https://sadoimardum.tj

Шоире аз шаҳри сапедорон

№:120 (5016) 08 окт 2025, 18:49
1

Ворис аз зумраи адибонест, асилу хушбаён. Ӯ ниёз ба муаррифӣ надорад. Шеърҳояш бо ибораю калимаҳои гӯшнавозу тоза, ҷилои вожаҳои ноб зиёд мушоҳида мешавад, ки басо ҷаззобанд. Тасвирҳои зебое, ки дар шеър истифода мебарад, хонандаро мафтун месозад.

Ғазали шоири тасвиргар ва дилогоҳ Ворисро мехонем, ... оҳанги фасли дай ба гӯшу ҳуши мо панҷа мезанад. Оҳанги сафед, оҳанги тозагӣ, оҳанги парвозу парафшонии кабӯтарони самоӣ.

Шаҳобиддини Ҳақназар, адиб

 - Зиндагиро чӣ гуна дарёфтед: меҳрубон ва ё номеҳрубон?

- Агар зиндагиро ба роҳ ташбеҳ диҳем, он тахту ҳамвор нест, печутобҳое дорад. Мусофири ин роҳ ҳам роҳат мебинаду ранҷ ҳам мекашад. Шодию ғам ҳамсафари доимии мо ҳастанд, аммо умри одамизод вақте ба 60 мерасад, дар вуҷуди ӯ тағйироте рух медиҳад. Ин замонест, ки бояд аз дониш, хирад ва таҷрибаи аз умри гузашта андӯхтааш кор бигирад. Мо дар ин даврон ҳақ надорем ғафлат кунем. Замон мунтазири мо намеистад. Ба ҳар ҳол, кор мекунам, китобе мехонам ё чизе менависам. Ба назарам муҳимияти зиндагӣ дар он зоҳир мешавад, ки то куҷо худро шинохтаӣ, рисолати инсонии худро дарк кардаӣ ё не. Зиндагӣ маҳруми такрор аст, дар он чӣ гуна ҷилвае доштан муҳим аст.

- Зодгоҳи Шумо деҳаи зебоест бо номи Сурхакчашма. Дар он ҷо чӣ рӯзгореро пушти сар намудед?

- Замоне шеъре навишта будам бо исми «Аз шаҳри сапедорон», ки мисраъҳои зерин аз он аст:

Ман аз шаҳри сапедорони Сурхакчашма меоям,

Ки он ҷо аз зулоли обҳо гулвожаҳои ишқ мерӯяд,

Ки дар он ҷо париён бо навои обшорон мераванд арғушт,

Ки он ҷо осмон обитар аз об аст,

Ки он ҷо хонаи хуршеду маҳтоб аст...

Ман дар ҳамин деҳа то имрӯз зиндагӣ мекунам ва ҳар субҳ ба шаҳр саломи меҳрубониҳоро меорам.

- Шумо Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардаед. Чӣ шуд, ки кор дар риштаи рӯзноманигориро интихоб намудед?

- Маро дӯстонам ташвиқ карданд, ки рӯзноманигор шавам. Корро аз мусаҳҳеҳӣ дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» сар кардам. 

Ворис шоири ҳамабину нозукбин ва ҳассос аст. Шеъри ӯ амсоли шаҳпаракҳои зарринбол аст, ки дами субҳгоҳӣ бол мекушоянд ва дар фарози дашту дамани сабзгуна ба парвоз меоянд. Ин шаҳпаракҳо ба ҳар гул намешинанд ва ҳар гулу буттаро намеписанданд. Балки боғу роғҳо, чаманистону ниҳолаконро тамошокунон коми дил мебароранд, нафас мекашанд, хумори дилашон боло мегирад ва оқибат ҷустуҷӯкунон буттаи дӯстдоштаашонро дармеёбанд.

Маҷид Салим, нависанда

- Шумо солиёне сармуҳаррири идораи адабиёт ва ҳунари Радиои Тоҷикистон будед. Муддате ба ҳайси муовини раиси телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон» кор кардед. Ҳоло хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» ҳастед. Матбуот, радио ва телевизион - кадоме масъулияти бештар талаб мекунад?

- Кор ҳам дар матбуот ва ҳам дар радио масъулияти баланд мехоҳад. Журналист бояд инсони огоҳ ва бедор бошад. Ҳар сухане, ки мегӯяд, ҳар ҳарфе, ки менависад, ҳадафманд, бо далел ба аудитория манзур гардонад. Рисолати хешро дар баробари ҷомеа ҳис кунад.

Ворис ба шеъри муосири тоҷик мисли як чашмаи зулолу ором, ки аз буни як санг меполад, ҷорӣ мешавад, ворид мешавад ва ин чашма чӣ қадар оби ширину гуворо дорад ва чӣ қадар зулол аст. Шеъри ӯ мисли ҳамон чашмаи зулол аст, ки ҳар ташнаи калом мехоҳад аз он ба серӣ бинӯшад.

Муҳаммадалии Аҷамӣ, шоир

- Шумо камтар шеър мегӯед. Чаро? Дар ҳоле ки майдони адабиёт бештар ба шоирони варзидаю пуртаҷрибае чун Шумо ниёз дорад.

- Гоҳе фикр мекунам аз пур гуфтан кам гуфтан беҳтар аст. Ман ҳамеша мекӯшам дар гуфтани шеър ба дилам гӯш диҳам, ҳарфи диламро гӯям. Дил ки хонаи дӯст аст, ҳеҷ гоҳ фиреб намекунад, дурӯғ намегӯяд.

Чароғи маърифат афрӯз, эй дил,

Аз он нуре ба ҷон андӯз, эй дил.

Чӣ фонусҳо, ки аз ғафлат бимирад,

Агар хоҳӣ намирӣ, сӯз, эй дил.

- Максим Горкий мегӯяд: «Асари бадеӣ маҳсули як фоиз илҳом ва наваду нуҳ фоиз заҳмат аст». Устод Бозор Собир ҳам тарафдори андешаи Горкий буд. Шумо тарафдори кадомин андешаед? 

- Илҳом ва заҳмат даст ба дасти ҳам медиҳанду шеър тавлид мекунанд, асари наққошие меофаранд. Ин ду якдигарро пур мекунанд, ба ҳам ёрӣ мерасонанд, то эҷодкор асари хубе бинависад. 

- «Пайкари сабр» унвон дорад як шеъри Шумо. Оё Ватан низ пайкар дорад ва мешавад онро тарошид?

- Оре, гоҳе чунин ба назар мерасад, ки мо ҳама пайкаратарошем, пайкари худро ва пайкари Ватанро ҳам метарошем. Гоҳе хуб ва гоҳе бад ин корро мекунем. Пайкари худ ё Ватанро тарошидан ба маънии сохтан, бунёд кардан аст.

Метарошам пайкари сабри Ватанро,

Нақши дилро мекашам дар чодари ҷон.

Он ки бошад чодари номуси тоҷик,

Он ки бошад чодари ихлосу имон.

- Калимаҳои симурғ ва гург дар эҷодиёти Шумо бисёр ба назар мерасанд? Зери ин калимаҳо чӣ рамзе ниҳон аст?

- Симурғ символи бузургест, ки аз он ниёгони мо ба хубӣ истифода кардаанд. Ин мурғ рамзи хирад, дониш, қудрат, шуҷоат, наҷобат, шарофат ва зебоӣ аст. Ман симурғро чун рамзи тоҷикият мешиносам. Намоди ин мурғ ба мо мегӯяд, ки мо миллати бунёдкор, хирадманд, бодониш ва шуҷоъ ҳастем. Агар дар шеър ҷое аз симурғ ёд кардаам, ба ҳамин маъност.

Дар бораи гург бошад, мисраъҳои зерин ба суоли Шумо посух мегӯяд:

Модари ман

Дар миёни гургҳои кӯҳ

Гургаке дошт, гурги кокулдор.

Пуштибонаш галлаи гургон,

Ҳам мазори Чилтани Хучилдиёр.

Ӯро ҳаргиз чунин ғамгину дилшикаста надида будам... Огаҳ аз андуҳи ғуссабораш, бо ҳамдардӣ тасаллояш додам:

- Чӣ илоҷ. Ҳамаи мо як-як бо навбат меравем. Азизтарини мо дар дунё модар асту чӣ бояд кард, ки азизтаринҳо низ мераванд. Ба маънии мақбул оҳиста сар такон доду банохост гӯё ҳама дарди ҷаъмшудааш аз дили абри аламҳо ба як бор аз нав рӯ зад, ки сабук лаб газиду бо садои хаста боронвор рехт...

