https://sadoimardum.tj

Бикшода шуд бахти Ватан

№:104 (5000), 06 сен 2025, 00:56
0

Замоне ки кишвари азизамон соҳибистиқлол гардид, 10-сола будам. Дар дабистони деҳа ин мужда барқосо паҳн шуд. Тавассути радио эълон гардид, ки «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». 

Он замон назарҳо дар бораи моҳияти истиқлоли давлатӣ яксон набуданд. 

- Бе ИҶШС наметавон давлатдорӣ кард, мушкилиҳо зиёд мешаванду ҳоламон бениҳоят бад, - мегуфтанд иддае. 

- Соҳибистиқлолӣ муваққатӣ буда, дубора муттаҳид шудани давлатҳои ИҶШС заруру ногузир аст, - хулоса бароварданд қисми дигар. 

- Шукр, ки соҳибдавлат гардидем, акнун тақдирамонро ба дасти худ хоҳем навишт, - муътақид буданд гурӯҳи ками сокинон. 

Хулоса, бинобар зидду нақиз будани назарҳо мо - наврасон дар дарки ин рӯйдод то андозае оҷизу дудила будем. Баъд аз анҷоми дарс ба хона омадам. Модарам муждаи соҳибистиқлолиро бо шодмонии хоса расонид. Маълум гардид, ки дар ин бобат падарам, ки ҳамон субҳ ба маркази ноҳия рафта буданд, тавассути телефон иттилоъ додаанд.

 Илова бар ин, падарам ба модарам дастур додаанд, ки бегоҳ дастархони идона ороянд. Шоми ҳамон рӯз падарам сари дастархони идона моҳияти соҳибистиқлолиро ба мо хеле сода ва муфассал шарҳ доданд. Аз ҷумла гуфтанд, ки бидуни истиқлоли давлатӣ ягон миллат наметавонад молики ҳаққи худ бошад. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун нишонаи асосии давлат, ифодаи соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти он дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ мебошад. Маҳз соҳиб будан ба истиқлоли сиёсӣ имкон медиҳад, ки давлат ҳамчун ташкилоти сиёсӣ муаррифӣ гардад ва онро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои сиёсӣ эътироф намоянд. 

Таъкид карданд, ки ин арзиши қиёснопазир, дар баробари он ки ба имкони таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад, инчунин, аз ҳар фарди миллат эҳсоси гарми ватандӯстӣ, фаъолияти содиқона ва саъю кӯшиши доимиро талаб мекунад. Бинобар ин, мо, ки баъд аз заҳмату талошҳои зиёд соҳиб­истиқлол гардидем, бояд бо назардошти анъанаву суннати таърихӣ ва такя ба таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта пайи бунёди давлат камари ҳиммат бандем.

 Маҳз ба шарофати шарҳу тавзеҳи падарам мутмаин гардидам, ки назарҳои баъзеҳо оид ба ин масъала ботиланд. Дар маҷмуъ, огоҳии падарам ва ба мо содаву зебо фаҳмонданашон маро ошиқи истиқлол намуд. Ишқе, ки хеле муқаддас аст. 

Вале баъд аз муддате буҳрони нави мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат Президенти аз тариқи интихоботи умумихалқӣ интихобшударо аз сари қудрат дур сохт ва боиси чанд вақт бекор кардани ин падидаи конститутсионӣ ва ба ҷойи он ҷорӣ намудани идоракунии парлумонӣ шуд. Дар ин зимн маълум гардид, ки истиқлоли давлатӣ танҳо бо қабули эъломияи соҳибихтиёрӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба анҷом намерасад. Бинобар саҳлангории масъулин барои пойдории истиқлол ва ташкили давлати мустақил, ки тавонад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу унсурҳои миллӣ муаррифӣ гардад, тадбирандешӣ нашуд. Корҳое, ки барои шаклгирии истиқлоли давлатӣ бояд амалӣ мешуданд, ба таъхир афтоданд.

 Роҳбарият ва масъулони давлат дар даврони эълони соҳибистиқлолӣ имкони мавҷударо аз даст дода, вазифа ва мундариҷаи фаъолияти давлатро дар ин марҳилаи сарнавиштсоз дуруст муайян карда натавонистанд. Ин ҳама боиси буҳрони ҳокимият ва муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоӣ гардида, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Давлату давлатдорӣ як мафҳуми назариявӣ набуда, он маҳз бо мавҷудияти рукнҳои амалии давлат маъно пайдо мекунад. Шоҳидон дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои вазнину мудҳиш тамоми ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдории мо пурра фалаҷ гашта, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрда буд».

Ҳолати онвақтаро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мақолаи хеш – «Маҷлиси миллӣ зодаи даврони истиқлолият аст» васеътар шарҳ додаанд: «Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Бо вуҷуди он ки ҳанӯз ин эъломия бо назардошти баъзе маҳдудият қабул гардида, соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шуравӣ муайян мекард, нахус­тин санаде буд, ки аз наздик шудани мамлакат ба истиқлолияти комил дарак медод. Мутаассифона, дере нагузашта муборизаҳои шадиду оштинопазири дохилӣ бо пуштибонии доираҳои берунии манфиатдор баҳри ғасби қудрати сиёсӣ оғоз гардид, ки ин барои ба воқеият пайвастани орзуи деринтизори истиқлолиятёбии комили кишвар монеа шуд. Гурӯҳҳои сиёсӣ бо барномаҳои гуногун ба майдон омаданд, ки бештарашон хориҷ аз кишвар тарҳрезӣ гардида буданд. Арзишҳои динӣ, мазҳабӣ, псевдодемократияи таҳмилшуда бо шиорҳои «озодӣ», «ошкорбаёнӣ» мағзи мардумро таҳрик медод. Вале ҳама як ҳадаф доштанд: «ба даст гирифтани лаҷоми қудрат». 

Истиқлолияти давлатӣ 9-уми сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз иҷлосияи тақдирсози миллат - Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Он моро аз ҳолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз вартаи фано раҳо кард. Дар он замони пурҳаводис ва бениҳоят ҳассос дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти ҷумҳурӣ, ба ҳам овардани миллат кори саҳлу сода набуд. Халқ бошад, ин рӯзи саидро орзу мекард. Дар қатори дигар сокинони мамлакат мо низ дар кӯҳистони дурдаст бо як ҷаҳон умед қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияро, ки ягона сарчашмаи зуҳури ақлу хиради сиёсӣ ва ба ҳам овардани мардуми парешонгаштаву дилшикаста ба шумор мерафт, аз радиову телевизион бесаброна интизор мешудем. Кулли сокинони ҷумҳурӣ танҳо як чизро интизор буданд: ба мувофиқа расидан. 

Шояд, ҳоло барои баъзе нафарони аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ боварнокарданист. Дар он замони пурдаҳшат аз шахсиятҳои пуртаҷриба ва сиёсатмадорони варзида касе пайдо нашуд, ки зимоми идораи давлатро ба дӯш гирифта, истиқлолияти аздастрафтаистодаро ҳифз намояд. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари ҷавон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро кашф кард. Аниқтараш, муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ин фарзанди фарзонаи миллат, ки ҳар рӯз азоби алими мардуми бечораро медиданд, аз вазъи муташанниҷи минтақаҳои кишвар бохабар буданд, ҳоли табоҳи иқтисодию иҷтимоиро амиқан дарк менамуданд ва аз ҳадафҳои шуми ҳизбу созмонҳои таҳмилкунандаи ҷанги шаҳрвандӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо бохабар буданд, мисли дигарон бетарафиро ихтиёр карда натавонистанд, балки бетарафиро бешарафию тарсӯиро баробари марг донистанд. Бинобар ин, бо ирода, ҷасорат ва азхудгаштанҳо қад алам карданду зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот доданд.

Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эҷоди барномаҳои миллӣ қудрат ва нуфузи давлати мо ба маъраз гузошта шуд, ки ин тамоюл дар таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми бориз дорад. Маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбирандешиҳо баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ руҳияи миллӣ ба вуҷуд омад. Муҳим он аст, ки Пешвои миллат идеяҳои беназир ва пурмоҳиятро амалӣ намуда, шаҳрвандонро муттаҳид карданд. Сохтмони иншооти бузурги аср, аз ҷумла НБО «Роғун», шаҳодати ин гуфта аст. Ҳар тасмиме, ки ин абармард барои пешрафти давлату миллат гирифтаанд, амалест, ки ба идеяи миллӣ омезиш ёфта, истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид ва дурнамои неки давлатсозиву давлатдориро таъмин намуд.

17 июли соли равон дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, иброз доштанд, ки барои мо ду иди муқаддас – Истиқлоли давлатӣ ва Наврӯз вуҷуд дорад. Ҳамзамон, дастур доданд, ки ин идҳо ба ғайр аз сатҳи давлативу маҳал дар ҳар хонавода бошукӯҳу шаҳомат таҷлил шавад. Ин таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар манзалати бениҳоят баланди Истиқлоли давлатиро ба маъраз гузошт.

Дарвоқеъ, эҳтироми истиқлоли давлатӣ воситаи муҳим ва муассири эътироф ва эҳтироми миллатҳо буда, барои ҳар шахси озодихоҳ, худшинос ва комилҳуқуқ рисолате муқаддастар аз он буда наметавонад. 

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: