Душанбе ба ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и бунёди «Роҳи абрешим» сазовор гардид

№141-142 (3621-3622) 15.11.2016

М УБАЙДУЛЛОЕВ11 ноябри соли 2016 дар доираи баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон — барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар пойтахт Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Бунёди «Роҳи абрешим» –и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Шао Чанчун ва мушовири Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба масъалаҳои бехатарӣ ҷаноби Ченг Гуопингро бо ҳайати меҳмонон ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот бо сипосгузорӣ аз пазиройии самимӣ ҷаноби Шао Чанчун ба Маҳмадсаид Убайдуллоев мужда расонд, ки шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни шаш шаҳри баргузидаи ҷаҳон, аз қабили Рим (Италия), Афина (Юнон), Ашқобод (Туркманистон), Боку (Озарбойҷон) ва Бишкек (Қирғизистон) бо раъйи ҳайати ҳакамони озмуни ҷаҳонӣ  ба ҷоизаи  «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди  «Роҳи абрешим» сазовор дониста шуд.

Зикр гардид, ки шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён, гуфтугӯйи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ  бо ҷоизаи мазкур сарфароз гардонида шуд ва умед аст, ки дар ин самт роҳбарияти Душанбе ва сокинони он минбаъд низ иқдомоти беназири оламшумул анҷом медиҳанд.

Сипас, ҷаноби Ченг Гуопинг – раиси ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» дар ваъзияти тантанавӣ ҷоизаи зикршударо ба Маҳмадсаид Убайдуллоев супорид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» сарфароз гардидани шаҳри Душанберо самараи заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдорию пайравии бесобиқаи сокинони пойтахт ва аҳли ҷомеа аз ин сиёсат маънидод намуда, афзуд, ки ин шарафи бузург аст ва аз роҳбарияти шаҳр, сокинону институтҳои шаҳрвандии пойтахт масъулияти бештарро ҷиҳати таъмини зиндагии арзанда, барои ҳар як нафар ва волоияти қонун  тақозо менамояд.

Ш. САИДОВ