Латофат Кенҷаева, адиб

- Ҷое гуфтаед домони модар гӯшаи дунёест, аз даст ки рафт, дунё зи дастат меравад...

- Ва боз ҳам мегӯям:

Модарам боғест,

Рӯи ҷонамози пургули хеш

Ва ман

Як хӯша ангури ғазал дар боғ.

- Падаратонро хеле барвақт аз даст додаед... 

- Модари мушти пари ман

Бо зулоли ғуссаҳояш қатра-қатра об мешуд,

Боғи моро шабнами андуҳи модар пок мешуст.

Модари ман

Ҷонамози баргҳоро тоза мекард,

То малоик рӯ зи боғи мо натобад.

Модари ман, аз раҳи худ хор мечид,

То ки мо хорӣ набинем.

Чодари номуси дунёро ба сар дошт.

Шахсиятест суннатӣ бо чеҳраи хушу лаҳни ширинаш, бо табассуми ба худ хосаш, бо каломи шаҳдрезаш сомеъро мафтун месозад. Ҳар нияте, ки дар дил дорад, дар чеҳрааш ҳувайдост. Ба қавли азизони дил, Вориси мо ҷони одам аст...

Умари Шерхон, публитсист  

- Эҳсоси танҳоӣ дар ашъоратон баръало ҳис мешавад. Ин эҳсос оё бо дард омехта аст?

- Фарзона танҳоиро хеле хуб баён кардааст:

Танҳоии доноён бехотима хоҳад буд,

Ҳаргиз нашавад хуршед озод зи танҳоӣ.

 Як инсони огоҳ ва фарзона дар баробари бедардӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва ғафлатзадагон худро танҳои танҳо ҳис мекунад, аммо танҳоӣ бо худ хилват кардан низ ҳаст. Инсон дар хилвати хеш метавонад ба худ ва ба Ҳақ бирасад, ба ӯ роз бигӯяд. 

Ҳамсуҳбаташро чунон бодиққат ва ором гӯш мекунад, ки бисёр вақт ба ҳангоми суҳбат кас аз худаш шарм медорад. Ғазабашро ками андар кам вомехӯред. 

Маҳмудҷон Усмонов, рӯзноманигор

- Агар шеър намешуд, зиндагӣ чӣ гуна мебуд?

- Зиндагӣ дар ин коиноти ба назари мо нопайдоканор бе мо ҳам идома меёбад. Неку бади ҳаёт аз вуҷуди мо мерӯяд. Шеър пайғомест аз дунёи ношинохтаҳо, нодидаҳо ва ногуфтаҳо, ки меояду худро месозад. 

- Худшиносӣ, яъне чӣ?

- Масъалаи худшиносиро дар ду-се ҷумла баён карда намешавад. «Ман кистам? Бори чӣ рисолатеро бар дӯш дорам?» Чӣ гуна ба огаҳӣ бирасам? Дар офариниш мани инсон чӣ ҷойгоҳе дорам?» Инҳо суолҳое ҳастанд, ки аз мо посух мехоҳанд ва касе ба ин пурсишҳо ҷавоб ёбад, ӯ ба худ мерасад, мақоми инсониашро мешиносад. 

- Инсон чӣ гуна ба камоли одамӣ мерасад?

- Қадами аввали расидан ба камолу ҷамоли хеш боз ҳам ҳамон худшиносист. Яъне, инсон, пеш аз ҳама, ҳақиқати худро дарёбад, он гоҳ ба ҳақиқати ин дунё, муҳите, ки дар он зиндагӣ мекунад, одамоне, ки ӯро иҳота кардаанд, даст меёбад. Масъалаи муҳим дар назди ҳар инсон ба шинохт расидан аст. Мо бояд ба ғафлат роҳ надиҳем. Ғафлат тилисмест, ки пои моро мебандад, пари парвози моро месӯзад. Устод Рӯдакӣ ба мо ҳушдор медиҳад:

Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,

Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.

Бӯи ҷигари сӯхта олам бигирифт,

Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост.

Мусоҳиб Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Cадои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: