки беному нишон шудан низ вуҷуд дошт. Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ низ аз тарси дуздону авбошон шом нашуда, корро бас мекарданд.
Яке аз рӯзҳои моҳи феврали соли 1997, зимни фаъолият дар ҳафтаномаи «Чархи гардун», бо хоҳиши сармуҳаррир се-чор саҳифаи шумораи навбатии рӯзномаро, бинобар тағйир ёфтанаш пеш аз чоп, хондам. Вақте аз идора баромадам, аллакай ҳаво торик шуда буд. Ду нонеро, ки нисфирӯзӣ аз бозорчаи «Гулистон» харида будам, ба халтаи селофанӣ андохтаму ба роҳ баромадам. Нақлиётро интизор шудан маънӣ надошт. Канори роҳи калон аз маҳаллаи Гулистон ҷониби маҳаллаи 65-уми пойтахт равон шудам. Он вақт кӯчаҳои пойтахт мисли имрӯза чунин ободу чароғон набуданд. Аз ин рӯ, аз канори роҳи мошингард босуръат роҳ мерафтам, то ки дар рӯшноии чароғи мошинҳо бо дили пур ба хона бирасам. Торикии пайроҳаҳои пиёдагард бошад, ба дили кас ҳарос меафканд.
Ҳангоми аз назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон гузаштан якбора панҷ нафар ҷавон маро иҳота карданду яке аз онҳо ба гулӯям корд гузошт:
- Бизнесменӣ - чӣ?
- Магар бизнесмен пиёда мегардад? Ман журналистам, - гуфтам дар ҷавоб.
- Ҳаа, муаллим будааст, - гуфт яке аз онҳо.
То ин лаҳза аллакай ду нафар кисаҳои шиму костюму куртаамро тагурӯ карданд. Дар кисаам бо пули имрӯза тақрибан 10 сомонӣ доштам. Чун «амалиёти кофтуков» ба поён расид, сардори даста, ки ҷавони қадбаланд буд, гуфт:
- Муаллим, ба худат ҷавоб…
Бо асаби харобу табъи хира шукргӯён ба роҳам идома додам. Дусад қадам гузошта будам, ки яке аз он гурӯҳи панҷнафара аз пасам давида, садо кард:
- Ако, нонатро бигир!
Ростӣ, аз ин садои ӯ хеле хурсанд будам, зеро он лаҳзаҳо аз пул дида ду ноне, ки бояд барои ғизои шому саҳар ба аҳли хонавода мебурдам, арзиши баланд дошт.
Ҷавон наздик омада, халтаро ба дастам доду маблағи гирифтаашро низ ба ҷайбам гузошт.
- Раҳмат!- гуфтам бо садои баланд, то рафиқонаш низ шунаванд. Охир, аз дасти авбошон ба ин осонӣ, безарар халос шудан боварнокарданӣ буд.
Вақте занги дарро пахш кардам, ҳамсару се нафар кӯдаконам пушти дар омада, бо як овоз «кист?» - гӯён пурсиданд. Бинобар аз ҳаррӯза дер карданам ҳама хавотир шуда буданд.
- Тинҷӣ буд, ин қадар дер кардед?- бо изтироб пурсид ҳамсарам.
- Нақлиёт нашуд, аз Сирк пиёда омадам, - гӯён халтаи нонро ба дасташ додаму кӯдаки хурдиамро ба оғӯш гирифта, бо баҳонаи либосивазкунӣ зуд ба ҳуҷраи дигар гузаштам, то ашки чашмамро набинад.
Ман вақти дар иҳотаи авбошон будан натарсида будам, вале акнун фикр кардам, ки агар онҳо воқеан маро корд мезаданд, дигар рӯйи гарми ҳамсару фарзандон ва падару модару бародару хоҳаронамро намедидам. Он айём чунин ҳодисаҳо зиёд рӯй медод. Ҷасади бисёриҳо дурудароз дар сардхонаҳо ношинохта мемонд…
Имрӯз ҳам шукр мегӯям, ки Худованд дар дили он тӯдаи авбошон раҳм андохту ба ман осебе нарасид.
Баъди панҷ моҳи ин ҳодиса - 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат чандон тахту ҳамвор набуд. Барои тавсеа ва суръат бахшидан ба раванди сулҳу ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату иродаи мустаҳкам ва азхудгузаштанҳояшон ибрати шахсӣ нишон доданд. Рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Генадий Шалаев дар «Роҳ ба сӯи созиш» ном китобашон дар бораи шуҷоати бемислу ҷасорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ёдовар шудаанд: «Эҳтимол, вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11-уми декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар рустои Хусдеҳ, ки дар шимоли Афғонистон, вилояти Тахор ҷойгир аст, гузаронанд, гӯё иродати Президентро месанҷид, ӯ бе ягон дудилагӣ розӣ шуда: «Ман тайёрам дар ҳар ҷо ва ҳар соат вохӯрам. Муҳим он аст, ки вохӯрӣ судманд бошад».
Мулоқоти мазкур бар хилофи чашмдошти баъзеҳо бинобар боҷуръатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомуваффақият анҷом ёфт. Дар ин мулоқот «Протокол дар бораи ба танзим даровардани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаҳои ҷанг» ба имзо расид. Пас аз ин вохӯрӣ дигаргуниҳои қатъӣ ва муҳиме дар гуфтушунидҳо ба амал омада, амалан раванди оташбас миёни размандагони мухолифин ва неруҳои хукуматӣ оғоз ёфт. Агар Сарвари давлат аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бидуни мулоқот ба Душанбе бармегаштанд, маълум набуд, ки дар Тоҷикистон «садои тӯпҳо кай хомӯш мешуд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба пойтахт баргаштан, моҳи декабри соли 1996, дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: «Ман 11-уми декабр, пас аз баргаштанам ба Душанбе, дар бораи бас кардани муқовимат дар водии Ғарм ва ноҳияҳои сарҳадӣ дарҳол фармон имзо кардам… Ризоияти миллӣ бошад, ормону талаби сокинони ҷумҳурии мост…
Мо ба ҳар роҳ кӯшидем ва боз кӯшиш хоҳем кард, ки халқи мо аз ҳодисаҳои нангини мухолифати миллӣ наҷот ёфта, ба роҳи созандагӣ ва ободонии Ватан дохил шавад».
Дар маҷмуъ, то расидан ба ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот намудаанд. Дар ҳамаи онҳо Роҳбари давлат аз сулҳу оштӣ, ризоияти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат карда, ҷангу муноқишаро маҳкум ва пайваста кӯшиши муттаҳид кардани миллатро думболагирӣ намудаанд.
Инак, 28 сол шуд мо дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагӣ дорем. Дар ин муҳлат шаҳру деҳоти кишварамон хеле ободу зебо шуданд. Акнун кас нисфишабӣ дар кӯчаҳои пойтахт пиёда қадам зада, ягон эҳсоси хатар намекунад. Тибқи назарсанҷии Маркази байналмилалии тадқиқотии «Gallup» тайи 10 соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари амнтарини ҷаҳон ҷой гирифтааст. Соли 2022 Тоҷикистон дар ин рӯихат сазовори ҷойи якум гардид.
Натиҷаи ҳамин тинҷию осудагии кишварамон буд, ки тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар 9 моҳи соли 2024 ба мамлакат 1 миллиону 223 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд.
Он дастовардҳои бешумори сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию маънавие, ки ҷумҳурии мо тайи беш аз ду даҳсолаи охир ноил гардид, бешак, натиҷа ва самараи сулҳу ваҳдат аст. Аз файзу баракати ваҳдати миллӣ садҳо ғояи нави созандагию бунёдкорӣ ба вуҷуд омаданд, ки роҳҳои замонавии дуқабатаю сеқабата, неругоҳҳои барқи обии муосир, нақбҳои мошингузар, боғҳои интенсивӣ, иншооту корхонаҳои гуногун ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Муҳим он аст, ки сокинони мамлакат ба Пешвои сулҳпарвари миллат эътимоди қавӣ дошта, шавқу завқашон баҳри созандагию бунёдкорӣ торафт бештар мешавад. Ҳамагон дарк намудаанд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ пешрафту шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату дӯстӣ ҳукмфармост, он рӯз ба рӯз шукуфта, иқтисодиёташ қавӣ ва шаҳру деҳоташ ободтар мегардад.
Пешвои миллат дар бораи аҳамияти ваҳдату ягонагӣ чунин иброз доштанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Ҳамагон шоҳидем, ки дарахти ба сулҳу ваҳдат ташбеҳдодаи Пешвои миллат имрӯзҳо меваҳои ширини зиёде ба бор оварда истодааст. Таманнои онро мекунем, ки самари ин дарахти пурбор ҷовидон бошад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





